Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара шинос шуданд

Бегоҳии рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони меҳмонхонаи муосир дар маркази ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо рафти корҳои аввалия барои бунёди ин иншоот, ки аз 16 ошёна иборат хоҳад буд, шинос шуданд.

Тавре аён гардид, зербинои заминии меҳмохона бунёд ёфта, омодагӣ ба идомаи сохтмон ҷараён дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки суръати сохтмон тезонда шуда, ҳамчунин ба сифати корҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин меҳмонхонаи муосир иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ аст. Онҳо азм доранд, ки дар ободонии ноҳия, бунёди заминаи ҷалби сайёҳону меҳмонони дигар ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошанд.

Add comment


Security code
Refresh