Оқибати фоҷиабори дасисаи навбатӣ

Бегоҳии 25-уми августи соли ҷорӣ дасисаи навбатии сарҳадбонони ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон дар яке аз манотиқи наздисарҳадии Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо натиҷаҳои пурфоҷиа ба анҷом расид: бар асари оташкушоӣ аз силоҳ ва ба кор бурда шудани воситаи инфиҷорӣ 7 нафар намояндагони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд; ду нафар дар ҷои ҳодиса ба шаҳодат расида, панҷ нафар дар Беморхонаи марказии ноҳиявӣ бистарӣ карда шуданд.

 Мо таҳти роҳбаладии корманди масъули Ҷамоати деҳоти Овчӣ- Қалъача Убайдулло Тошматов ба ҷои ҳодиса рафтем. Шукр, ки ҳоло дар атрофи кўпрукчаи обченкунӣ, ки дар болои канали Хоҷабоқирғон миробҳои тоҷикистонӣ барои ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми об сохта будаанд, оромӣ ҳукмрон аст, лекин дар ҷои фоҷиа трактори аз асари тирҳои вайронкорони сарҳад зарардида ва изи хуни шаҳидони бегуноҳ гувоҳӣ бар он медиҳанд, ки дар ин макон чанде муқаддам рўйдоди мудҳише мардумро ба таҳлука андохтааст.

-Ҳавлии мо дар наздикии кўпрукчаи обченкунӣ воқеъ гардидааст,- ёдоварӣ кард шоҳиди бевосита ва осебдида Ҳалимҷон Сатторов.

- Ман хабардор шудам, ки як гурўҳ силоҳбадастони қирғиз бо либоси низомии сарҳадбонӣ марзи давлатии моро вайрон карда, ба манъкуниҳои наряди ҳузурдоштаи сарҳадбонони тоҷик эътибор надода, ба ҷониби ҳавлии мо ҳаракат карданӣ шуданд.

Мувофиқи гуфтаи шоҳидони ҳол, силоҳбадастони қирғизро як гурўҳ шахсони ғайринизомӣ ҳамроҳӣ мекардаанд. Наряди сарҳадбонони тоҷикистонӣ таҳти сарварии капитан Азамат Азимов ба камшумории худ нигоҳ накарда, бо қатъияти тамом садди роҳи вайронкорон шудааст. Шўру ғавғои меҳмонони нохонда водор намудааст, ки дар муддати кўтоҳ сокинони маҳаллаҳои ҳамҷавор ҷамъ шуда, якдилона ба мадади нигаҳбонони сарҳади Ватани азизамон азми қатъии худро зоҳир бисозанд.

-Ин бори аввал нест, ки ҳамсояҳоямон бар хилофи одоби ҳам-соягӣ ва қонунҳои ҷорӣ сарҳади давлатиро вайрон ва ба хоки мо мегузаранд,- гуфт сокини маҳаллаи наздисарҳадӣ Исломҷон Ҷалилов, ки дар асари сарҳадшиканӣ ва тирпаррониҳои қирғизон аз якчанд ҷои баданаш ҷароҳат бардошта, айни замон дар табобатгоҳ таҳти назорати табибон қарор дорад.- Афсўс, ки ҳамсояҳоямон дар давоми қариб ду моҳи охир ба сарҳадвайронкунӣ тез-тез иқдом карда истодаанд. Масалан, як ҳафта муқаддам гурўҳи калони шаҳрвандони қирғиз ҳамроҳи сарҳадбононашон тракторсавор дар ҳудуди кишвари мо пайдо шуда буданд. Он вақт ҳам барои мадади сарҳадбонони тоҷик фавран ман барин тракторчиҳо ва ронандагон ҷамъ шудему пеши роҳи вайронкоронро гирифта тавонистем.

Ба гувоҳдоди шоҳидони сарҳадшиканиҳои пешина, ҳадафи қирғизон дар шафати кўпрукчаи обченкунии болои канал аз ҷониби Тоҷикистон бунёд кардани посгоҳи худашон будааст, ки ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест. 25-уми август вайронкорон боз ҳамин талабашонро такрор карда, ба соҳили рости канал мавқеъ гирифтанӣ шудаанд. Имрўзҳо аз ҷониби Қирғизистон даъвои беасос паҳн карда мешавад, ки гўё сарҳадбонони тоҷик аввалин шуда тир кушода бошанд.

Намояндаи босалоҳияти роҳбарияти қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин гап комилан дурўғ аст, зеро, сарвари наряди сарҳадчиёни тоҷик, капитан Азамат Азимов бе автомат ҳузур доштааст ва барои ба салоҳ овардани тарафҳои муноқишакунанда кўшиш ба харҷ додааст.

Ҳозирин қариб ором шуда, қирғизҳо бо таклифи наряди сарҳадии Тоҷикистон азми бозгашт карданӣ будаанд, ки ногаҳон аз ҷониби гурўҳи номаълуми қирғизҳо, ки дар баландии соҳили чапи канал шинак гирифта будаанд, аввал ба сари мардум сангпартоӣ оғоз карданд, ки он дере нагузашта ба тирпарронӣ иваз гардид. То ба миён омадани талафоти ҷонӣ сарҳадбонони тоҷикистонӣ ба истифодаи силоҳ иқдом накарданд. Вақте ки ҷавонони баору номус ин тариқа ноҷавонмардона кушта шудани сарварашон ва осеб бардоштани дигаронро бо чашмони худ диданд, ба кушодани оташи ҷавобӣ иқдом намуданд.

-Афсўс, ки ман ба ҷои ҳодиса пас аз рух додани фоҷиа расидам,- бо таассуф изҳор дошт раиси Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъача Fайратҷон Гадойбоев. - Ман шоҳиди даҳшате гардидам, ки ҳамсояҳои муноқишаталаби қирғиз ба хотири амалӣ сохтани нақшаҳои ғаразнок дар ҳаққи бародарони деринаи худ раво дида буданд. Ба кор бурдани гранатамёт ва аз таркиши гулўлаи он ҷароҳат бардоштани панҷ нафар далолат бар он менамояд, ки тарҳи ин дасисаи хунбор бармаҳал ва дар асоси машварати ашхоси масъул омода карда шудааст.

Зарур мешуморам, ки аз таассури саривақтӣ ва тадбирандешиҳои фаврии Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, намояндагони масъули сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Беморхонаи марказии ноҳиявӣ бо камоли сипосмандӣ ёдовар шавам,- гуфт раиси ҷамоат.- Албатта, қурбон шудани ду нафар шаҳрванд моро сахт ба изтироб овардааст. Лекин мо тамоми ҷидду ҷаҳди фаъолонро ба он равона кардаем, ки дар ниҳоди мардум эҳсоси таҳаммул бедор карда шавад. Боварии комил дорем, ки дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассос мардумамон бори дигар дурандешии оқилона зоҳир хоҳад кард. Умедвор ҳастем, масъалаҳои ҳалталаби сарҳадӣ аз ҷониби комиссияҳои босалоҳият, ки ба кор оғоз кардааст, боадолатона ҳал карда мешаванд.

Ҳини бозгашт аз Овчӣ - Қалъача дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Fафуров ҷароҳатбардоштагонро аёдат намудем. Сардухтури беморхонаи мазкур Муродҷон Ҷўраев шахсан моро ба шўъбаи осебшиносӣ роҳбаладӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки айни замон дар шўъбаи эҳё як нафар таҳти назорати пайваста қарор гирифтааст, ки пас аз ҷаҳду талошҳои табибон рў ба беҳбудӣ овардааст.

-Як нафар ярадорро ҷавоб додем, ки оянда табобати амбулаторӣ хоҳад гирифт,- гуфт мудири шўъбаи осебшиносӣ Абдувалӣ Қодиров.-Се нафари дигар бо ҷароҳатҳои миёна таҳти назорати мо мебошанд. Қайд карданам воҷиб аст, ки дар беморхона осебдидагонро Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҳолпурсӣ карданд.

Мо итминони комил ҳосил кардем, ки барои табобати ҷароҳатбардоштагон чораҳои муассир андешида шудаанд, лекин дар умқи чашмони шоҳидони фоҷиа нишонаи изтироб ҳанўз ҷой дошт…

Солеҳи ЗАРИФЗОД,
хабарнигори махсуси
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh