Ҷаласаи фаъолони вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2024

22 апрел дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2024 таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо, корхонаҳои саноатӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, кор бо занону оила, ҷавонону варзиш, ходимони дин иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро оғоз намуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, бахусус “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб карда шуд.

Сипас, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 3 моҳи соли 2024 муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода гузориш дод. Қайд карда шуд, ки ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6 млрд.84 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои амалкунанда 106 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 91 ҳазору 202 тонна орд, 1745 тонна равғани растанӣ, 12 ҳазору 149 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 3 млн. 323 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 3 млн. 557 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт ва 3 млн. 348 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 122 фоиз, равғани растанӣ 103 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 140 фоиз, консерваҳо 2 баробар, нӯшокиҳои беспирт 1,6 баробар ва консерваҳои меваю сабзавот 2 баробар таъмин гардидааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ба миқдори 303 ҳазор тонна семент ва 226 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2024 дар миқёси вилоят 39 корхонаву коргоҳи нав бо 246 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуд. Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 1 млрд. 365 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 1 млрд. 341 млн. сомонӣ ва растанипарварӣ 24 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 110 ва 107 фоизро дар бар гирифт.

Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят гузаронидани кишти баҳорӣ дар майдони 173 ҳазору 835 гектар замин пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дурнамои кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 63 ҳазору 400 гектар, аз ҷумла гандум 12 ҳазору 579 гектар ва ҷуворимаккаи дон 5200 гектар, пахта 59 ҳазору 633 гектар, зироатҳои равғандеҳ 7 ҳазору 131 гектар, картошка 18 ҳазору 500 гектар, сабзавот 9 ҳазору 311 гектар, аз ҷумла пиёз 4 ҳазору 171 гектар, полезиҳо 6 ҳазору 85 гектар ва хўроки чорво 9 ҳазору 759 гектар муайян гардидааст ва маъракаи кишти баҳорӣ босуръат идома дорад.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2024 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 489 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 2,5 баробар зиёд мебошад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 594 млн. сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 103 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар се моҳи соли 2024 ба 4 млрд. 429 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 107 фоизро ташкил намудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ба 724 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 103 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми воридот 528 млн. долларро ташкил намуда, содирот ба 196 млн. доллар расонида шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2024 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 млрд. 148 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 11 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 109 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 185 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи семоҳаи якум 15 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 763 млн. сомонӣ 794 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 4 фоиз ё 31 млн. сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар се моҳи соли равон 702 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи даромадҳои воқеии буҷет маблағгузории соҳаҳо таъмин карда шуд. Ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 696 млн. сомонӣ равона гардида, нақшаи қисми хароҷот 99 фоиз иҷро гардид. Чун ҳарвақта афзалият ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, дар маҷмӯъ, 601 млн. сомонӣ маблағ ба ин соҳа равона гардидааст, ки баробари 86 фоизи хароҷоти умумии буҷет мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф 360 млн. сомонӣ, нигаҳдории тандурустӣ 159 млн. сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 79 млн. сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Маблағгузории талаботи нафақа тибқи реҷаи мувофиқашуда роҳандозӣ шуда, барои се моҳи соли 2024 талабот 269 млн. сомонӣ муайян гардида, пурра пардохт карда шудааст.

Дар гузориши муовини Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи кунунии соҳаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ маълумот ироа гардид.

Дар идомаи ҷаласа гузориши раисони шаҳру ноҳияҳои Гулистон Раъно Ҳошимзода, Зафаробод Зуфар Исмоилзода, Мастчоҳ Аъзам Ализода, Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода, Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода ва дигарон шунида шуд.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳо Раиси вилоят барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, иҷрои нақшаи кишти пахтаву картошка, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони Раиси вилоят ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят дар охир изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шарафманди вилоят бо меҳнати содиқонаи худ ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh