Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми шарафманди вилоятро бо фарорасии санаи фархундаи таърихи миллат - Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хотирҷамъию хонаободӣ ва ба Ватани азизамон рушду шукуфоии пайваста орзу менамоям. 

Сокинони вилоят чанд рӯз муқаддам бо як ҷаҳон ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ чорабиниҳои Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намуда, ҳамчунин шоҳиди рўйдоди фараҳбахши ба вилоят ташриф овардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд. Дар ҷараёни ин сафар якчанд иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ба шарафи ин дастовардҳо ва сафари кории Пешвои муаззами миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи музаффарият ва муттаҳидию муваффақиятҳо парафшон гардид.

Дар ҳақиқат, Парчами давлатӣ баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад, ки ҳастӣ, таърих, фарҳанг ва моҳияти давлати тоҷиконро ифода карда, далели равшани соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем».

Бо таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ мо ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқи азизамон, ки дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик барои ному нанг ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанги ғанӣ ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд, арҷ мегузорем.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ на танҳо миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, балки тавассути он кишварҳои олам Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Аз ин лиҳоз, чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. 

 Таманно мекунем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи иқболу шараф ва сарбаландӣ дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад !

Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

Add comment


Security code
Refresh