Қувваи пешбаранда дар мубориза бо терроризм

Беҳтарин неъмати инсон ин тани сиҳат ва хотири ҷамъ аст. Дар ин баробар, метавон ба ин неъмат сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа низ афзуд. Аммо ин тинҷӣ ва осудагӣ ба баъзе ашхоси ношукр писанд нест. Ин қабил одамон имрўз шомил ба қувваҳои бадхоҳу ҷангталаб, ки онҳоро террорист, ифротгаро, худкуш, ҷиҳодталаб меноманд, ҷамъиятҳоеро созмон додаанд, ки ҳамарўза ба харобкорӣ даст зада, даҳҳою садҳо сокинони осоиштаро ба қатл мерасонанд.

Онҳо бо ин рафторашон, ки ғайриинсонист, зиндагии осоиштаи мардумро дар минтақаҳо ноором, хонаводаҳои шодро ғамдор, макони ободро валангор кардаву модаронро аз фарзанду шавҳар, духтарону занонро аз хонаву дар ҷудо карда, нафрати мардуми сулҳдўстро нисбаташон бедор мекунанд.

Ҳамаи ин нобасомониҳои ҷаҳони пурошўбро дида истода, мо мардуми кишвар, ба он ки ҳаёти тинҷу осоишта, фазои орому осуда, Ватани озоду соҳибистиқлол дорем, шукргузорӣ менамоем.

Шукрона мегўем, ки имрўз Тоҷикистони азизамон таҳти сарварии фарзанди фарзонаву сулҳовараш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рў ба фатҳи қуллаҳои баланди бунёдкориву созандагӣ оварда, дар рушду пешрафт мебошад.

Барои зиндагии гуворо, фаъолияти пурмаҳсул, илму ҳунаромўзӣ, бунёди иншоотҳои хурду бузурги саноатӣ, барои обод кардани Ватан ҳамаи шароиту имконияти меҳнатию фароғатӣ, фароҳам оварда шудааст. Он амалҳои ободкориву созандагӣ ва бунёдкорӣ, ки дар кишвар тайи даҳсолаҳои охир ба даст омадаанд, беқиёсанду ҳоҷат ба тавсифи он нест.

Албатта, фаромӯш набояд сохт, ки мақсади асосии ҳар яки ин носипосону ватанбезорон дар чеҳраҳои зери парда доштаи худ мардумро бо суханҳои иғвоангезу амалҳои риёкорона ба доми худ кашидан ва бори дигар Тоҷикистони тинҷу оромро ба майдони ҷанг табдил додан аст. Аммо дигарбора мардуми шарифи Тоҷикистон ба суханҳои иғвогароёнаи ин нохалафону хиёнаткорон гўш нахоҳанд дод.

Аз ин рў, фаъолияти тамоми хиёнаткоронро маҳкум намуда, намегузорем, ки амалҳои зишту кирдорҳои ношоистаашонро идома диҳанд.

Муқаддас СУЛАЙМОНОВА,

омўзгори МТМУ №10,

шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh