Ҳадафи аслии мулоқот таҳким ва тавсеаи ҳамкории бонувони Тоҷикистону Чин

Дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Форуми занони Тоҷикистону Чин таҳти унвони “Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” баргузор гардид.

Шоёни зикр аст, ки форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба вуқуъ пайваст. Чорабиниро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони олиқадрро ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфт.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Бунафша Файзиддинзода,  муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи намояндагони халқии музофоти Шэнсии Чин Ли Сяоъмин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни баромади хеш зикр намуд, ки ҳусни ҳамсоядорӣ, равобити иқтисодию фарҳангӣ, кор дар ҳама самтҳо дар даврони навини соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷин Пин ба марҳалаи сифатан нави ҳамкорӣ баромадааст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин кишварҳоест, ки соҳибистиқлолии давлати моро эътироф намудааст ва ба оғози  муносибатҳои дипломатии мо 32 сол пур шудааст. Ҳадафи аслии ин мулоқот таҳким ва тавсеаи ҳамкории бонувони Тоҷикистон ва Чин  дар чаҳорчӯбаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” унвон гардида, барои фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, таҳияи тавсеаҳои ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодии ҳарду кишвар замина мегузорад.

Занону бонувони тоҷик дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи миллӣ ва ваҳдати тоҷикон саҳми назаррас доранд. Масъалаи фароҳам овардани замина барои табодули таҷриба ва омӯзиши роҳу усулҳои пешқадам дар соҳаи соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ ва фаъолнокии иҷтимоии занон таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараке, ки ба  дастгирии занон дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” нигаронида шудааст, равона гардидааст.

Дар қисмати дувуми мулоқот тавассути баргузории сессияҳои алоҳида бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои занону бонувон, соҳибкорони барӯманди ду кишвар идома карда, дар хотири иштирокдорон нақши муҳим боқӣ гузошт. Дар қисмати дувум ва сеюми чорабинӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, муовини Вазири тандурустии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода, муовини Вазири маорифи ҷумҳурӣ Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси Федератсияи занони музофоти Шэнсии Чин Чжан Сяоъян, намояндагони бахши давлатӣ, соҳибкории хурду миёна, намояндагони ВАО-и ҳарду ҷониб ва дигарон суханронӣ намуданд.

Мулоқоти мазкур дар доираи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва сиёсати дарҳои кушоди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя, ки ҳанӯз 4-уми январи соли 1992 барқарор гардида, Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, рӯи кор омад, зеро тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Шоёни зикр аст, ки форум бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории занони Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯбаи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" сурат гирифта, барои фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду кишвар замина хоҳад гузошт.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh