Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон

 

 

 

Санаҳои 26 – 27 августи соли 2014 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Зимни ин ҷаласа нақшаи чорсўи роҳи автомобилгарди Исфара – Ворух ва нақшаи роҳи автомобилгарди Кўктош – Оқсой – Тамдиқ – Кишемиш мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сохтмони ду пул ва қитъаҳои роҳи автомобилгард аз 31 марти соли 2014, ҳодисаи сарҳадӣ, ки санаи 25 август дар мавзеи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дода буд, инчунин фаъолгардонии ҷараёни делимитсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар як вақт сохтмони тарҳи чаҳоруми азнавтаҳияшудаи роҳи автомобилгарди Исфара – Ворух (бо гузаштан аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон) ва роҳи автомобилгарди Кўктош – Оқсой – Тамдиқ – Кишемиш (бо гузаштан аз деҳаи Тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон аз 31 марти соли 2014, ки бунёди ду пул ва қитъаҳои роҳи автомобилгардро дар назар дошт, то 3 сентябри соли 2014 анҷом дода шавад.

Сохтмон ва маблағгузории ин роҳи автомобилгард ба мансубияти ин ё он тараф хизмат накарда, дар ҷараёни гуфтушунидҳои делимитсия ва демаркатсияи сарҳадҳои давлатӣ амалӣ мегардад. Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои сохтмони роҳи автомобилгард шароитҳои мусоид ба вуҷуд оварда мешавад.

Ҳамзамон дар робита ба задухўрди шоми 25 август, ки дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба вуқўъ пайваст, ҷонибҳо барои ташкили комиссияҳои якҷоя (гурўҳҳои тафтишотӣ - оҷилӣ) оид ба таҳқиқи объективонаи ҳамаи ҳодисаҳои дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рухдода, ба мувофиқа омаданд.

Санаи 4 сентябр бошад, Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири Тоҷикистон ва муовини сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маталиев дар ҳузури ҳайатҳои кумиссиюни байниҳукуматӣ ба сохтмони роҳҳо ҳусни оғоз бахшиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh