Номаи табрикотии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ!

Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони пойтахти Ватани маҳбубамон шаҳри Душанберо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегўям.

Шаҳри Душанбе на танҳо бо табиати дилрабою мардумони шоистааш шӯҳрат дорад, балки чун шаҳри сиёсатмадорони бузург, донишмандону соҳибназарон ва суханварон дар радифи бузургтарин шаҳрҳои олам маъруфият пайдо кардааст.

Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «агар ҳар як фард бо номи падару модар ва гузаштагони бошарафи худ ифтихор кунад, ҳар як сокини Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавии ифтихор кардан аз Ватани азизи худ ва пойтахти он шаҳри Душанберо дорад. Зеро Душанбе гаҳвораи ташаккул ва эҳёи миллати тоҷик, меҳвари орзую умеди тамоми тоҷикон ва тоҷикистониён мебошад».

Боиси ифтихор аст, ки имрўз сайёҳону меҳмонони хориҷӣ Душанберо «шаҳри ҷавонӣ» ва яке аз зеботарину сарсабзтарин шаҳрҳои ҷаҳон номида, ба табиати зебо, манзараҳои дилфиреб, мардуми бофарҳангу наҷиб ва раванди корҳои ободонию созандагии он баҳои баланд медиҳанд.

Имрўз мардуми кишвар ва бахусус сокинони шаҳри Душанберо дигаргуниҳои куллии ин шаҳри азим, биноҳои баландошёнаи бо усули миллӣ бунёдшуда, гулгашту хиёбонҳои нав, маҷмааи универсалии варзишӣ, маҷмаањои «Истиқлол ва Озодӣ», сохтмони эстакада ва дигар тадбирҳои ободонӣ, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббус ва малакаю маҳорати кордонии беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо санъати баланди меъмории миллӣ амалӣ гардида истодаанд, ба ояндаи дурахшон боз ҳам дилпуртар месозад.

Итминони комил дорам, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастовардҳо шаҳри дилрабою ҳамешаҷавонамон Душанберо ба қуллаҳои боз ҳам баландтари рушду шукуфоӣ мерасонад.

Бо ҳамин таманниёт бори дигар Рӯзи пойтахтро табрику муборакбод гуфта, дар амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нек муваффақияту дастовардҳои беназир таманно менамоям.

Бо эҳтиром,

Раиси вилоят

Раҷаббой Аҳмадзода

Add comment


Security code
Refresh