Ҳодисаҳои номатлуби замон

Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлубанд, ки осудагӣ ва тинҷии ҷомеаи моро халалдор намуда, ба амнияти мамлакат хатар эҷод мекунанд.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳувияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар қаламрави кишвари мо бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, бетаҷрибагӣ, кам огоҳӣ бесарусомониҳо сурат гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуширо ба амал овард. Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон амалҳои зиддитеррористие ба вуқӯъ омаданд, ки амнияти кишварро халалдор намуданд.

Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем. Масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан, марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди инҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди кишвар аст.

Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.

Мо, омӯзгорон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намуд маҳкум менамоем. Кӯшиш мекунем, ки хонандагону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбанд ва дар оянда мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати Ватанро адо намоянд. Баҳри пешгирӣ аз вабои аср тамоми қувваю маҳорати хешро баҳри тарбияи ҷавонони арзандаи миллат равона менамоем. Онҳоро ба роҳи рост, донишандӯзӣ ва азбар намудани асосҳои донишҳои назариявӣ ва амалӣ равона месозем.

М.Мансурова,

омӯзгори МТМУ №9,

шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh