ЭМОМАЛӢ РАҲМОН –ҲОМИИ МИЛЛАТ

Дар таърихи миллатҳо дар ҳама давру замон роҳбароне сари қудрат омаданд, ки бо ҳукмронӣ ба таҳаввулоти нодиру ислоҳоти васеъ дар самти таъмини рушду пешрафт ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум асос гузоштаанд.

Барои халқи шарифу сарбаланди тоҷик чунин Роҳбар ва Сарвари хирадманду ҳаким дар таърихи навини давлатдорӣ инъом гардид, ки туҳфаи нодиру олитарини рӯйдоди муҳими таърихӣ–Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар, ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд.

Мусаллам аст, ки ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои барои халқи тоҷик ҳассос ва муташанниҷ ба вуқуъ пайваст. Дар он замон масъулияти роҳбариро ба уҳда гирифтан аз шахс ҷасорати баландро талаб менамуд. Зеро касе кафолат дода наметавонист, ки Роҳбари он замон барои Тоҷикистон муҳим ва зарур зинда монда метавонад. Аз ин ҷост, ки таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Роҳбари ҷасуру қавииродаро шоҳид гардид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷикро тармим намуда, сохтмони онро дар пояҳои устувору қавии сифатан нав таҳким бахшиданд. Эмомалӣ Раҳмон воқеан чеҳраи маъруфи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, соҳиби ақлу фаросат, дониши истеъдоди нодири фитрӣ, модарзодӣ ҳастанд. Шахсияте, ки дорои азму ғайрат, кӯшишу талошҳои пайгирона, собитқадамона, ҳадафрас дар роҳи пиёдасозии мақсаду мароми худ мебошанд, ин зода ва парвардаи ҳавсала ва завқу салиқаи хос ва усулу кору пайкорашон чун сиёсатмадори нодир мебошад.

Мусаллам аст, ки дар таърихи тамоми миллатҳо дар ин ё он замон сарваронеро метавон пайдо намуд, ки бо корнамоиҳои худ баҳри пешрафти давлат саҳми мондагору таърихӣ гузоштаанд. Ин ҷо метавон аз номи абармардони сиёсат, шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон–Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун ва Туркия Мустафо Камол хотиррасон шуд, ки дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 2-юми августи соли 2011, №753 (бо тағйиру иловаҳои соли 2016) 16-уми ноябр ҳамчун Рўзи Президент таҷлил мешавад.

Муҳимияти таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Роҳбари давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Қобили тазаккур аст, ки сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ ва рамзу анъанаҳои миллӣ таҷассум меёбад.

Ҳамаи ин заминаи муҳим барои дарки худшиносӣ ва комёб гардидан ба пешрафту дастовардҳои кишвар мебошад. Аз ин рў, «Рўзи Президент», ки 16-уми ноябри соли равон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, иқдоми некест, ки барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлоли пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат заминаи устувор  мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат» дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа дар Тоҷикистон марҳалаи нав ба миён овард. Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ин нишонаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат мебошад. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии кишвар, пойдории сулҳу салоҳ, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонистанд ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гарданд.

Эътирофи шахсият ҳамчун Президенти кишвар, Пешвои миллат, пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсияте ҳастанд, ки шуҷоатманд ва иродаи қавӣ доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне ҳастанд, ки ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил ба миллат бахшида, сабру мулоҳиза ва бурдбориро пешаи кори хеш медонанд. Сарвари давлат нафаре мебошанд, ки дар хонаводаи марди меҳнатдўст ба воя расида, то 40-солагӣ дар байни мардуми оддӣ меҳнат ва фаъолият намудаанд. Шояд сири нуҳуфтаи кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва маҳбуби халқ будани ин марди дунёи сиёсат дар ҳамин фазилатҳо бошад.

Бояд гуфт, ки чунин инсонҳои шарифу шуҷоъ ҳамеша дар вазъиятҳои гуногун сарнавишти мардуми худро ба хубӣ дарк ва муайян намуда, номи неки худро дар зеҳн ва тафаккури мардум барои ҳамеша ҷойгузин мекунанд.

Ҳамаи ин далолат аз он менамояд, ки имрўз  мо ва билхоса, ҷомеашиносон бояд ба тадқиқ ва таҳлили масъалаи фаъолияти бурдборонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ва масъалаҳои ба он вобаста ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳ дошта бошем. Рўзи Президент ҷашнест, ки барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлоли сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

Хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеа, тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохторҳо ва ниҳодҳои Ҳукумат, ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об, таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум аз хидмати таърихиву мондагор ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Мо ҳамеша шоҳид ҳастем, ки Роҳбари хирадманду оқил ва фазилатманди тоҷик ғамхору дастгир ва ҳомии қишри ниёзманди ҷомеа–ятимону бепарасторон мебошанд. Муҳаббат, иродат, самимият ва садоқати мардум нисбат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз хислатҳои наҷиб, заминиву самимияти худашон маншаъ мегирад. Ба таъбири дигар, Пешвои муаззами миллат ҳамеша бо халқ, барои халқ ва дар миёни халқ ҳастанд, ки ҳамчун ҳомии давлату миллат барои насли имрӯзу фардо намоди ибратбахш боқӣ хоҳанд монд.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,

муовини якуми Вазири маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh