Заминаи боэътимод ба рўзи фардо

 

 

 

Ҳар сол дар саросари ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рўзи якуми сентябр чун Рўзи «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» қайд карда мешавад. Вобаста ба чунин маърака дар ҳар иду айём ва берун аз он кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят, кумитаҳои вилоятии соҳавӣ ва фаъолони ин соҳа чорабиниҳои мухталиф доир менамоянд, ҳамчунин ба оилаҳои ниёзманд кўмаки молиявӣ ва тўҳфаҳо инъом мекунанд.

Дар доираи чунин маъракаи муҳим аз соли пешин то ҳол Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят ва дигар ташкилотҳои марбута чӣ корҳои шоистаро ба анҷом расонданд? Дар доираи ҳамин мавзўъ мусоҳибаи мо бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров сурат гирифт. Ў чунин гуфт:

- Санаи якуми сентябр ҳамасола дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳамчун Рўзи «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» қайд карда мешавад. Шўрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят, кумитаҳои вилоятии соҳавӣ, Шўроҳои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои иттифоқҳои касабаи коргоҳҳо, кормандон ва фаъолон дар фаъолияти ҳаррўзаи худ давоми сол дар доираи «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» корҳои зиёдро анҷом медиҳанд.

Пеш аз ҳама, ба муносибати санаҳои таърихию идҳои миллӣ оилаҳои камбизоат, маъюбу пиронсолон, муассисаҳои махсуси хизматрасонии иҷтимоӣ, хонаҳои бачагон, кўдакон ва наврасони ятиму бепарастор ва ин қабил ашхосро аёдат намуда, тўҳфаҳои хотиравӣ, бештар маводи хўрокворӣ инъом карда мешаванд. Дарозои ҳафт моҳи соли равон ба муносибати идҳои байналхалқии Наврўз, Рўзи Ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Иди Саиди Фитр чунин тоифагон аёдат карда шуданд.

Ба муносибати Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон – 1-уми Май бошад, тибқи барқияи Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҷониби раисони Шўроҳои ҳамоҳангсозӣ, якҷоя бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ гузаронида, аёдати собиқадорони меҳнат, пиронсолону маъюбон бевосита дар ҷои истиқоматашон баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҳисоби маблағҳои Федератсия, кумитаҳои вилоятии соҳавӣ, кумитаҳои иттифоқҳои касабаи коргоҳҳо 1107 нафар, аз ҷумла 173 нафар кўдакони ятим, 573 нафар аз оилаҳои ниёзманд ва 361 нафар пиронсолону маъюбон аёдат карда шуда, бо ин мақсад 63907 сомонӣ маблағ масраф гардид.

- Саидбой Зокирович, шунидем, ки дар таътили тобистонаи мактабиён низ зери ҳамин амалиёт чорабиниҳои зиёд баргузор гардиданд.

- Чорабиниҳое, ки дар доираи «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» аз ҷониби иттифоқҳои касабаи вилоят гузаронида мешавад, хело фарох буда, бештар хотирмон ва бо шукўҳу шаҳомати хоса мегузарад. Ин иқдом дар мавсими таътили тобистонаи кўдакону наврасон бештар зоҳир мегардад ва бо тайёрии ҷиддӣ, хусусан дар ҳамаи бастҳои фаъолияти лагерҳои солимгардонии беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ амалӣ мешавад. Дар доираи «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» кўдакон ва наврасон, бепарастору қобилияти фавқуллодадошта ва аз оилаҳои камбизоатро зери ғамхории ҳамаҷониба қарор дода, пеш аз ҳама, ба онҳо дар истироҳатгоҳҳо роҳхатҳои ройгон дода, дар анҷоми басти истироҳат аз ҳисоби маблағи иттифоқҳои касаба либосҳои варзишӣ ва лавозимоти хониш тўҳфа карда шуд.

Ин буд, ки дар тобистони соли ҷорӣ ба тариқи ройгон истироҳати зиёда аз 400 нафар кўдакону наврасони ятими кулл, нимятим, қобилияти фавқулоддадошта ва фарзандони оилаҳои камбизоатро аз шаҳру ноҳияҳо дар лагерҳои солимгардонии вилоят ташкил намуда, дар охир ба ҳар яки онҳо тўҳфаҳои хотиравӣ, ба монанди лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

- Дар доираи «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» дар баробари мустаҳкам намудани робитаи мактабиёни минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин аз ҳамсояҷумҳур низ толибилмон дар таътили тобистона бо истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар ин бобат муштариёни ҷаридаро огоҳ месохтед?

- Соли ҷорӣ бори аввал чорабинии номбурда берун аз вилоят амалӣ гардид, яъне аз 11 то 22 июл дар доираи талаботи шартҳои Аҳдномаи дўстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои тарафайни Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 15 нафар мактаббачагони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, асосан аз оилаҳои камбизоат ва ятим бо маблағгузории Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ройгон дар истироҳатгоҳи кўдакон, нав-ырасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолият истироҳат карданд. Дар фарҷоми истироҳат ба ҳар яке аз онҳо тўҳфаҳои хотиравии Федератсия ба намуди лавозимоти хониш супурда шуданд.

Дар ин бобат чораҳои мушаххас андешида шуда, бо мақсади мустаҳкам намудани дўстӣ ва робитаи байни мактаббачагони минтақаҳо дар мавсими имсола дар Маркази солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 625 нафар, Ҷумҳурии Қирғизистон 24 нафар, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон 723 нафар ва дар Истироҳатгоҳи кўдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи 20-солагии Истиқлолият бошад, аз вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон 82 нафар, вилояти Хатлон 96 нафар, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 124 нафар, Ҷумҳурии Қирғизистон 25 нафар кўдакон ва наврасон истироҳат карданд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифт, ки санаи 1 сентябр бахшида ба Рўзи “Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ” ва Рўзи дониш ба 20 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор аз мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба ҳар кадоме тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намоянд.

Дар мавсими таътили тобистона дар ҳамаи лагерҳои солимгардонӣ зиёда аз 106000 нафар кўдакон ва наврасон ба истироҳат ҷалб карда шуданд, аз он ҷумла, дар лагерҳои беруназшаҳрӣ 6260 нафар, наздимактабӣ 44750 нафар ва дар дигар лагерҳо зиёда аз 51000 нафар истироҳат карданд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки чорабиниҳое, ки дар доираи «Амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» гузаронида мешавад, мавсимӣ набуда, дар давоми сол ҳамарўза аз ҷониби ҳамаи сохторҳои иттифоқҳои касабаи вилоят амалӣ карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорем, ки пайваста ба ғамхорию ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба ин масъала Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилотҳои ҳамузву зерсохторҳо ин иқдомро минбаъд низ идома медиҳанд. -Ташаккур барои сўҳбат, ба Шумо ва аҳли кормандон дар ин иқдоми кори хайр муваффақият таманно дорем.

Сўҳбаторо
Тавҳида АЛИЗОДА

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh