Фирефтаи ифротиён набошем

Мисоли аёни тафсири нафарони бадсиришт бидуни шубҳа тоифаи ифротгароёни ТТЭ ҲНИ мебошанд. Зеро, дар Аврупо бо маблағи куффор зиндагӣ доранду луқмаи ҳалоли заҳматқаринони макони зодгоҳашонро маззамат  кардаву санги маломат ҳаво медиҳанд. Дар асл, ин гумроҳон лоиқи таваҷҷуҳу эътибор ҳам нестанд. Вале, баҳри ҳифзи дастовардҳои миллии даврони соҳибистиқлолӣ месазад, ки ба ин тоифаи хиёнатпешаи ватангадо муқовимат кард. 

Ҳангоми мутолиаи ахбороти тоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибватане бо завқи том ҳикояте ривоят намудааст, ки бардоштани хулосаи маънӣ бар дӯшу ҳаволаи виҷдони фарди солимандешу ватандӯст мебошад. Чун, моёнро касе, ки луқмаи нон бидиҳад, ҳаргиз ва ҳеҷ вақт хиёнат нахоҳем кард. Аммо, хоинони ватан хуб медонанд, ки Ватан баробари Модар аст, арзиши эҳтиром ба онон нангу номус  аст, вале  боз хиёнат мекунанд, санги маломат ба сӯи Ватан – Модар ҳаво медиҳанд.

Яқин аст, ки ин ифротиён дар кадом кунҷи сайёра набошанд, душмани марзу буми ватанӣ, мардуми заҳматпешаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд. Бинобар ин, мардуми кишвар, алалхусус, насли ҷавон бояд фирефтаи макру фиреб, найрангу ҳиллаҳои ин хоинон нашаванд, қадршиноси арзишҳои  муқаддас – ватандӯстиву меҳанпарастӣ бошанд.

Мурод СОБИР,

шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh