Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Қазоқистон дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.

Сарони давлатҳо зимни изҳори назар оид ба раванди рушди афзояндаи ҳамкории ҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон, масъалаҳои алоҳидаи муносибату ҳамкориҳои ду давлатро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ба баррасӣ гирифтанд.

Ду ҷониб дар робита ба идомаи саъю талошҳо ҷиҳати пешбурди босамари равобити ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.

Дар зимн Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамзамон оид ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.

Add comment


Security code
Refresh