Оғози Ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ

Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абўбакр). - Дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Ислом Каримов иштирок доранд.

 

Аз кишварҳои нозири СҲШ дар ин ҷаласа Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рўҳонӣ ва Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж иштирок доранд. Ҳиндустонро дар Саммит вазири корҳои хориҷӣ Сушма Свараҷ ва Покистонро мушовири Сарвазир оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз намояндагӣ мекунанд.

Дар Саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе намояндагони кишварҳои шарики мубоҳисавии Созмон аз давлатҳои Беларус, Туркия, Шри-Ланка, инчунин созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар саммит ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок мекунад. Ёдовар мешавем, ки саммити сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанберо беш аз 500 журналисти хориҷӣ ва дохилӣ инъикос менамоянд.

Add comment


Security code
Refresh