Нақшаҳои пинҳонии ҲНИТ

 

 

 

Таърих бесамар ва зиддиинсонӣ будани инқилобҳоро нишон додааст. Ҳатто оқилтарин ва хайрхоҳтарин инқилобхоҳон, ки Карл Маркс ва Фридрих Энгелс буданд, агар зинда мебуданд ва оқибатҳои барномаи худро медиданд, шояд аз идеяи инқилоб даст мекашиданд. Инқилоб бе қатлу куштори одамон ва хонавайронию саргардонии онҳо ғайриимкон аст, аз ин рў, хилофи арзишҳои умумиинсонӣ мебошад. Чӣ гуна қотил метавонад даъвои пешрафту шукуфоии инсон ва ҷомеаи инсонӣ кунад?!

Бо як нигоҳи кўтоҳ ба ҷаҳони имрўза, ки ба хотири ҳадафҳои инқилобӣ ҳазорҳо одамони осоишта кушта ва хонаводаву наздикони онҳо мотамзада ва сарсону саргардон мешаванд, мо низ бар зидди Инқилобу инқилобхоҳон эътироз мекунем. Пеш аз ҳама, ба он хотир ки инқилоб, чи сурху чи сиёҳ ва чи рангаву чи беранг, роҳи ҳалли мушкилиҳои инсон ва ҷомеа нест. Балки Инқилоб дар ҷаҳони имрўза барои иваз кардани қудратҳои сиёсии давлатҳои миллӣ ба хотири манфиатҳои абарқудратҳо ҳаст.

Дар кишварҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ ҳукуматҳо иваз ва давлатҳое чун Югославия пора пора шуданд. Дар Ироқ Саддомро ба дор кашиданд ва ба ҷои ў ҳукумати мазҳабиро оварданд, ки имрўз ДИИШ ҷои онро танг мекунад. То моҳи майи соли 2014 дар Ироқ 133 ҳазор нафар бевосита дар ҷанг кушта шуд, ки зиёда аз 70 фоизи он мардуми осоишта буд. Дар давраи ҷанг аз соли 2003 зиёда аз 1,2 миллион мардуми Ироқ ба ҳалокат расидааст. Абарқудратҳо дар Афғонистон ба ҷои комунистҳо муҷоҳидон, ба ҷои муҷоҳидон Толибон ва ба ҷои Толибон Луи Ҷиргаро оварданд. Фақат дар давраи баъди Толибон шумораи кушташудагон аз ҳисоби шаҳрвандони оддӣ зиёда аз 21 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар Либия Каззофиро куштанд ва дар муддати ним сол 25 ҳазор аҳолиро ба қатл расонданд, вале вазъияти кишвар аз пештара бадтар шуд.

Фақат ба хотири иваз кардани режим дар Сурия, абарқудратҳо ҷанги мазҳабиро ба роҳ андохтанд, ки боиси марги зиёда аз 200 ҳазор нафар, асосан мардуми бегуноҳ, гардид. Дар Миср Муборакро барканор карданд ва ба ҷои он Ихвониҳоро бо сардории Мурсӣ оварданд. Аммо як соли ҳокимияти Ихвониҳо нишон дод, ки онҳо ба ҷуз даъво дигар коре карда наметавонанд. Махсусан соҳаҳои энержӣ ва хизматрасонии кишвар ба буҳрони амиқи иқтисодӣ гирифтор шуд. Монанди ин мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. Ҷаҳони Ғарб бо сарварии абарқудрати Амрико имрўз дар гирди кишварҳои собиқ Шўравӣ ва исломии Шарқи Миёна ва Наздик мечархад ва тори инқилобҳои исломиро метанад. Магар ҳадафи ниҳоии он демократӣ ва ҳуқуқбунёд кардани ин кишварҳо ва ҳукуматҳои онҳо буд? Не, албатта. Балки ҳадаф аз иваз кардани режимҳо ба вуҷуд овардани шароит ва омилҳое мебошад, ки онҳоро дастнигари ин абарқудрат гардонад.

Омили асосии дастнигарии кишварҳои исломӣ ба Амрико худи Ислом мебошад. Ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, Амрико дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳаракате, ки дар солҳои 1970-ум бо ташаббуси Ихвон ул муслимин ташаккул ёфтааст. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр” (политика терпения)-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тўли 5 соли охир талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад.

Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пасон инқилобро роҳандозӣ кунанд. Ин усулро ячейкаи ин ҳаракати эктремистӣ дар Фаластин бо номи ҲАМОС дар солҳои 1960-1970-ум ба роҳ монда буд. Онҳо ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз қабили масҷиду мадрасаҳо сохта, дингароиро дар байни ҷавонон тақвият доданд ва фақат аз солҳои охири 1980 ба амалиёти сиёсӣ ва ҳарбӣ даст заданд. Бо роҳи пайваста тарс додани мардум аз Исроил чун режими саҳюнистӣ ва дунявӣ дар минтақа, давлати исломиро чун роҳи ягонаи наҷот муаррифӣ карданд. Ба назар чунин менамояд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ин таҷрибаи Ихвониҳо истифода мебарад, аммо мисли ҲАМОС сабур нест, ки даҳсолаҳо интизор шавад ва баъд ба амали рўирост гузарад.

Бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравони ҲНИТ ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо касро ба андеша водор мекунад. Шояд онҳо хомўшона бо ин амалкардҳо ва нақшаҳо ҳамфикр ҳас-танд. Шояд онҳо низ мехоҳанд Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме чун Сурия, Ироқ, Ливия, Украина ва Афғонистон бошад. Куҷо шуд даъвои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бораи ҳуқуқи башар, баробарии зану мард, ҳуқуқи кўдак ба сулҳ, таълим ва ҳимояи давлатӣ. Магар ҳамаи ин даъвоҳо баҳона нестанд барои амалӣ кардани нақшаи абарқудратҳо?

Ба назар чунин мерасад, ки ҲНИТ давоми дасти хунолудаи шабакаи Ихвон-ул-муслимин аст ва ё тавассути шабакаҳои исломии Фатҳулло Гулен ба Қасри Сафед мепайвандад. Вагарна ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал кардан намешавад. Дар тўли таърих ҶАНГ ҳеч гоҳ ягон мушкилиро ҳал накардааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ будааст. Яъне ҲНИТ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ амал мекунад. Ба худии худ, соҳиб шудан ба қудрати сиёсии давлат айбе надорад ва дар Конститутсия низ пешбинӣ шудааст. Аммо ҲНИТ барои мо чӣ алтернативае оварда метавонад. Яқин аст, ки ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва ҳатто аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум мешаванд. Дар ҳоле ки фақат мусулмонон метавонанд аъзои ин Ҳизб бошанд.

ҲНИТ, ки худ дастхуш (марионетка)-и дастнигарон (бозичаҳо)-и абарқудратҳо аст, дар гирди худ дастхушҳои дараҷаи сеюмро аз ҳисоби ҳизбу ҳаракатҳои тоҷик ҷалб кардааст. Ба ин, пеш аз ҳама, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раҳматилло Зойиров, Гурўҳи 24-и Умаралӣ Қувватов ва ҳаракати “Ватандор”-и Додоҷони Атовулло дохил мешаванд. Шояд онҳо эътироз мекунанд, ки онҳо мухолифи ҳукумати феълии кишвар ҳастанд ва аз ин рў, бо ҲНИТ ҳамкорӣ мекунанд. Аммо таърихи кўтоҳ, бебарор ва масхараомези ИНИТ (Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон) ва мусоҳибаи Р. Зойиров дар рўзномаи “Нигоҳ” далели бозичаи дасти ҲНИТ будани онҳо мебошад. Ё худ мусоҳибаи Додоҷони Атовулло дар шабакаи телевизионии ВВС-и форсӣ ва ҳақоратномаҳои фейсбукии ў нишонгари он аст, ки ў ба ҷуз Тўраҷонзодаҳо ва Кабириҳо каси дигареро дар сари қудрат дида наметавонад. Умаралӣ Қувватов як тоҷири нокоме аст, ки ба ҷуз духтарони тоҷикро ба пирҳои афғони худ фурўхтан коре барои миллати тоҷик карда наметавонад.

Дар байни ҳамаи ин “мухолифон” Раҳматилло Зойиров шахси донишманд ва ҷиддӣ менамояд. Аммо саволи мо ба ў ин аст, ки: Чаро шумо баъди масхарабозиҳои Кабирӣ ва ёронаш ва сўиистифодаи ИНИТ барои ғаразҳои шахсӣ ва ҳизбиашон ба худ наомадед? Чаро аз онҳо ҷудо нашудед, дар ҳоле ки онҳо шуморо дар рўзи равшан фиреб доданд ва масхара карданд? Ё магар ғуломи ҳалқабаргўши наҳзатиҳо ҳастед? Магар ба шумо дарс нашуд, ки дар солҳои 90 аксарияти “демократҳо” худро дар бағали муллоҳо андохтанд? Баъзеҳо, чун Бозор Собир, Шодмон Юсуф ва Тоҳири Абдуҷаббор пушаймон шуданд, вале баъзеҳо чун Додоҷони Атовулло ба ҳақоратгў ва “фоҳишаи сиёсӣ” табдил ёфтанд. Магар шумо ҳам мехоҳед дар оқибати кор пушаймон шавед ва ё чун Додоҷони Атовулло роҳгум занед? Шояд шумо ба Евромайдони Украина барои “таҳқиқот” рафта будед. Вале агар дар пайи пиёда кардани “майдон”-и дигаре дар Тоҷикистон таҷрибаи неофашистонро омўхта бошед, ба шумо итминон медиҳам, ки на ба манфиати озодию демократия ва ҳатто на ба манфиати шахсию ҳизбии худ, балки ба манфиати ҲНИТ кор хоҳед кард. Чуноне ки Кабирӣ ва Тураҷонзода ИНИТ-и шуморо дуздиданд, ин дафъа низ “таҷриба”-и Евромайдони шуморо хоҳанд дуздид. Чуноне ки таҷрибаи гирдиҳамоии беҳадафонаи Тоҳири Абдуҷабборро дуздида ва кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд.

Барои шумо ва барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии Ироқ, Ливия, Миср, Сурия ва Украина, ки гўё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рўзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ кӣ ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пўшида нест. Барои ҳамин, онҳо бисёр иштиёқманд ҳастанд, ки чунин “сармоягузорон”-ро ҷалб кунанд. Ва аллакай кардаанд. Агар Кабирӣ сармоягузорони хориҷӣ намедошт, наметавонист дар давоми соли 2013 34 маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, 139 рўз берун аз кишвар зиндагӣ ва “фаъолият” кунад. Танҳо маблағи чиптаҳои ҳавопаймо барои сафарҳои хориҷии номбурда, бе назардошти хароҷоти хўрок, истиқомат, раводид ва ғайра, беш аз 31 ҳазор доллари амрикоиро ташкил намудааст. Дар давоми 7 моҳи соли равон Кабирӣ 15 маротиба ба сафари хориҷӣ баромада, тўли 83 рўз дар давлатҳои хориҷӣ қарор доштааст. Ў бештар ба кишварҳои исломие чун Туркия, Эрон, Афғонистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Дубай ва ғайра сафар кардааст. Мақсади аслии сафарҳо ва мулоқоту вохўриҳо бо роҳбарони марказҳои динӣ, сиёсатмадорони алоҳидаи ифротгаро, рўҳониёни мутаассиб, ин ҷалби сармояи хориҷӣ барои роҳандозӣ намудани фаъолияти ҲНИТ мебошад. Ҳамчунин, ў ва дигар фаъолони ҳизбаш зимни сафарҳояшон ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон кўшиш менамоянд, ки бо муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот анҷом дода, афкори бардурўғро дар миёни онҳо паҳн созанд.

Бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Ба қарибӣ ў дар яке аз сафарҳои хориҷиаш бо намояндаи ҲАМОС, ки як бахши ҳаракати эктремистии Ихвон-ул-муслимин мебошад, вохурда, зиёда аз 32 ҳазор доллар “кўмаки башардўстона”-и худро “таслим кард”. Ў 26 июли соли 2014 дар маркази “Диалог” бо таҳсилкардагони тоҷик дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Русия ва Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин вохўрӣ тасмим гирифта шудааст, ки ин толибилмони тоҷики муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ ба сохтори “Дастёрони наҳзат” шомил гарданд. Онҳо ба ду гурўҳ ҷудо шуда, гурўҳи аввал дар ZELLO ва гурўҳи дуюм дар Фейсбук ҲНИТ ва нақшаҳои эктремистии онро тарғиб менамоянд ва вобаста ба фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ вокунишҳои манфӣ паҳн месозанд.

Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

Cамариддини Қиём
Бознашр аз рўзномаи «Ҷумҳурият», №163 (22468) аз 19-уми августи соли 2014

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh