Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- Published on Monday, 04 November 2024 17:54
6 ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар таърихи давлатдории навинамон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, соли равон мардуми сарбаланди кишвари азизамон 30-солагии қабули ин санади сарнавиштсозро ботантана ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат, санаи муҳимми таърихи давлати соҳибистиқлоламон – рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистонро, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ба бунёду таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ, низоми ҳаёти ҷомеа ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт, ба кулли сокинони вилоят сидқан табрику таҳният мегӯям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба зарурату аҳаммияти қабули Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намудаанд: “Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт”.
Боиси таъкид аст, ки дар вазъияти ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ, ноорому таҳдидангези сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии он давра бо иродату ҳамдилии мардуми Ватани маҳбубамон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз нишонаи барҷастаи хирад, суннатҳои таҳаммулгароӣ, фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва созандаи халқи тоҷик мебошад.
Дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли мо моҳияти сулҳҷӯёна доштани сиёсати давлатии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар идораи давлат ифода ёфта, дар баробари ин, ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатҳои дигар низ эҳтиром гузошта шудааст.
Қабул гардидани ин ҳуҷҷати бунёдӣ имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра устуворона нақши арзишманд гузорад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки тибқи таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин “бахтнома, санади оливу мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои давлату ҷомеа” эҳтиром гузошта, барои рушду шукуфоии давлатдории миллӣ ва дар рўҳияи эҳтироми волоияти қонун ва арзишҳои муқаддаси ватандорӣ тарбия намудани насли ояндасоз талош намоем.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, мардуми шарафманди вилоятро ба ифтихори 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рўзгори орому осуда ва ба Ватани маҳбубамон пешрафту шукуфоии пайваста орзу менамоям.
Рўзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад!