МУҲТАВОИ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин ҳуҷҷатест, ки онро ҷаҳон эътироф кардааст. Имсол, яъне соли 2024 ба қабули ин бахтномаи миллат, яъне Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Бахшида ба ин санаи мубораки давлатӣ  мухбирамон ба Прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ суҳбате орост, ки фишурдаи онро манзури Шумо, хонандагони азиз менамоем. 

-Рафиқ прокурор! Санаи 6-уми ноябри соли равон ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро «Бахтномаи миллат» меноманд 30 – сол пур мешавад. Фикру андешаҳои шуморо оид ба ин санади тақдирсоз фаҳмидан мехостам.

-Конститутсия қонуни асосии давлат ба ҳисоб меравад ва ҳамаи муносибатҳои умдаи ҷамъиятиро ба таври сареҳу мукаммал танзим менамояд. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Тамоми дигар қонунҳо ва санадҳои меёрии ҳуқуқӣ дар заминаи Конститутсия ва баҳри таъмини иҷрои талаботи он қабул ва татбиқ мешаванд.

Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва татбиқи онҳо нораво аст. Конститутсия дар як вақт санади асосии сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва барномавӣ маҳсуб меёбад ва шоҳроҳи тараққиёти ҷамъиятро баҳри эъмори ҷомеаи олии ҳуқуқбунёд бо шароити шоистаи зиндагонӣ муқаррар менамояд. 

Аҳамияти амалии Конститутсия аз он иборат мебошад, ки ҳангоми таъмини иҷрои дахлдори муқаррароти он, ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони кишвар дар амниву шодмонӣ, пурмазмун, ширину гуворо сипарӣ мегардад ва ояндаи онҳо ногузир аз ҳар ҷиҳат беҳтару дурахшон хоҳад буд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Зимнан, иҷрои талаботи Конститутсия бештар аз муносибати шахсони мансабдори давлатӣ, роҳбарони сатҳҳои гуногун, яъне аз боло то поён ва умуман ҳамаи хизматчиёни давлатӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон пайвастагии қавӣ дорад.

Зеро, баҳри таъмини иҷрои муқаррароти Конститутсия ва дигар қонунҳо салоҳияту ваколатҳои зарурӣ маҳз дар ихтиёри шахсони мазкур гузошта шудааст ва татбиқи дурусти онҳо қудрату тавоноӣ ва нерӯи ҷомеаро ба самтҳои мақсадноку созанда равона месозад. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва дар санаҳои 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо ҳамин тартиб ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар бобҳои якум ва дуюми он мутобиқан асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар бобҳои аз сеюм то шашуми он мутобиқан Маҷлиси Олӣ, Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ ва салоҳияту ваколатҳои онҳо, дар боби ҳафтуми он вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар бобҳои ҳаштум ва нуҳуми он суду прокуратура ва ваколатҳои онҳо ва ниҳоят дар боби 10-уми он тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст.

-Мехостам дар бораи муқаррароти боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Асосҳои сохтори Конститутсионӣ” номгузорӣ шудааст, фикру андешаи худро иброз намоед.    

Дар боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Асосҳои сохтори Конститутсионӣ” унвон гардида, моддаҳои аз 1-ум то 13-умро дарбар мегирад, муқаррароти мафҳум, яъне возеҳу равшан асосан дар бораи чи гуна будани давлати Тоҷикистон, шакли идора ва пойтахти он, дахлднопазир будани ҳудуди Тоҷикистон, забон ва рамзҳои давлатӣ, қадри инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ ва таҷзияи он, шаклҳои моликият ва фаъолияти иқтисодию соҳибкорӣ, замин ва дигар боигариҳои табиӣ дарҷ гардидааст.

Аз ҷумла, ифода ёфтааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона ва шакли идораи он президентӣ мебошад. Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд.

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ амалӣ мегардад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад ва забони русӣ ба сифати воситаи муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба ҳисоб мераванд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии он дахлнопазир мебошанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад ва онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи беҳтарини ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ ин раъйпурсии умумухалқӣ ва интихобот мебошад.   

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф меёбад ва мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, ҳаракат ё гурӯҳ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф гардад. Дар Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои дигар манъ аст.

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат ба ҳисоб мераванд ва давлат истифодаи оқилонаю самараноки онҳоро ба манфиати халқ роҳандозӣ менамояд.

-Боби дуюми Конститутсия “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” унвон гирифтааст. Оид ба ҳамин масъала шарҳи шуморо фаҳмидан мехостам.

-Боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” номгузорӣ шуда, 34 модда (аз 14 то 47), яъне аз се як ҳиссаи тамоми моддаҳои онро фаро мегирад, танҳо ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва амалӣ гардонидани онҳоро ҳамчун мақсади асосии қонунҳо ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва худидоракунӣ муқаррар намудааст.

Ба сифати ҳуқуқҳои умдаи инсон ва шаҳрванд гуфта шудааст, ки ҳар кас ба ҳаёт, ҳифзи саломатӣ ва ташкили оила, ба манзил, моликият ва мерос, ба таълими миёнаи умумӣ, ба таълими ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ба меҳнат ва интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояти иҷтимоӣ, ба музди меҳнати баробар барои иҷрои корӣ якхела, ба истироҳат, аз ҷумла рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина ва рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола, ба товони зарарҳои моддӣ ва маънавӣ ҳуқуқ дорад.

Инчунин, ҳар як шахс ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он, ба озодии сухан ва истифодаи воситаҳои ахбори омма, ба муттаҳид шудан ва иштирок кардан дар ташкил ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, барои муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва ғайра ҳуқуқ дорад.

Бобати вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд чунин дарҷ гардидааст, ки ҳимояти Ватан ва таҳкими иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмӣ мебошад ва вазифаи муқаддаси ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

Баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар гардидааст, ки оила ҳамчун асоси ҷамъият ва модару кӯдак чун ҷавҳари оила таҳти ҳимояти давлат қарор дода мешаванд, ҳуқуқи шахс ба манзил бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин мегардад, манзили шахс дахлнопазир аст, ба он зӯран даромадан ё касеро аз манзилаш маҳрум кардан, ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ё маҳдуд намудан манъ аст.

Давлат ба ҳар як шахс ҳангоми пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва маҳрум гардидан аз сарпараст таъминоти иҷтимоиро кафолат медиҳад. Товони зарарҳои моддӣ ва маънавие, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ба шахс расонида мешаванд, бо тартиби қонунӣ ба манфиати ӯ рӯёнида мешаванд.

Шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор муваззаф мебошанд, ки ба ҳар як шахс барои дарёфт намудани ҳуҷҷатҳои ба ҳуқуқу манфиатҳои ӯ дахлдошта ва шинос шудан ба онҳо мусоидат намоянд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб намудани инсон ва шаҳрванд барои изҳори фикру андешаҳои танқидӣ нораво мебошад.  

-Мусаллам аст, ки дар боби сеюми Конститутсия, ки “Маҷлиси Олӣ” номида шудааст, оид ба ваколатҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва хусусиятҳои фаъолияти онҳо сухан меравад. Шарҳи шуморо дар ин хусус фаҳмидан мехостам.

-Дар боби мазкур омадааст, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор маҳсуб меёбад ва аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки муҳлати ваколати онҳо 5 сол мебошад.

Маҷлиси намояндагон мақоми доимиамалкунанда ва касбӣ буда, фаъолияти он дар шакли иҷлосия сурат мегирад, ки он ҳар сол аз рӯзи аввали кории моҳи октябр оғоз гардида, то рӯзи охирини кории моҳи июни соли оянда идома меёбад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ҳам дар шакли иҷлосия сурат мегирад, вале он даъватӣ ба ҳисоб рафта, дар як сол на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда, бо баррасии масъалаҳои дар рӯзномаҳои онҳо пешбинишуда анҷом меёбад.       

Баъзе аз ваколатҳои Маҷлиси Олӣ дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон амалӣ мегарданд. Ба чунин ваколатҳо тасдиқи фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда ва ғайраҳо мансуб мебошанд. Якчанд ваколатҳои алоҳидаи Маҷлиси Олӣ ба зиммаи Маҷлиси миллӣ ва бархе дигари онҳо ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон гузошта шудааст.

Аз ҷумла, Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои худ қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, инчунин масъалаҳои таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо, интихоб ва бозхонди раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, муовинони онҳо ва судяҳои ин судҳо, додани ризоият ҷиҳати таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Маҷлиси намояндагон бошад, дар иҷлосияи худ лоиҳаи қонунҳои пешниҳодшуда, масъалаҳои тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ, тасдиқ ва бекор намудани шартномаҳои байналмилалӣ, таъини раъйпурсӣ ва ғайраҳоро баррасӣ менамояд.

Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, яъне метавонанд ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳоро баҳри баррасӣ пешниҳод намоянд. Зимнан, лоиҳаи қонун дар бораи авф танҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва дар хусуси муқаррар намудан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.

Қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, барои ҷонибдорӣ ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мегарданд. Маҷлиси миллӣ ҳангоми ҷонибдорӣ намудан аз қонунҳо онҳоро барои ба тасвиб расонидан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, бидуни ирсол намудан ба Маҷлиси миллӣ, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми розӣ шудан ба қонунҳо онҳоро дар муҳлати то 10 рӯз ба имзо расонида, баҳри интишорашон супоришҳои дахлдор медиҳад.

-Боби чаҳоруми Конститутсия, ба мақоми Президент бахшида шудааст. Дар ин санади муқаддас дар бораи  салоҳияти ин мақоми олӣ чӣ гуна муқаррарот баён гардидааст.

-Дар ин боб омадааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳокимияти иҷроия мебошад.

Ӯ ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонаӣ, тамомияти арзӣ ва пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риоя ва иҷрои шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баҳри амалӣ намудани ваколатҳои муҳими мазкур дар моддаи 69-уми Конститутсияи Тоҷикистон дар 29 банд салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ баён гардидааст.

Ба он пеш аз ҳама муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ба тасвиб расонидани қонунҳо, намояндагӣ намудани Тоҷикистон дар дохил ва беруни кишвар, таъсиси вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, таъин ва озод намудани Сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат, Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудани номзадии раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, муовинони онҳо ва судяҳои ин судҳо дар бораи интихоб ва бозхонд намудан, таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони дигар шаҳру ноҳияҳо, раису муовини раис ва судяҳои судҳои поёнӣ, ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ, паноҳгоҳи сиёсӣ, бахшиши ҷазо, сарфароз гардонидани шаҳрвандон бо мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон ва ғайраҳо мансуб мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод менамояд.

-Муқарроти бобҳои панҷум ва минбаъдаи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суду прокуратура ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бахшида шудааст, ба таври мухтасар чи гуна шарҳ додан мумкин аст? 

-Мувофиқи муқаррароти ин бобҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун мақоми иҷроияи марказӣ аз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад ва роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба таври муттасил ба амал мебарорад. Ҳамзамон иҷрои Конститутсия ва дигар қонунҳо, қарорҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ таъмин мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ мувофиқи Конститутсия ва қонунҳо қарору фармоишҳоро тасвиб мегардонад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.  Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Тоҷикистонро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди маъмурии дахлдор ҳатмӣ мебошад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, салоҳияти онро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра қонуни алоҳидаи конститутсионӣ муайян менамояд.

Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил мебошад, он аз тарафи судяҳо аз номи давлат ба амал бароварда мешавад ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳои худ ба амал мебароранд. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ менамояд, ӯ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи теъдоди умумии аъзо ва вакилони Маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда мешаванд. 

-Чи хеле ки иброз намудем, соли 2024 аз ҷониби Сарвари давлат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидааст. Дар ин самт прокуратураи вилоят чӣ гуна тадбирҳоро амалӣ намуд?

-Мувофиқи Фармони дахлдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли равон, тамоми мақомоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон фаъолияташонро дар самти таблиғу ташвиқ ва шарҳу эзоҳи қонунҳо пурзӯр намоянд.

Аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураи шаҳру ноҳияҳо то имрӯз дар ин ҷода зиёда аз 34821 адад чорабиниҳои ташвиқотию талиғотӣ анҷом дода шудааст, ки аз онҳо 805 адад бевосита ба шарҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 749 адад ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.23 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 752 адад ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, 746 адад ба Ваҳдати миллӣ,  495 адад ба забони давлатӣ, 2329 адад ба мавзуъи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, 828 адад ба қонугузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим,  1615 адад ба қонунгузори марбут ба дар таълиму тарбияи фарзанд ва 681 адад ба шарҳи қонунгузорӣ оиди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бахшида шудааст.

Албатта, дар оянда низ ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти корӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.   

Ташаккури зиёд барои суҳбати пурмуҳтаво!

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh