Терроризм – вабои аср аст!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид намудаанд: «Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст… Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Оре, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомазмун таъкид намудаанд, ки террористу экстромист ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Зеро онҳо аз ҳайвони ваҳшӣ бадтаранд. Симои одамӣ надоранд ва ҳаёт барои онҳо маъное надорад.

Ҳар як фарди бонангу номус, худшиносу худогоҳ, содиқу вафодор ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба халқу Ватани азизу маҳбуби худ содиқона хизмат намояд ва арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангро ҳифз намуда, баҳри гулгулшукуфии кишвари  худ саҳм мегузорад.

Аммо онҳое, ки сатҳу дониш, ақлу хирад ва шууру мафкураи миллӣ надоранд, ба роҳи терроризму экстремизм мераванду ба шаъну шараф ва нангу номуси худи падару модар ва ҷомеаву давлат иснод меоранд. Аз ин рӯ, мехоҳам, ки дар бобати ин мавзӯи доғи рӯз фикру андешаҳои худро баён карда бошам.

Масъалаи пешгирии насли наврасу ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои террористию ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами имрӯза ҷомеаву давлат мебошад.

Имрӯз бадхоҳону бадандешони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, мехоҳанд, ки ба ҳар роҳу васила идеологияи номатлуби худро дар байни насли наврас ва ҷавонони ноогоҳи мо ташвиқи тарғиб намуда, халқу миллатро ноором созанду ба сулҳу субот ва амнияти мамлакати соҳибистиқлоламон таҳдид намоянд.

Ҳамзамон, баъзе аз ҷавонони мо аз сабаби камтаҷрибагиву бедонишӣ, устувор набудан нисбат ба худ, бефаросатӣ ва надоштани эҳсосу тафаккури миллӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, махсусан, ба амалҳои номбурда шомил шуда, худро дар ваҳшонияту нооромӣ мебаранд. Охир аз кори кардаи худ пушмаймон мешаванд. Чуноне ки дар урфият мегӯянд: «Пушаймонӣ суд надорад». 

Гуфтан бамаврид аст, ки яке аз сабабҳои асосии шомилшавии наврасону ҷавонон пеш аз ҳама, аз мадди назари падару модар дур мондани онҳост. Масъалаи дигари он аз назари психологӣ суст инкишоф ёфтани равандҳои рӯҳии онҳо; тафаккур, хотира, эҳсосу идрок ва хусусиятҳои эмотсионаливу иродавии шахсӣ; сустиродагӣ, бедиққатӣ, хаёл, мизоҷу қобилият мебошад. Зеро инсон агар аз ҷиҳати психологӣ ё ки равонӣ дар давраҳои синнусолӣ нодуруст ташаккул ёбад ё ин ки  ба камол расад, баъдан боиси вайроншавии равандҳои рӯҳию ҳолатҳои эмотсионалию иродавии онҳо мегардад.

Сабаби дигари шомилшавии наврасону ҷавонон ба сомонаҳои иҷтимоие, ки амали онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, дар Кодекси ҷиноӣ манъ карда шудаанд, тариқи телефонҳои мобилии худ ворид шуда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд ва дар охир боиси афсӯс мегарданд.  

Имрӯзҳо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ на танҳо кишвари моро ба таҳдид меоварад, балки тамоми давлатҳои дунёро нигарон кардааст. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, далели гуфтаҳои болост: «Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Воқеан, чунин амалҳои ношоиста, умуман, ба тамоми мардуми дунё хатари калон дорад. Зеро он ҳодисаҳое, ки имрӯзҳо қатлу куштор ва хунрезиҳои зиёде ба миён меоянд, пеша аз ҳама, кори террористону экстремистон мебошад.

Мақсаду ҳадафи асосии онҳо ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлату ҳукумат, оила ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани арзишҳои таърихию фарҳангӣ, урфу одатҳои миллӣ, забону баён, зери ниқоби дини Ислом ба амалу ҳаракатҳои шадиду хатарафзо даст мезананд. Илова бар ин, мақсади дигари онҳо ин ки ҷиҳоди худро бо воситаи тарконидани худ дар байни мардуми осоиштаву бегуноҳ медонанд, ки гӯё агар одам худро бо моддаҳои тарканда таркиш диҳад, ба ҷаннат дохил мешавад. Вале ин амали онҳо хатост.

Бале, ҷаннат зери қадамҳои модарон. Яъне ҷаннат макони  инсонҳои поку поксиришт, накӯкор некном ва хайрхову худотарс аст. На макони одамони худкушу худсӯз, қотилу хунхор ва террор аст. 

Дар асл, дар дини Ислом, махсусан, дар китоби «Қуръони карим» ҳеҷ гоҳ муъмину мусулмононро даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ, қатлу куштор, ғорату ғоратгарӣ, зулму ситам ва худкушиву худсӯзӣ, хусусан, ба террор даст заданро иҷозат надодааст.

Албатта, дини Ислом, дини ростиву росткорӣ, покию покандешӣ, эҳтиром, самимияту меҳрубонӣ ва муҳаббати одам банӣ одам ва Худованд аст.

Гуфтан лозим аст,  ки тарбияи ҷамъиятӣ аввал аз оила оғоз ёфта, дар кӯдакистону мактабҳо, муассисаҳои миёнаю олӣ ва ҷомеа ташаккул ёфта, мустаҳкам мешавад.

Ҳар фарзанде, ки аз падару модари худ тарбияи хуб мегирад, вай ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ давру замоне ба ҳар гуна роҳи хатое намеравад, яъне фарзанди ҳақиқии падару модар ва фарзанди ҳақиқию арзандаи халқу Ватан аст. Яъне дар оилаи солим ба камол расидааст. Вале фарзанде, ки тарбияи дурусти падару модари худро надидаанд, яъне фарзанди ҳақиқии модару падар нашудаанд, писари ҳақиқии халқу Ватан шуда наметавонад. Яъне дар оилаи  носолим тарбия ёфтаанд. Ана ҳамин тавр, натиҷаи рафтору муносибати чунин амал охир соҳиби баҳои худ мешавад.

Дар ҳаёти маънавию ахлоқӣ ва равонии насли наврас ва ҷавонони мо бояд чунин равандҳо дар амал бошанд: ҳар як насли солимфикру солимандеша ва худшиносу худогоҳ (хусусан калонсолон) дӯстдорию навозиш карданро ба ҷавонон омӯзанд, дар дилу дидаи онҳо парваридани меҳру муҳаббати Ватан, бедор кардани ҳисси ҳувияти миллӣ, пойдор намудани ҳисси масъулиятнокӣ дар назди халқу Ватан, вафодорию садоқат нисбат ба Ватан, иҷрои софдилонаи қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат, эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, таҷассуми ҷовидона, ҳаёти абадии ниёгону гузаштагон, мустақилона ва устуворона қадам ниҳодан дар зиндагӣ, дар назди халқу Ватан, ҷамъияту давлат одами хуб шудан талош варзанд.

Бояд бигӯем, ки ҳар падару модаре, ки фарзанд ба дунё меорад, беҳтарин тарбияи онҳо тарбияест, ки ба ҷомеа пешниҳод намудани шаҳрванди ҳақиқӣ – шаъну шарафи олитарини инсон аст. Инро набояд ҳар ҷавоне, ки оянда соҳиби оила мешавад ё ки соҳибоилаанд, фаромӯш намоянд.

Як нуқтаи бисёр муҳимро иброз намоем, ки вориси арзандаи худро ба камол расонидан натанҳо писару духтарро ба дунё овардан аст. Балки он анъана ва урфу одатҳое, ки авлоду аҷдодони мову шумо нишон додаанд, онҳоро давом дода, дар шахси ҳар як фард ватандӯстӣ, ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастӣ, ормон ва ҳувияти миллӣ, садоқату вафодорӣ  ва масъулиятнокиро парваридан аст. 

Инсон барои он зода мешавад, ки аз худ асари арзишманде боқӣ гузорад. Мазмуни асосии ҳаёту зиндагии мо дар ҳамин аст. Яъне, мову шумо дар хотираи халқу Ватан ва давлату миллат ҷовидон монем, фарзанди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем.

Тарбия кардани наврасону ҷавонон вазифаи муҳиму зарурии оила, мактабу маориф ва ҷамъияту давлат аст. Яъне муҳимтарин ва муқаддастарини тарбиявии оила, мактабу маориф, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа пеш аз ҳама ин аст, насле, ки меофаранд, натанҳо барои ҳар як қадами рафтору кирдор ва атвори имрӯзи худ, балки барои оянда низ ҷавобгар бошад.

Хулоса, падару модаре, ки писари содиқу вафодор ва ҳақиқии Ватанро тарбия менамояд, аз худ кори неку амали нек дар хотираи халқу диёр абадан боқӣ мегузорад. Вале агар писари падару модаре, ки хоини халқу Ватан, хоини миллату давлат мешавад, яъне фарзанди онҳо даст ба амалҳои номатлуб даст мезанад, онҳо бешубҳа, сазовори лаънату нафрати ҷомеаву давлат мегарданд.

Аз ин рӯ, ҳар яки шаҳрвандон ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дарк намоем ва нагузорем, ки насли наврас ва ҷавонони ноогоҳи мо даст ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ зананд, боиси лаънату нафрат ва ҷазо гарданд.

Бояд ҳар яки мо бар зидди чунин амалҳои номатлуб мубориза барем ва баҳри осоиштагӣ ва оромии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошем!

Шерзод КОМИЛӢ,

омўзгори МТМУ №24 ба номи

Чўлибой КОМИЛӢ,

шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh