ҲИФЗИ ҲУҚУҚ АРЗИШИ ВОЛОСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурўҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омўзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. «Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрўза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгў ба талаботи рўзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омўзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омўзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад», таъкид карданд дар Паёмашон Сардори давлат.

Инчунин, баробари таҳлили ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти махсус дода шуд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим намуда, падидаҳои нави ҷамъиятиро мустаҳкам намудааст. Қабули ин санади тақдирсози таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонуни асосӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи  талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қиммати инсон зарар расонанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд ва бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Ҳифз ва амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, агар дар Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ ва ифода наёфта бошанд, онҳо самти татбиқи худро гум мекунанд. Гузашта аз ин, ҳолатҳое, ки дар Конститутсия оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфтаанд ва кафолат дода шудаанд, инкишофи худро дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онҳо муайян мешавад.

Бо эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тамоми масъули соҳаи маориф бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳассилин кўшишу ғайрати худро равона менамоянд. Зеро агар маърифати ҳуқуқии муҳассилин ҳамон қадар баланд гардад, сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои ғайриқонунии наврасону ҷавонон паст мегардад.

Гузашта аз ин, маърифати баланди ҳуқуқӣ барои дуруст ва сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандон заминаи мусоид мегузорад.

Мо, устодону омўзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ дар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ҷиҳати амалинамоии барномаҳои давлатӣ дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил ва гузаронидани як қатор чорабиниҳо, озмунҳо ва мусобиқаҳои зеҳниро дар байни донишҷўён ба нақша гирифтаем, ки онҳо дар тарбияи дурусти ҷавонон ва баланд гардидани ҳисси масъулиятшиноии онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Нигора АЧИЛОВА,

мудири кафедраи ҷомеашиносии

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

Add comment


Security code
Refresh