Маросими тантанавии гусели даъватшавандагон

4 октябри соли 2023 дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшавандагон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ иброз дошт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад. Зеро тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст.

Таъкид карда шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот ва амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд, ки ҳамаи мо шоҳиди ин падидаи нек ҳастем.

Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва рўҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити имрўза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. Падару модарон боварӣ ҳосил намудаанд, ки шароити хизмат ва зисту зиндагонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сол то сол рў ба беҳбудӣ оварда, барои сарбозону афсарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаааст.

-Корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузор гардида, боиси он шуд, ки мо имрўз 1500 нафар ҷавонони ватандўстро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел менамоем. Боиси қаноатмандист, ки тавассути ғайрату матонати ҷавонони баору номус ва дастгирии падару модарони изатманд дар рӯзи нахустин Ҷамоаҳои деҳоти Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара, Саразми шаҳри Панҷакент, Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Деҳмой ва Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, Меҳробод ва Ориёни ноҳияи Ашт ва Фондарёи ноҳияи Айнӣ аз ўҳдаи иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбаландӣ баромаданд.

Аз чеҳраи хандон ва тинату рафтори ҳар як нафари ҳозиршуда аён аст, ки ҳамаи шумо хизмат кардан ба Модар-Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонед. Ман аз номи худ ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи чунин фарзандони ватандўст ва бо ору шуҷоъ изҳори сипос менамоям,-илова намуд роҳбари вилоят.

Раиси вилоят ба даъватшавандагон ва муҳофизони шуҷои Ватан дар таъмини рисолати бар дўш доштаашон муваффақият хоста, роҳи сафед орзу намуд.

Сипас, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, даъватшавандагон ва волидони онҳо хушҳолӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh