Кафили сулҳу ваҳдати миллӣ

Пешвои миллат ҳамчун рамзи пойдориву давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд.

Бо назардошти хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Дар натиҷаи фаъол гаштани сиёсати хориҷӣ дар асоси сиёсати «дарҳои кушода», ки муаллифи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, Тоҷикистон вориди арсаи равобитаи байналмилалӣ шуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон ва ғайра тақвият бахшиданд. Бо эълони сиёсати «дарҳои кушода», кишвар на танҳо мақому нуфузро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муарифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кард.

Ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу  минтақавӣ аз ҳадафҳои  дигари пешбарандаи муҳими Роҳбари тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Бархе аз лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ, энергетикӣ, инфрасохторӣ таҳия ва татбиқ гардиданд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоидро фароҳам оварданд. Натиҷаи ҳамин дастовардҳост, ки ҳоло Тоҷикистон бо 179 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассир дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Бо қадрдонӣ аз ин заҳматҳо Пешвои миллат дар дохил ва берун аз кишвар барои саҳми арзанда дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани чандин унвону мукофотҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо», Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер, Ҷоизаи олии ҷамъияти «Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср»-Ордени нахустин алмосдори «Ситораи сарпараст», Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон –Аҳмадшоҳи Масъуд», Медали тиллоии давлати Миср, Ситораи ёқути сурх «Миротворетс» (Сулҳовар), мукофоти олии Федератсияи Россия - ордени Александр Невский ва боз бо якчанд дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Муждаи корнамоӣ, ташаббус, фидокорӣ, вафодорӣ, сулҳофарӣ, қавииродагӣ ва мардонагию далерии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ болидаруҳона  истиқбол карданд. Раиси Маҷлиси Уммаи давлати Кувейт Марзук Алӣ ал-Шаним дақиқназарона зикр намудааст: «Мардуми дунё бояд аз шумо, тоҷикон, қадрдонию эҳтироми Сарварашон-Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат-умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».

Ба қавли собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд». Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин низ бо тақвияти ин суханҳо баён доштааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чӣ, ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои дигар халқу миллатҳо намунаи ибрат аст».

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл Пешвои миллат, маҳбуби ҳама ва қаҳрамоне мебошанд, ки ният ва маромашон тинҷиву оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Пешвои миллат кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллиест, ки бо ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.

Ботини поку нияти холис, муҳаббати самимӣ ба халқу Ватан яке аз сарчашмаҳои асосии дастовардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошад, зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин савгандёдкунӣ дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор доштанд: «Агар лозим шавад, бар ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».

Бо ин мақсад ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри ҳар зарра хоки сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ, ба қадри шоҳкориҳои азими аср бирасем. Баҳри боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар сарбаландона фаъолият намоем. Истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару созанда сабақи мардонагӣ гирифта, баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон дар паҳлӯи Пешвои миллат содиқона хизмат намуда, бовафо ва бо қавлу амал бошем.

Бинобар ин бо қадрдонӣ аз Ватану миллати бузург, мардуми шарифи Тоҷикистон набояд фаромӯш кунанд, ки муваффақиятҳое, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба амал омаданд, ба ном ва хизматҳои шоёну беназири Пешвои миллат пайванд буда, дар китоби таърихи зиндагии халқ абадан сазовори эътимоду боварӣ боқӣ мемонанд.

Ғафурҷон ЗОИРӢ,

номзади илмҳои таърих,

шаҳри Бўстон  

Add comment


Security code
Refresh