Ҷавононро бояд тарбия кард

Ҳар рӯз дар кишвари офтобиамон як тағйироти куллӣ ба амал меояд. Ободию осоиштагӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳар яки моро водор месозад, ки боз ҳам меҳнат кунем, баҳри оромию осоиштагии кишвари азизи худ саҳми худро гузорем, дар тарбияи наврасону ҷавонон ҳиссаи сазовор гузорем.

Дар ҳақиқат дастовардҳои даврони истиқлолият ҳар як фарди солимфикрро водор месозад, ки ба рӯйдодҳои олам назари некбинона  дошта бошад. Мо, омӯзгорон низ такя ба ин кӯшиш дорем, ки ҷавононро тарбия намуда, талқин созем, ки ба қадри ин муқаддасоти миллӣ расанд. Ба чунин рӯзҳои нек расидан ба мардуми кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ бояд ҳам якҷоя меҳнат кунем, заҳмат кашем, то ин ки ба тинҷию оромиии мо осебе нарасад.

Имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои гуногун арзӣ ҳастӣ доранд, ки бо амалҳои ноҷояи худ ҷавононро гумроҳ сохта, онҳоро ба роҳи нодуруст раҳнамун месозанд. Мардуми тоҷик ба дини мубини Ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва инсондӯстӣ рӯй оварданд. Аз ин рӯ гумроҳ кардани ҷавонон барои онҳо тез даст медиҳад. Гуфтан бамаврид аст, ки дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурӯҳҳое, ки дар дил ниятҳои нопок доранд, алҳол гӯё як такягоҳ шудааст. Онҳо худро имрӯз дилсӯзи Ватану мардум эълон дошта, байни омма иғвобарангезӣ менамоянд. Агар имрӯз аъзои ТТЭ ҲНИ чун гуфтаҳояшон ватандўсту ватанпарвар мебуданд, ба манфиати кишвари худ ва ҷамъият фаъолият мебурданд, барои ояндаи кишвар ва якпорчагии Тоҷикистон меҳнат мекарданд, аз нӯги нохун чирк намекофтанд.

Мо бояд нагузорем, ки қадами номубораки ифротиён ба диёри биҳиштосои мо расаду ба зиндагии орому осоиштаи мо халале ворид созад. Аз ин рӯ, ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободию осоиштагии мардуми кишвар, якпорчагии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем, муқаддасоти кишварро азизу гиромӣ дорем. 

Муҳаббат БОИРОВА,

устоди Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh