Файзи истиқлол: аз куҷоҳо то куҷоҳо…

Ҳакимони гузашта гуфтаанд: одатан тағйирот, эҳё дар маконҳое рух медиҳанд, ки навбунёданд ва ба таъсири муҳит тобеътаранд. Шояд ҳамин тавр бошад. Аммо ман чун адибе, ки ҳанўз бист сол пеш бо гардиши айём аз шаҳри навбунёд ба шаҳри қадим кўч бастаам, ин табаддулотро бештар мушоҳида кардаам.

 

Одатан муҳаққиқон ба санадҳо, ба рақамҳо, ба мисолҳои дақиқ такя мекунанд, ки дар як назар боварибахш аст. Аммо ҳадафи асосии адиб на танҳо мушоҳидаҳои зоҳири рўзгор, балки ботини муҳит аст. Зиёда аз бист соли Истиқлолият, зиёда аз бист соли имтиҳони зиндагӣ ва ҳаёт буд. Ду даҳсола чист нисбат ба қарнҳо? Худ тасаввур кунед, ки чӣ гуна буд шоҳроҳи Хуҷанд то гардишгоҳи шаҳри Чкалов? Чӣ сурат гирифта истодааст! Чи гуна иморатҳо дошт кўчаҳову растаҳои шаҳр? Чӣ гуна биноҳо қомат афрохтанд аз ду ҷониби роҳҳои мумфарш? Мегўянд, ки аз ҳама тағйирнопазир тинати одам, симои инсон, тарзи тафаккурии олами маънавиёташ… Мову шумо сурату сирати мардуми диёри худро солҳои навадум мушоҳида кардаем.

Ба ёд оваред, чеҳраҳои чӣ пиронсолу чӣ ҷавонсолҳои моро дар он айём. На танҳо дар пойтахт, ки маркази ҷангу ҷидолҳо буд, на танҳо дар вилояти Қўрғонтеппа, ки ба майдони бародаркушӣ бадал ёфта буд, балки дар шаҳри Хуҷанди бостонии мо, дар вилояти Суғд, ки дар як назар аз маркази муборизаҳо дар канор буд, он қадар зарбулатеро, аз сар гузаронд, ки ғубораш ба дилу дидаҳо ҷо гирифт. Дунё ба назарҳо торик тофт, охирин риштаҳои умед баргусаста гардид. Бахти мо, саодати мо, мардуми тоҷик ва дигар халқҳои он будааст, ки шермарди миллат ба сари кор омад, ҷони азизи худро рўи каф гирифт ва ҷонҳои беҳолгаштаро мадор бахшид. Бовар ба садоқат бадал ёфт, садоқат ба ваҳдат бадал ёфт ва ваҳдат ба имони комили ҷумла мардум мубаддал гардид.

Ин гуна табаддулот ба қуввае бадал ёфт, ки азми ба ватан боз гаштан авҷ гирифт, давраи бунёдкорӣ оғоз ёфт ва ба дараҷае вусъат гирифт, ки аз ағбаҳо гузар кардан ва ба диёрҳои аз ҳамдигар дур пайвастан осон гашт. Оё имкон дошт дар як фурсати кўтаҳ аз варта ба қулла ҷастан, оё осон буд аз чоҳ ба моҳ расидан ва ё аз нодорӣ ба фаровонӣ расидан?!

Имкон доштааст, агар халқ сарвари хешро шинохта тавонад, имкон доштааст, агар халқ ба қадри ваҳдат расида тавонад. Вагарна аз он доғҳое, ки ҷанги бародаркуш ба дилҳо ҷо кард, раҳоӣ ёфтан осон набуд. Шукри беҳад ба ин гуна гардиш. Сад шукри дигар ба номи Президенти мўҳтарам, ки ин гуна расолатро бар дўш гирифтанд.

Аммо чӣ мегўед, ки дар табиати инсон ноподорӣ ҷо доштааст. Ҳосил шудани муродҳо, орзуву ормонҳо на ҳамеша инсонро ба инсоф, ба андеша, ба таҳаммул мекашидааст. Дам ба дам аз тазоҳуроте хабардор мешавем, ки ба ин ҳама дастовардҳо хатти бадлон задан мехоҳанд. Ҷанги зиёда аз бистсолаи Афғонистон, ҷангҳои қабилавию мазҳабии олами Шарқ, бозиҳои муғризонаи гумоштагони хориҷӣ дар Украина ба мо дарси казоӣ надода истодааст. Баъзеҳоро боз ҳаваси майдонтозӣ ва минбарбозӣ боло гирифтааст, мехоҳанд бори дигар Тоҷикистони азизро ба арсаи ҷанг кашанд ва ба муродҳои пур ғарази хеш бирасанд. Бале, сел андеша надорад, дар тинати сел ободӣ нест, фақат хароб аст.

Давраи худро ҳалолу пок гирифтан ва обро лой карда, моҳӣ доштан гузашт. Ба ҷилваҳои зоҳир бовар кардан гузашт, ба ваъдаҳои моҳир фирефта шудан гузашт. Дар таърихи тамаддун, дар зери чархи гардун боре ҳам нашудааст, ки касе ва ё давлате хонаи шумову мулки шуморо холисона обод карда бошад. Ҳама ҷо ният дигару адоҳо дигар. Вақте расидааст, ки мову шумо ин адоҳоро аз ваъдаҳо фарқ карда тавонем. Ошкоро гўед: кадом мулк обод шуд баъди харобӣ овардан? Кадом мулк ба по шуд баъди аз по афтондан?

Ба ағбаҳои осонгузар, ки дирўз душворгузар буд, шукр кунед. Ба роҳҳои асфалтпўш, ки шаҳру деҳотро зеб додаст, шукр кунед. Ба сабзу хуррамии диёри худ, ки ба чашматон ҳаловат мебахшад, шукр кунед. Ин ҳама неъмат аст, ин ҳама давлат аст, шукр гузореду ба оянда нигаред. Ҳоло сисолагиву чиҳилсолагиҳои Истиқлолият дар пеш аст, шукр гузореду камари ғайрат сахт бандед, то истиқболи он санаҳо боз зеботар ва пуршукўҳтар гузарад…

Муҳиддини Хоҷазод,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh