Таҷлили 29 - умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4-уми ноябри соли 2023 бахшида ба 29 - умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, адибон, аҳли зиё, олимону устодони муассисаҳои олӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони ватандўст ва сарбаланди вилоят табрик гуфта, илова намуд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт гардидааст. Зеро дар ин рўз нахустин маротиба дар таърихи давлатдориамон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон аз қабули ин санади сарнавиштсоз 29 сол сипарӣ мешавад.

Таъкид карда шуд, ки мардуми Тоҷикистон 29-сол муқаддам таҳти сарварии хирадмандона ва роҳнамоиҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Конститутсия барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошта, роҳи минбаъдаи рушди ҷомеаи кишварро дар ҷодаи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян намуданд.

Туфайли ин санади муқаддас ва тақдирсоз халқи Тоҷикистон худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пуштибони соҳибихтиёрии давлати худ, эҳтиромгузори ҳуқуқу озодиҳои шахс ва истиқлоли давлатҳои ҷаҳон, таҳкимбахши дўстии тамоми халқияту миллатҳо ва бунёдгари ҷомеаи адолатпарвар эълон доштанд.

Бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи тоҷик аз нахустин рўзҳои истиқлоли давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, ба хотири ободии Ватан корҳои бузурги созандагӣ ва ободониро амалӣ намуданд.

Натиҷаи ғамхорӣ нисбат ба халқу миллат, дилсўзӣ барои ободонии Ватан ва заҳмату талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки кишвари азизамон тайи солҳои охир соҳиби дастовардҳои бузург гардида, дар арсаи байналхалқӣ мавқеи устувори худро пайдо намуд ва сатҳи зиндагии мардум рўз аз рўз беҳтару хубтар, симои кишвари азизамон боз ҳам зебову дилработар мегардад.

Таҳия ва қабули Конститутсияе, ки воқеан ҳам ба таври куллӣ ифодакунанда ва ҳимоятгари манфиатҳои шаҳрвандон, тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик танҳо пас аз расидан ба истиқлоли давлатӣ муяссар гардид. Ин санади сарнавиштсоз барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Аз ин лиҳоз, арзиши баланди ин ҳуҷҷат, пеш аз ҳама дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллии он зоҳир мешавад. Яке аз моҳиятҳои сиёсию ҳуқуқии Конститутсия ин арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он мебошад. Яъне ба афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷўҳи хоса дода, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд қонунан мустаҳкам мегардад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он мардуми кишварро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ имконпазир гардид. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин иштирокашон дар фаъолияти онҳо кафолат дода шуд.

Нақши дигари таърихии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Тазаккур дода шуд, ки дар марҳалаи кунунӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпараст он аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси истиқлоли давлатӣ ҳамеша талош намояд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh