Ваҳдати миллӣ пояи миллат аст

Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад ва решадор гардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пӯшида нест, ки дар кишвари мо доман густурдани фоҷиаи миллӣ, ки аксарияти мутлақи  қурбоншудагон тоҷикон буданд, маҳз барои аз байн бурдани  ин миллати қадимтарин ва соҳибфарҳанги Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шуда буд ва зарарҳои моддию маънавии он, ки барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд, сабақи талхи таърихӣ барои халқи мо барои муқаддас донистани Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Ваҳдати миллӣ яке аз неъмати бебаҳоест, ки ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз дар тӯли солҳои 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистони азизи мо вазъияти мураккаби ҷанги бародаркуш сар зад. Вале муддати зиёд нагузашта ақлу хиради азалии халқи тоҷик ғолиб омад.

Масъулияти ҳифзи манфиатҳои олии миллӣ дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарвари нав интихобшудаи давлатро ба  тарзу усули корҳои ғайримуқаррарӣ ва ҷасурона водор кард.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ тавонистанд дар саросари кишвар оташбас эълон намуда, барои гуфтушуниди натиҷабахш оғоз намоянд. Сарвари навинтихобшудаи давлат  ба хотири ваҳдати миллӣ аз ҳар гуна таҳдиди хатарҳо сарфи назар намуда, тамоми ҳастии худро баҳри пойдории сулҳу субот дар кишварамон равона  сохтаанд, ки натиҷаашро ҳар шаҳрванди кишвар имруз хуб дарк менамоянд.  

Дар соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани низоми нави иҷтимоӣ ва ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард. Барои қотеона ҳал кардани масъалаҳои муҳимтарини сиёсию иҷтимоӣ тарзи идораи президентӣ мусоидат намуд.

Истиқлолият ва ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ҳамагон огаҳии комил дорем, ки раванди ташаккулу истиқлолияти сиёсии кишвар ҳам барои мардуми мо ба осонӣ ба даст наомадааст.  

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қасри Арбоб сессияи ғайринавбатӣ гузаронида шуд ва дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз интихоб гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтару хубтар намудани аҳволи сиёсӣ – иқтисодии ҷумҳурӣ аз таҳти дил, бо тамоми нерӯю қувва ҳаракат намуданд. Бо гурӯҳҳои оппозитсионӣ музокира гузарониданд. Барои қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, бо қувваҳои гурӯҳҳои оппозитсионӣ оштӣ шудан лозим буд.

Истиқлолият ва Ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин, лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ  Тоҷикистони азиз ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати мустақиламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

Бидуни Истиқлолияти комил, бидуни доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медиҳад.

Аз ин рӯ, Истиқлолият арзиши олӣ, озодӣ, ободӣ ва бузургтарину муқаддастарин ҷашни миллиамон аст.

Вақте  дар бораи миллат, арзиш ва таърихи миллат сухан меравад, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем.

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рў ба завол шуда, вале дар тўли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем.

Барно Абдуғаффорова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh