Вазифаҳо мушаххас шуданд

Дирўз, 27-уми августи соли 2014 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар толори хурди маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони шўъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар он сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ҷамъбаст ва натиҷабардорӣ гардид.

 Дар ҷамъомад Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Сарвари давлатро ҳангоми сафар дар вилояти Суғд баррасӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Роҳбари вилоят зимни суханронӣ рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоятро таҳлил намуда, дар маҷмўъ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят изҳори қаноатмандӣ кард ва бартараф намудани камбудиҳоро тақозо намуд.

Раиси вилоят вазъи кунунии соҳаи саноатро баррасӣ намуда, афзун намудани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноати вилоятро хоса таъкид намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки иҷрои нақшаи ба истифода додани корхонаҳои нави саноатиро таъмин намоянд. Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ бояд 160 корхонаи хурду калон ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин Раиси вилоят барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии қадимаи мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ба таври оммавӣ омўзондани сокинонро аз тамоми гўшаву канори вилоят муҳим арзёбӣ намуд. Зеро тавассути ба роҳ мондани ҳунармандӣ, хоса қолинбофии дастӣ ва адрасу атласи миллӣ меҳнати хонагиро ривоҷ дода, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудан дар шароити кунунӣ имконпазир аст. Роҳбари вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки бо ҳамкории мутахассисон аз ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон омўзондани тарз ва усули қолинбофии эронӣ ва афғониро бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ боз ҳам ривоҷ диҳанд.

Баробари ин бо ишора ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷет аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо ва вуҷуд доштани имкону захираҳои иловагӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки барои таъмини босифату саривақтии нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, инчунин кам кардани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз чораҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин ба вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили фаровони мева, сабзавот ва пахта диққати махсус дода шуд. Дар ин маврид аз фаъолияти нокифояи комбинатҳои консервабарории вилоят изҳори нигаронӣ карда шуд. Ҳамчунин Роҳбари вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта фаъолияти корхонаҳои пахтатозакуниро баррасӣ намуда, қайд кард, ки комиссияи махсус омодагии корхонаҳои номбурдаро аз санҷиш гузаронида, шаффофияти қабул ва коркарди пахтаро аз рўи навъҳои пахта ба деҳқон пешниҳод намояд.

Гузаронидани кишти такрориву тирамоҳӣ яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа ба шумор рафта, дар баррасии он Раиси вилоят аз масъулин тақозо намуд, ки дар мавсими имсола тухмии гандумро сад дар сад иваз намоянд.

- Зеро бо тухмии аълосифат гузаронидани кишти саривақтии такрорӣ имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон рўёнида шавад, - таъкид намуд Абдураҳмон Қодирӣ. Ҳамчунин зиёд кардани майдони кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Ғончӣ низ дар ҷаласаи корӣ хоса таъкид карда шуд.

Масъулони соҳаи кишоварзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ корро ҷоннок намуда, истифодаи технологияҳои муосири соҳаи кишоварзӣ, тухмиҳои аълосифат ва ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ монда, назорати иҷрои талаботи агротехникиро дар маҳалҳо пурзўр намоянд.

Дар арафаи соли нави таҳсил Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас, пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ ва мизу курсӣ, ҳамчунин таъмини мактабҳо бо омўзгорони баландихтисос ва муҳайё намудани шароити зиндагӣ ба муаллимони ҷавон дар деҳот таваҷҷўҳ зоҳир намуда, ба масъулин барои беҳтар намудани сифати таълим дар мактабҳо супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои таъмиру барқарорсозиии роҳҳо ва аз ҳоло омодагӣ гирифтан ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ба назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh