МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ХАТАРАНГЕЗИ ИТТИЛООТӢ ТАЛАБОТИ ҶОМЕАИ ИМРЎЗА АСТ!

Тибқи тадқиқотҳои сотсиологии ҷомеашиносон имрӯз зиёда аз 80 фоизи аҳолии ҷаҳон ба воситаҳои ахбори омма (ВАО) таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа таҳлилу тарғиб менамоянд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма аз макон, замон ва хусусиятҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад. ВАО ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд ва олоти муҳими амалигардонии равандҳои сиёсӣ мебошанд. Тавассути нашрияи даврии чопӣ, радио, телевизион, видео, аудио, кинохроника, оҷонсии иттилоотӣ, сомонаҳои интернетӣ ахборот барои омма паҳн мешавад, ки ин амал асосан аз ҷониби рузноманигорон иҷро мегардад.

Умуман, ВАО вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад: иттилоотӣ, таълиму тарбиявӣ, танқид ва назорат, тарзи иҷрои хоҳишҳои иҷтимоӣ, сафарбаркунӣ, яъне ташвиқ ба амали муайяни сиёсӣ ва имкони бузурги таъсир ба ақлу эҳсоси одамон ва рафрори сиёсиро дорад. Бояд қайд намуд, ки аз оғози асри XXI ҷаҳони муосирро таззодҳои гуногуне фаро гирифтанд, ки ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсири худро гузоштаанд. Таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба шумор рафта, рӯз то рӯз аҳамияти бештарро ба худ ҷалб менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намудааст, ки технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ бештар ба як василаи сиёсӣ табдил ёфта истодааст.

Хуллас, ВАО ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд ва олоти муҳими амалигардонии равандҳои сиёсӣ мебошанд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки дар бисёр мавридҳо расонаҳои ғайридавлатии кишвар ва баъзе кишварҳои хориҷӣ ин ё он масъаларо яктарафа инъикос намуда, зимни таҳлили мавзӯъҳо ба сохтакорӣ ва ҳангоматалабӣ роҳ медиҳанд, ки ин амал мухолифи асноди байналмилалӣ оид ба матбуот мебошад. Мутаассифона, баъзе маҷаллаю рӯзномаҳо, ки асосан бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ чоп мешаванд, маводеро рӯйи чоп меоранд, ки хонандаро ба гумроҳӣ мебарад.

Инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳое ба назар мерасанд, ки дар назари аввал ба манфиати миллат ва давлат буда, дар асл дунболи фитнаангезӣ мебошанд. Агар ба таҳлилҳои омори назар афканем дар ҷаҳон 4,5 миллиард истифодабарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд буда 55, 3% -он ҳарӯза ба сомонаи интернети ба шабакаҳои fасеbook ва odnoclassniki ворид мешавад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилооти дорои хусусияти ва таблиғкунандаи тероризму экстеремизм низ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардуруӯғ, танқид ва иттилои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба таҳлуқа меандозанд.

Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Бояд қайд кард, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор оварданаш аз эҳтимол дур нест. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрўз проблемаи терроризм дар сомонаҳои Интернет ба як мавзўи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Мутаассифона, имруз дар расонаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардуруғу иғвоангез хеле зиёданд. Таҳдид ва хавфу хатарҳое, ки дар ин самт пайдо гардидаанд, дар сатҳи байнидавлатӣ коркарди қарорҳо ва гурӯҳҳои зудамали муштаракро тақозо менамоянд. Аз ин лиҳоз, бояд фазои хатарзои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонад, тавассути ВАО ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро пурра намудан зарур аст. Дар ин баробар ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард.

Дар фарҷоми аендешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мубориза бар зидди хатарангези иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрўза аст ва яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва хатарзои иттилооть кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо на танҳо чеҳраи манфури дасисабозиҳо, инчунин оқибати хатарэҷодкунандаии иттилоотиро ба аҳли ҷомеа фаҳмонем ва бо ҳамин тарз қарзи хешро дар назди Ватани азизамон адо намоем!

М.АХМЕДОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh