Нақши ҳокимияти маҳаллӣ дар таъмини меъёрҳои Конститутсия

Соли 2014 дар саросари кишвар мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои бошукўҳи давлатамон, яъне Рўзи бахтномаи миллат 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистонро қайд менамояд, зеро ки 6-уми ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон санади тақдирсози худ, яъне Конститутсияи Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда буд.

Дар ҷашни 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибихтиёр ин санади ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таърихиест, ки он қувваи олии ҳуқуқиро доро буда, дар он манфиату иродаи халқу давлат таҷассум ёфта, таҳкурсии ҳуқуқии ҷамъият эътироф карда шуда, дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифода ва татбиқи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро таъмин менамояд.

Конститутсия ғояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷассумгари асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсати давлатанд. Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле бузург аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, тағйирнопазирии онро дар шакли тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат кафолат медиҳад.

Тибқи моддаи 7-уми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир буда, он аз вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳаҳо иборат мебошад, ки баҳри дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия, қонунгузории Тоҷикистон ва сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр пешбинӣ карда шудааст.

Дар асоси боби 6-уми Конститутсия, ҳокимияти маҳаллӣ бо ду низом - иҷроия ва намояндагӣ таъсис дода шудаанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз намудҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо буда, он дар ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Мутобиқи Конститутсия, мақомотҳои маҳаллии давлатӣ вазифадоранд, ки иҷрои якхела ва дақиқи Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои якҷояи онҳо, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тонро таъмин намоянд.

Вазъи ҳуқуқии мақомотҳои маҳаллӣ дар моддаҳои 76, 77, 78, 79, 80-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муайян шуда, амалӣ намудани фаъолияти он ба принсипҳои қонуният, ошкоро, демократӣ, масъулият дар назди аҳолӣ, мустақилият дар ҳалли масъалаҳо вобаста аз салоҳият, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, дастаҷамъӣ ва яккасардорӣ такя менамояд.

Дар маҳалҳо яке аз шохаҳои ҳокимияти маҳаллӣ ин мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ба ҳисоб рафта, онҳо дар низоми мақомоти намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва ҷои махсусеро доро мебошанд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии намояндагӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, пас дар маҳалҳо маҷлиси вакилони халқии вилоят, ноҳия ва шаҳр ба ҳисоб меравад.

Яке аз хусусияти мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дар он аст, ки он тибқи интихобот дар мўҳлати 5 сол бо назардошти принсипҳои қонуният, озодӣ, баробарӣ, умумӣ, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Дар асоси моддаи 7-уми Конститутсия, ки он таркиби воҳидҳои марзиву маъмуриро муқаррар кардааст, чунин сохтори мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад :

- Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ва маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳои он.

- Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳои он.

- Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва маҷлисҳои вакилони шаҳру ноҳияҳои он.

- Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва маҷлисҳои вакилони ноҳияҳои он.

- Маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия мақоми интихобӣ буда, аз ҷониби интихобкунандагон бо роҳи интихоботи озод, бо риояи талаботҳои Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда шуда, ба он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рўзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, нажодӣ ва мансубияти миллӣ, ҷинс, забон, маълумот, эътиқоди динӣ ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб карданро доранд.

Моддаи 77-уми Конститутсия ваколатҳои мақоми намояндагиро, дар маҳалҳо муқаррар намуда, ҳамзамон кафолат медиҳад, ки маҷлиси мақомоти маҳаллӣ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ намуда, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян ва тартиби андоз ва пардохти онро тибқи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ монда, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян намояд.

Амалӣ намудани меъёрҳои моддаҳои 76-78-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 8-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» таҷассум ёфта, он имконият медиҳад, ки ваколати маҷлиси вакилони халқ пурра, ҳамаҷониба, объективона ва бо риояи принсипҳои қонуният, демократӣ, масъулиятнокӣ, ошкорбаёнӣ амалӣ карда шаванд.

Баҳри самаранок амалӣ намудани вазифаи мақомоти маҳаллии давлатӣ раисони вилоят, шаҳр ва ноҳия ҳамчун намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои марзию маъмурӣ таъин карда мешаванд, ки салоҳияти намояндагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. Дар маҳал намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будани раиси шаҳр, ноҳия шаҳодати низоми ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ваҳдати ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аст.

Яке аз хусусиятҳои раисони вилоят, шаҳр, ноҳия дар он аст, ки онҳо новобаста аз низоми ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар воҳидҳои марзиву маъмурӣ, тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон, фаъолияти худро амалӣ менамоянд.

Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёриву ҳуқуқиро, тибқи Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дар шакли қарор қабул менамоянд, ки онҳо дар воҳидҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар як вақт вазифаи раиси мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатиро иҷро намудани раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, ин ягонагии фаъолияти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияро дар маҳал инъикос намуда, кафолати риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандро амалӣ менамояд, ки он расман дар таҷрибаи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ инъикоси худро ёфта истодааст.

Дар ин замина бо фармони Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ таъин гардидан, ҳолати ҳуқуқии ин вазифа имконият медиҳад, сарварии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ дар маҳал амалӣ карда шавад. Салоҳияту ваколатҳои раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, танзим ва мустаҳкам гардида, имконият медиҳад, вазъи ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллиро дар низоми ҳокимияти давлатӣ муайян созанд.

Қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, тибқи Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул карда шуда, онҳо имконият медиҳанд, меъёрҳои Конститутсия дар бораи татбиқ ва амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина гарданд. Боби 6 моддаи 78-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқӣ ва ташкилу фаъолияти ҷамоатро дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян менамояд. Баҳри амалӣ гардидани ин меъёрҳои конститутсионӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти идораи шаҳрак ва деҳот» ба тас-виб расидааст, ки он мустақилона ва зери масъулият бо назардошти риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани фаъолияти аҳолиро кафолат медиҳад.

Ҷамоатҳо дар маҳалҳо мақомоти худидоракунӣ буда, он имконият медиҳад, баҳри амалӣ гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд кўмаки амалӣ расонанд. Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 402 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис дода шуда, онҳо имконият медиҳанд, ки ба иҷрои талаботҳои Конститутсия, санадҳои Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси вакилони халқ ва раисони онҳо мусоидат намоянд.

Яке аз аломатҳои ҳокимияти халқӣ ҳамчун асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Дар ин асно худидоракунии маҳаллӣ бошад, ҳамчун шакли баамалбарории ҳокимияти ба халқ тааллуқдошта эътироф гардидааст. Иштирок дар идоракунии корҳои давлат ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон буда, онҳо метавонанд, танҳо бо шаклҳои муқаррар - намудаи Сарқонун дар он иштирок намоянд.

Ҳуқуқ ба худидоракунии маҳаллӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

Қонунгузор муқаррар намудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст ва дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд, дар ташкил вафаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок намоянд.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк дар ташкил ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ғайр аз ҳолатҳои дар қонунгузорӣ нишондодашуда, манъ аст. Ҷашни 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҳамчун ҷашни давлатдории миллии тоҷикон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, танзими фаъолияти мунтазами мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукўҳи хосае дорад.

Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонид.

Аз ин нуқтаи назар тамоми дастовардҳоеро, ки тўли 20 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлат гардидааст, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрўз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳалли масоилҳои умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд.

Зафар Қаюмов,
ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд
оид ба назорати иҷрои қонунҳо доир ба ноболиғон
ва ҷавонон, мушовири адлияи дараҷаи II 

Add comment


Security code
Refresh