Терроризмро маҳкум мекунем
- Details
- Published on Thursday, 28 November 2024 10:12
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан, аз нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифтааст. Бахусус, аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омўзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм ва экстремизм вуҷуд дошт ва танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо он ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилоти террористӣ, экстремистӣ кӯмак расонида мешаванд. Аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навин аз қабили терроризм, экстремизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.
Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш чунин ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилоти байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеона маҳкум кард.
Дилафрӯз Юлдошева,
омӯзгори Гимназияи №4,
шаҳри Хуҷанд