Ифротгароӣ – таҳдид ба амнияти ҷомеа
- Details
- Published on Friday, 17 November 2023 12:44
Айни замон мубориза бо гурўҳҳои террористӣ вазифаи як кишвар нест, балки амали дастаҷамъона мебошад. Қобили зикр аст, ки терроризм ҳам ба кишварҳои пешрафта ва ҳам ба кишварҳои дар марҳалаи рушд ва ташаккул қарордошта дахл дошта, ба амнияти миллӣ хатари азим ба ҳисоб меравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо афзоиши ифротгароӣ ва терроризм рӯбарӯ шуда, чи аз нигоҳи муборизаи амалӣ бо ин падидаҳо ва чи аз нигоҳи дарки назариявии онҳо роҳҳои раҳоӣ меҷўяд.
Ҳадафи экстремизм вайрон кардани муносибатҳо ва арзишҳои дар ҷомеа муқарраршуда буда, мисли ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дорои хусусиятҳои муайяни хоси худ аст.
Терроризм ҷинояти вазнин ба ҳисоб меравад, ки гурӯҳи муташаккили одамон бо роҳи зӯроварӣ ба ҳадафи худ расидан мехоҳанд. Одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, аксар вақт қурбони терроризм мешаванд. Ҳамлаҳои террористӣ боиси талафоти зиёди одамон нобудшавии арзишҳои моддӣ ва маънавӣ мегардад. Имрўз ифротгароён шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ аз ҷумла интернетро маҳз бо мақсади ҷалб кардани аъзои нав ба созмонҳои террористӣ ба кор мебаранд. То он даме, ки ин манбаъҳо вуҷуд доранд, таҳдиди кирдорҳои тахрибкор давом хоҳад кард. Дин аксар вақт ҳамчун воситаи ҷалбкунӣ ва воситаи пурзӯр кардани низоъҳои байни динҳо истифода мешавад.
Гурўҳҳои радикалии ислом усулҳои зӯроваронаи паҳн кардани ин эътиқодро таблиғ мекунанд.
Фаъолияти гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби давлат ва мақомоти ваколатдори он бо омода ва амалӣ намудани системаи маҷмӯии чорабиниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ - иқтисодӣ,
иттилоотӣ, тарбиявӣ, ташкилӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва дигар чорабиниҳо пешгирӣ карда мешавад. Вазъи байналмиллалӣ ва афзоиши таҳдидҳои террористиву ифротӣ андешидани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати ҳифзи субот дар ҷомеа ва муқовимат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ тақозо мекунад. Терроризм бо тамоми шаклу зуҳуроташ, бо миқёс ва шиддати худ, бо амалҳои ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи худ имрӯз ба яке аз мушкилоти тезутунд ва мубрами дорои аҳамияти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳама зуҳуроти терроризм боиси талафоти омма мегардад, арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва фарҳангӣ нобуд мешаванд, ки дар тӯли садсолаҳо дубора эҳё карда намешаванд. Аз ин рӯ, барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ тамоми чораҳоро андешидан зарур аст.
Мо, омӯзгорони кафедраи электроника барои пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодию сиёсии кишвари азизамон камар баста барои шукуфоии ҷумҳуриамон саҳми худро мегузорем.
Набуватхон БОБОЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров