Аёдати осебдидагон

Абдураҳмон Қодирӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, аз вазъи саломатии нафароне, ки дар муноқишаи сарҳадӣ аз тири яроқи марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд, пурсон шуд. Раиси вилоят ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки осебдидагон бо дорувории зарурӣ таъмин карда шуда, вазъи саломатии онҳо зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

Хотиррасон бояд кард, ки тахминан соатҳои 18.20 дақиқаи шоми 25 август аз ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сўи сарҳадбонон ва аҳолии осоиштаи Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров аз силоҳ тир кушоданд. Бар асари он ду шаҳрванди Тоҷикистон - сардори гурўҳи сарҳадбонӣ Азамат Азимов ва сокини Ҷамоати деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нўъмонҷон Набиеви 25-сола ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 26 август дар робита ба задухўрди шоми 25 август дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бар асари он ду шаҳрванди тоҷик кушта ва 5 нафар захмӣ шуданд, ба ҷониби Қирғизистон изҳорот фиристод.

Дар хабари расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Душанбе "бино бар амалҳои ҷониби Қирғизистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 25 августи соли 2014, ки он талафоти ҷониро дар пай дошт, эътирози қатъии худро изҳор мекунад. Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кўшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зўрӣ номақбул арзёбӣ мегардад. Вазорат афзоиши чунин иғвоҳоро дар арафаи гуфтушунидҳои муҳими байниҳукуматӣ, ки ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд, бо таассуф таъкид менамояд."

Дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача алҳол ситод таъсис ёфта, вазъи минтақа зери назорат қарор дорад. Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 460 километраш то ҳол таъин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh