Раҳнамои ояндаи дурахшон

Саодати мардуми тоҷик аст, ки пайваста дар поёни сол Паёми Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дурнамои соли дигар ва раҳнамову ҳидоятномаи мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони олам манзур мегардад. Баҳои баланди Пешвои миллат ба натиҷаҳои соли 2023, новобаста ба мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, аз он шаҳодат медиҳад, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат ба равандҳои фаъолияти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ва махсусан, минтақа хеле назаррас мебошанд ва ин муваффақиятҳо барои ворид гаштан ба марҳалаи комилан наву дигаргунаи пешрафтҳо заминаҳои устуворе хоҳанд гузошт.

Таҳлили дақиқу амиқ ва ҳамаҷонибаи фаъолияти иқтисодиву саноатӣ, иҷтимоӣ, вазъи сохтмон, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, иҷрои барномаҳои марбут ба саноатикунонии кишвар ва амсоли ин низ гувоҳ бар ҳақиқати андешаҳои санҷидаву мустанади Пешвои миллат дар мавриди натиҷагириҳои муваффақона аз соли рафта ба шумор мераванд.

Муҳимтарин ҷанбаи Паёми мазкури Пешвои миллат, ки мавриди истиқболи мардуми кишвар ва тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифт, фарогирии масоили куллии ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир, чун хушксоливу тағйирёбии иқлим тавассути сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, такмили низоми ахлоқӣ, покизагии фазои зиндагонӣ ва расидан ба тарзи зиндагонии ҷавобгӯ ба тамоми мизони маърифат ва андешаву ахлоқи башарӣ ба шумор меравад. Андешаҳои Пешвои миллат дар иртибот ба масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, хоса шинохти қадри модар, хидмат ба ин офаринандаи инсон дар ҷаҳони омадшуд бо шеваи хоси ҳакимонаву донишварона моро ба ёди каломи бузургону мутафаккирони барҷастаи адабиёти гузаштаамон мебарад.

Ин ҳикмат ва андеша бори дигар собит месозад, ки таҷрибаҳои ҳосилшуда аз мулоқоту суҳбатҳо бо мардум дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба тамоми манотиқи кишвар Пешвои миллатро ҳамчун шахсияти ватандӯст, инсонпарвар, соҳибназару соҳибфазилат муаррифӣ менамояд ва ин андешаву афкор дар оянда ба хазинаи ҳикмати ҷовидони миллати тоҷик ворид шуда, дар такмили ахлоқи башарӣ чун андарзи абадӣ ҳазорсолаҳо хидмат хоҳад намуд.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи истифодаи имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии кишвар бо мақсади пешрафтҳои назарраси иқтисодӣ қобили мулоҳиза мебошад. Хоса, руҷуъ ба унсурҳои фарҳанги бостонии тоҷикон ва мусоидат дар ташаккули онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин имконияте ба шумор оварда шуд, ки ба раванди такмили ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари сайёҳон таъсиргузор хоҳад буд. Ба феҳристи фарҳанги моддӣ ва маънавии ЮНЕСКО ворид шудани 15 ёдгории таърихӣ худ далели возеҳи анҷоми барномаҳои бузург дар ин арса ба шумор меояд. Дар иртибот ба раванди боз ҳам такмил бахшидани корномаҳои бузург дар ин арса Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад”.

Таъсис ёфтани чунин ниҳоди муҳим дар низоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меоварад, ки масъалаи ҳифз ва таҷдиду тармими ёдгориҳои таърихии кишвар дар сатҳи нав ба миён гузошта шуда, муҳимтар аз ҳама ин мероси бузурги фарҳангии миллати мо дар баробари муаррифӣ ба ҷаҳониён аз ҷумлаи муҳимтарин аркони рушди сайёҳӣ барои равнақу ривоҷи он бештар таъсиргузор ояд. Руҷӯи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ аз нукоте арзишманд ба шумор меояд, ки ҷанбаҳои маънавии Паёмро боз ҳам барҷастатар ба намоиш мегузорад.

Дар меҳвари ин дастуру раҳнамоиҳо боз ҳам таваҷҷуҳ ба масъалаи такмили савод ва маънавиёти ҷомеа қарор гирифт ва аз ҷумла таъкид шуд, ки маҷмӯи тадбирҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла баргузории чандин озмунҳои маърифатӣ дар кишвар маҳз ба хотири такмили маърифат ва маънавиёти мардум аст.

Вобаста ба ин, дар назди омӯзгорону устодон, донишмандону олимон вазифаҳои муҳим гузошта шуд, то ки дар оянда ҷиҳати тарбия ва камолоти шогирдон, омода намудани олимон дар риштаҳои улуми дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ иқдомҳои шоиста намоянд. Баробари ин, баланд бардоштани сифати таълим, таваҷҷуҳи хоса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот омили муҳими такмили маънавиёти ҷомеа ва меъёри мутобиқгардонии низоми таҳсилот дар Тоҷикистон ба низомҳои пешқадами ҷаҳони муосир ба шумор оварда шуд.

Нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, ки бо чунин густардагӣ ва фарохдоманӣ баён ва шарҳу тавзеҳ ёфтанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар заминаи ба амал пайвастани онҳо саодатҳои бештар мардуми кишвари мо ва тамоми тоҷикони ҷаҳонро интизор аст.

С.САЙФИДДИНОВ,

муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ

ва ҷисмонии факултети № 4,

Академияи Вазорати корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия

Add comment


Security code
Refresh