БА ОЯНДА НЕК БОЯД НАЗАР ДӮХТ

Пешрафт, тараққиёти рӯзафзуни кишварро дида, андеша меронам, ки онро нодида гирифтан камоли нодонист. Зеро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дастовардҳою пешрафтҳои гуногуни иҷтимоиию иқтисодӣ ба назар мерасанд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Мардуми тоҷик ба дини мубини Ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва инсондӯстӣ рӯй овардаанд.

Дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурӯҳҳое, ки дар дил ниятҳои нопок доранд, алҳол гӯё як такягоҳ шудааст. Онҳо худро имрӯз дилсӯзи Ватану мардум эълон дошта, байни омма иғвобарангезӣ менамоянд. Агар имрӯз аъзои ТТЭ ҲНИ чун гуфтаҳояшон ватандўсту ватанпарвар мебуданд, ба манфиати кишвари худ ва ҷамъият фаъолият мебурданд, барои ояндаи кишвар ва якпорчагии Тоҷикистон меҳнат мекарданд, аз нӯги нохун чирк намекофтанд.

Мутаассифона, аъзои ин созмони ифротгаро ба ташкили ҳар гуна гурӯҳу гурӯҳчаҳо машғул шуда, даст ба ҷиноят мезананд. Мо дар ин радиф дар роҳи тинҷию оромии давлатамон ҳамчун аъзои ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки мардуми сарзамини мо дигар ба нобасомониҳо роҳ намедиҳад.

 Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем. Бояд баҳри ободии ҷомеа ва гул‐гулшукуфии Ватани азизамон меҳнати содиқона карда, бар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муборизаи беамон барем.

Нагузорем, ки андешаҳои нопоки ифротиён ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба зиндагии орому осоиштаи мо халале ворид созад. Аз ин рӯ, мо ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободию осоиштагии мардуми кишвар, якпорчагии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем. Муқаддасоти кишварро азизу гиромӣ дорем.

Ҳамзалӣ ВАҲҲОБЗОДА,

нотариуси давлатии Идораи

 нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh