Раҷаббой Аҳмадзода сарбозону афсарони қисми низомии 3501-ро бо Рўзи милитсияи тоҷик табрик намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф овард.

Раиси вилоят афсарону сарбозони қисми низомиро бо Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар тули таърихи мавҷудияти худ ва дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон аз тамоми санҷишҳои талхи таърихӣ гузашта, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст.

Аз рўзҳои таъсисёбиаш милитсияи тоҷик роҳи душвору сангинро тай намуда, дар саҳифаҳои худ қањрамониву мардонагии зиёдеро дарҷ намудааст.

Шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар устувор гардонидани сулҳ ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат боиси ифтихор буда, корнамоиҳои онҳо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. 

Сипас, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи хизмати афсарону аскарон ва шароити қисми низомӣ аз наздик шинос гардид. 

Дар қисми низомии 3501-и Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархони идона густурда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh