Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд
- Details
- Published on Monday, 04 November 2024 19:51
4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи мақсад дониста шуд.
Оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.