Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр

Фарорасии Иди саиди Фитрро ба сокинони вилоят самимона табрику муборакбод гуфта, ба кулли ҳамватанон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои нек муваффақияту дастовардҳои беназир таманно менамоям.

Иди саиди Фитр ифодагари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накўкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Басо рамзист, ки дар ин рўзҳои пурфайзи баҳорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти овозадори Суғд ташриф оварда, дар ифтитоҳи чандин иншооти ҳаётан муҳими дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ иштирок намуда истодаанд.

Мо имрӯз аз он шукргузор ҳастем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам омада, шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дини ҷумҳурӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад”.

Воқеан ҳам, бунёд ва таъмиру азнавсозӣ намудани роҳу пулҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мактабу кӯдакистон, кофтани чоҳҳои амудӣ ва обёрӣ намудани заминҳо аз ҷумлаи садақаи ҷория мебошад, ки анҷомдиҳандаи ин иқдом ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз ин амалҳои хайр савоб мегирад.

Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки чунин ҷанбаҳои таълимоти дини мубини ислом мардумро ба таҳким бахшидани ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ, сулҳу оромӣ, сабру таҳаммул ва дигар аъмоли писандидаи инсонӣ даъват ва ҳидоят мекунад.

Дар робита ба ин, пешрафти давлат аз сатҳи маърифати мардум ва рушди илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи падару модар, омўзгорон ва аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.

Дар вазъияти имрўзаи нооромии ҷаҳон сокинони вилоятро зарур аст, ки истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, бо дарки баланди ватандўстӣ ва бо истифода аз рўзҳои мусоиди баҳорӣ софдилонаву аҳлона заҳмат кашида, дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Баробари ин, ҳангоми баргузор намудани маъракаҳо аз тақлиду таассуб ва хароҷоти зиёд худдорӣ намуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.

Боварии комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят дар оянда низ баҳри рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани азизамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳарвақта бештар талош меварзанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи Шумо ҳамватанони гиромиро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, зиндагии орому осуда, хонаи обод, файзу баракат ва ризқу рўзии фаровон орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh