Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

5 феврали соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки беш аз 100 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ҷараён гирифт, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба рӯзноманигорон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон сарҷамъона меҳнат намуда, соли 2024-умро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷа, аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ дар вилоят таъмин гардид. Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақа дар соли 2024 ба 42,4 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 фоиз баробар гардида, ҳиссаи он дар нишондиҳандаи рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба 27,7 фоиз расонида шуд.                

Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 30,4 миллиард сомонӣ расонида шуда, афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 120,1 фоиз таъмин гардид. 

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024-ум 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.           

 Соли 2024 кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд ва дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи умумии зиёда аз 22,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2023-юм афзоиш 113 фоизро ташкил намуд.  

Соли 2024 тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят кишти зироатҳо дар майдони 282,8 ҳазор гектар замин гузаронида шуд. Масоҳати кишти гузаронидашудаи аксари зироатҳо нисбат ба соли қаблӣ зиёд, аз ҷумла, масоҳати кишти шолӣ 1014 гектар, картошка 3668 гектар, сабзавот 94 гектар, аз он пиёз 52 гектар зиёд буда, масоҳати умумии кишти зироатҳо нисбати соли қаблӣ 2515 гектар афзудааст. 

Дар соли 2024 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ дар масоҳати 20 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, кишти такрорӣ дар майдони 24 ҳазору 463 гектар ё 122 фоизи дурнамо таъмин гардид.

Дар соли 2024 баҳри сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 2 млрду 9,8 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,9 баробар зиёд мебошад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблагӣ 2,9 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. 

Ба истиқболи ҷашни фархундаи миллат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд. Дар соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3903 иншоот ва аз оғози маъракаи омодагӣ ба ҷашн 8755 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди таҷдиду тармим қарор гирифтаанд, ки иҷроиши нақшаи умумӣ 73 фоиз ва нақшаи соли 2024 ба 162,8 фоиз таъмин гардид.   

Дар соли 2024 таъмиру тармими 2077 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ, 2628,3 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 639,4 км таъмири асосӣ, 1098,4 км таъмири ҷорӣ ва 890,5 км шағалпӯш гардиданд. 

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2024 ба 19,5 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 108,1 фоизро ташкил намуд. 

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли сипаришуда ба 3 миллиарду 305,5 миллион доллари амрикоӣ ё худ нисбати соли 2023 ба 18,3 фоиз зиёд гардид. 

Ҳаҷми воридот 2 миллиарду 270,6 миллион долларро ташкил дода, ба маблағи 232,5 миллион доллар ё 11,4 фоиз афзудааст. Ҳаҷми содирот бошад ба маблағи 1 миллиарду 34,9 миллион доллар баробар гардида, суръати афзоиш 136,8 фоиз таъмин гардида, нисбат ба соли қаблӣ 278,2 миллион доллар зиёд шудааст.          

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2024 ба андозаи 104,7 Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо маълумот дода, дар охир ба саволҳои рӯзноманигорон вобаста ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди кӯдакистонҳо ва иншооти соҳаи маориф, дастгирии кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди корхонаи коркарди партов ва ташкили маркази ягонаи гармидиҳӣ посух гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh