МАЪЛУМОТҲОИ СОХТАКОРОНАИ ХОИНОН АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои охир раҳбарияту ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ”, ки ба хориҷи кишвар фирор намудаанд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд.

Яке аз чунин афрод Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бештар тавассути сомонаи “ISLOH TV” баромадҳо намуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолро нодида гирифта, Ҳукумати кишварро беасос ба ҳаргуна гуноҳҳо айбдор менамояд.

Масалан, дар давоми моҳҳои сентябр ва октябри соли равон Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакону думраваш дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир баромад намуд. Ин афрод айби худ, амиқтараш бешарифиашро руйпуш намуда, бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч, умуман бо маълумотҳои бардурӯғи бедалел ва сафасатаҳои номуайянро паҳн карда, худро бегуноҳ нишон медиҳад. Ин қабил ашхос ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Хулоса, имрӯз роҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст задан кӯшиш доранд. Умуман маълумотҳои сохтакоронаи хоинон аён аст!

Мо борҳо зимни андешаамон гуфта будем, боз мегӯем, ки кӯшишҳои навбатии хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ҳар фарди борору номуси миллат, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

Ҷавонони даврони соҳибистиқлол минбаъд аз дируза дида имруз бояд кӯшиш намоянд, ки кишвари ободгаштаистодаи хешро боз ҳам ободтар намуда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созанд. Ин ҳама навиштани андешаро мо аз рӯи ҳавову ҳавасе не, аз рӯи васфу лагандбардорӣ бар касе не, балки аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаему, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем, зеро ин худ неъмати Иллоҳиву бебаҳоест, ки мо миллати тоҷикро бо рушду тарақиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.

Д. ШАРИПОВ,

сармуаллими кафедраи

тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh