Санади сарнавиштсози миллӣ
- Details
- Published on Thursday, 07 November 2024 15:51
Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ тавлид ёфта, давраи нави такомули худро оғоз намуд.
Мафҳуми “тоҷик” пайваста байни сафҳаҳои хунини таърих ҷой мегирифт. Матонату ҷасорати родмардони асил тавонист, ки то ҳол ин номи муқаддас бо ҳама бузургияш побарҷо бимонад.
Имрӯз ҳангоми ба забон гирифтани мафҳуми Конститутсия, ҳаёти осоишта ва зиндагии шоиста ба назар намудор мегардад. Маврид ба таъкид аст, ки ин санади сарнавиштсоз дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим бозида, асоси ҳуқуқии ҳамаи соҳаҳои ҳаётро таъмин мекунад. Ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, ба ҳар шахс имкони зиндагии арзандаро фароҳам меорад. Бо баробари ин сохтори давлат ва ҳукумати кишварро муайян мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 - уми ноябри соли 1994 қабул гардидааст. Вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ санаҳои 26 - уми сентябри соли 1999, 22 - юми июни соли 2003 ва 22 - юми майи соли 2016 ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Қонуни Олии марбут ба соли болозикр аз Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Ҷоизи таъкид аст, ки давлат дар такя ба қонун тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, дастнигару бемор ва ғайраро зери назорат гирифтааст.
Конститутсияи Тоҷикистон дар такя ба қонунҳои давлатҳои пешрафтаи дунё ба тасвиб расида, намунаи олии қонунҳост. Дар моддаи якуми Конститутсия меояд, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ба ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 пеш аз қабул шудани қонуни олии мамлакат, аз таъсиси давлате, ки нишонаҳои болозикрро доро буд, ёдоварӣ карда буданд. Ин орзуи Сарвари давлат, ҷомаи амал пӯшиду кишвари мо, ба дастовардҳои воқеан арзанда ноил гардид.
Конститутсия бахтнома ва тақдимкунандаи ҳаёти орому осоишта буда, умеди ҷомеа ба фардои дурахшони кишвар аст.
Мақсади асосии қабули қонунҳои олии конститутсионӣ ин таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон мебошад.
Пешвои муаззами миллат, ҳанӯз соли 2014 гуфта буданд “...тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул карда мешавад”.
Шояд саволе ба миён ояд, ки Конститутсияи охирин қабулшуда, аз солҳои пешин чӣ тафовут дорад? Чӣ сабаб гардид, ки ин санади муҳими давлатӣ аз нав қабул гардад? Метавон ба ин савол ба ин зайл посух дод: Чун дар боло зикр намудем, мо солҳои қабл низ дорои чунин санади муҳим будем, аммо ба талаботи имрӯза на онқадар мувофиқ буд.
Дар санади нав забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ расман қабул гардид. Минбаъд ҳама гуна ҳуҷҷатгузориҳо тавассути забони давлатӣ сурат гирифт. Инчунин рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуд.
Ҷиҳати фарқкунандаи дигари Конститутсия он аст, ки боби алоҳидае дар хусуси ҳуқуқу озодиҳои инсон ба тасвиб расид, ки барои шаҳрвандон манбаи эътимод маҳсуб меёбад.
Лозим ба таъкид аст, ки ҳар шаҳрванд вазифадор аст, зиндагияшро ҳамрадифи Конститутсия сипарӣ кунад.
Бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсия санади муҳим буда, таъмини оромӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро кафолат медиҳад.
Сӯҳроб ОТАЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”