ТАЪСИСИ КАНАЛИ “ЁРИИ ҲУҚУҚӢ” ДАР TELEGRAM

Тайи чанд моҳест, ки дар паёмрасони (мессенҷер) – и Telegram канали «Ёрии ҳуқуқӣ» фаъол аст. Он  бо ташаббуси сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд  Шарофиддин Шарифзода бо ҳадафи ба роҳ мондани роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таъсис ёфтааст. Гуфта мешавад, ки ин канал ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешниҳод кардани машварати ҳуқуқӣ, паҳн намудани иттилоот марбут ба ҳуқуқҳо, расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон, воқифсозии аҳолӣ аз меъёрҳои ҳуқуқ ва ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ  амал дорад. Ба гуфти масъулин, гурӯҳи «Ёрии ҳуқуқӣ» то имрӯз гурӯҳ ба беш аз 5 ҳазор саволи шаҳрвандон посухҳои дурусти ҳуқуқии қонеъкунандаро пешниҳод кардааст. 

Худодод Комилҷонзода ёрдамчии сардори Раёсати адлия дар вилояти Суғд ва маъмури ин канали муфид аст. Ӯ бар ин назар аст, таъсис ёфтани чунин канал дар зимни пеш бурдани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар асоси Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030  ба манфиати кор аст. Мавсуф ҳангоми суҳбат перомуни муҳимияти фаъолияти канали “Ёрии ҳуқуқӣ”, талаботи рӯзафзуни шаҳрвандони ба машварати дурусти ҳуқуқӣ ва масъалаҳое, ки корбарони паёмрасонӣ бештар бар он таваҷҷуҳ доранд, ибрози назар кард.  

- Дар канали “Ёрии ҳуқуқӣ” ба саволҳои корбарон кадом мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ҷавоб дода метавонад?

- Ба саволҳои ҳамарӯзаи корбароне, ки аъзои канал шудаанд, кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд, нотариусони давлатӣ, кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, ки аъзои гурӯҳ мебошанд, дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххаси ҳуқуқӣ медиҳанд.

Барои ҷавоби дуруст додан ба саволҳои шаҳрвандон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, истифода бурда мешавад. Ба ғайр аз ин, дар назди Вазорати адлия аз соли 2009 инҷониб махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии "Адлия" бо забонҳои давлатӣ ва русӣ амал менамояд, ки тамоми ҳуҷҷату санадҳо дар он мавҷуд буда,  мутахассисон бо ин махзан таъмин карда шуда, аз он барои додани посухҳоистифода мебаранд.

- Хонандагони канал ба кадом саволҳо бештар посух гирифтан мехоҳанд?

 - Тавре таҳлил нишон медиҳад, шаҳрвандон  мехоҳанд, ба саволҳое, ки дар пайи қазияи ба сарашон омада, ба вуҷуд меояд, ҷавоби дуруст гиранд. Масалан,  дар хусуси тарзи меросгузорӣ, васиятнома, иваз намудани ном, насаб ва номи падар, тартиби гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи миллӣ ва хориҷӣ, оқибатҳои гум кардани шиноснома ё корношоям гардидани он, хусусиятҳои хоси майдаавбошӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он,  пайомади ҳуқуқии дузанагӣ ё серзанагӣ, дар самти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, оқибати риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон”, масъалаҳои  уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, тартиб ва андозаи ситонидани алимент,  дахлнопазирии манзил, оқибати ҳуқуқии фурӯши моли дорои сифати номатлуб ва ғайра таваҷҷуҳи зиёдтар доранд. Саволҳои онҳо марбут ба тамоми соҳаҳои ҳуқуқ, бахусус, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқӣ меҳнатӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳоказо мебошад.

 - Дар канал барои роҳ надодан ба суҳбатҳо (чақ- чақ) - ҳои бемавриде, ки аз ҳадафҳои каналу масъулон берун аст, чӣ чораандешӣ шудааст?

 - Фаъолияти гурӯҳ мунтазам зери назорати маъмурон қарор дорад.  Ҳангоме ки корбарон дар канал аз ҳадаф берун миёни ҳам суҳбат оростанӣ мешаванд, дар саҳифаи шахсияшон паёмак равон карда, мефаҳмонем, ки бо саволи зарурӣ ба канал муроҷиат кунед. Бояд гуфт, ки дар канал суҳбатҳои берун аз ҳадаф мушоҳида намешавад. Аксар вақт мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ба муроҷиаткунандагон дар доираи саволҳои пешниҳодшуда машварати ҳуқуқӣ медиҳанд.

- Барои ба таври мунтазам фаъол будани канал ва самаровар шудани фаъолияти он чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

- Воқеан, шодиовар аст, ки шаҳрвандон ба тамоми масъалаҳои ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Барои хубтар дарк сохтани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ аз тамоми паҳлуҳои соҳаи ҳуқуқ саволҳо пешниҳод менамоянд.

Чунин муносибат ифодагари он аст, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон беш аз пештар шуда истодааст.  Бо мақсади беҳтар шудани кори канал ва бе посух намондани саволҳои пешниҳодшаванда аз ҷониби сардори Раёсати адлия ҷадвали навбатдории назоратӣ тасдиқ шудааст.

Тибқи он мутахассисони соҳа муваззаф гардидаанд, ки саривақт ба саволҳо посухҳои мушаххас диҳанд. Дар баробари ин, бо иқдоми навбатии сардори Раёсати адлияи вилоят Суғд Шарофиддин  Шарифзода ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 пешниҳод гардид, ки ҳамарӯза меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мутахассисон ба корбарони гурӯҳ шарҳу тафсир дода шаванд.

Боис ба зикр аст, ки чанде пеш  Раёсати адлияи вилояти Суғд бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли ҷорӣ семинари машваратӣ доир карда буд. Он ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор шуда, зимни он роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баррасӣ гардида буд. Мутахассисони ин Раёсат мегӯянд, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мушаххас, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тарҳрезӣ шудааст, фаъол шудани канали “Ёрии ҳуқуқӣ” ба фоидаи кор аст.

Зеро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар низ ба он нигаронида шудааст, то қишрҳои гуногуни ҷомеа аз иҷрои масъулияти ҳуқуқӣ огоҳии амиқ ёбанд.

Дар ин замина, ташаббуси Пешвои ­ миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҳар фарди огоҳ талаб мекунад, ки сайъу талоши худро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона созанд.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh