Рушди ҳокимияти судӣ

Таърихи таъсисёбии суди шаҳри Конибодом ба табодулоти даврон мувофиқ буда, алъон мо чанде аз он саҳфаҳоро варақгардон менамоем: Шаҳри Конибодом 14-уми феврали соли 1927 аз тобеияти вилояти Фарғона ба ҳайати округи Хуҷанд дохил шуда ва санаи 1-уми сентябри соли 1929 Округи Хуҷанд, аз ҷумла шаҳри Конибодом аз ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷудо шуда, ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст. Аз ҳамон вақт фаъолияти суди шаҳри Конибодом дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва дар низоми ягонаи системаи судии собиқ Иттифоқи Шўравӣ идома ёфтааст.

 

Очабону Шукурова, Абдураҳмон Ҳодимов, Темирҷон Орифов, Муҳаррамҷон Аҳмадбаева, Алӣ Шодиев, Шокирҷон Бобоҷонов, Тошӣ Сангинов ва дигарон аз аввалин раис ва судяҳои суди шаҳри Конибодом буда, дар бунёд ва ташаккули он саҳми беандоза гузоштаанд.

Танҳо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои бунёди ҳокимияти судӣ, ки дар воқеъ мустақил аст, замина гузошта шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баробари дигар пояҳои давлат барои бунёд, ташаккул ва таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судяҳо замина гузоштааст.

Давоми 23 соли истиқлолияти давлатӣ дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қадамҳои нахустин ва устувор дар бунёди ҳокимияти мустақили судӣ гардидааст.

Конститутсия муқаррар намудааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Конститутсия мақоми ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ муқаррар ва принсипҳои конститутсионии мустақилияти ҳокимияти судӣ ва манъи дахолат ба фаъолияти судяҳоро пешбинӣ намуда, барои ташаккули ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошта, сарчашмаи асосӣ гардидааст.

Ду ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003, яъне ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мазмуну мўҳтавои Қонуни Асосиро такмил дода, хислати демократии онро таҳким бахшид ва барои рушди ҳокимияти судӣ таъсири бевосита расонд. Соли 1999 дар асоси тағйироти воридшуда ба Конститутсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти коллегиалӣ - Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода ва фаъолияти бомароми он ба роҳ монда шуд.

Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати раис ва муовинони раиси Шўрои адлия, Раиси Суди Олӣ, намояндагони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад, масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъминоти моддию техникӣ ва ташкилии мақомоти судиро ба зимма гирифтааст.

Бори аввал дар таърихи худ судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тобеъияти идоравии Вазорати адлия - ҳокимияти иҷроия бароварда шуданд, ки бешубҳа, марҳилаи сифатан нав дар таҳкими ҳокимияти судӣ гардидааст.

Дар асоси тағйироти воридшуда ба Қонуни Асосӣ мўҳлати ваколати судяҳо, ки қаблан 5 сол буд, то 10 сол муқаррар карда шуд. Бо супориши Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба мўҳлати якумра таъин намудани судяҳое, ки зиёда аз 10 сол фаъолияти бенуқсон бурдаанд, мавриди омўзиш қарор дорад, ки амалишавии ин иқдом фаъолияти судяҳоро мўътадилтар гардонида, ба мустақилияти онҳо мусоидат менамояд.

Барои бо воситаи қонунҳои махсус кафолат додани мустақилияти судяҳо асосу заминаи ҳуқуқӣ гузошта шудаанд. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқат кардани қонунҳоро ба Конститутсия ва дигар масъалаҳои барои ҷамъият ҳаётан муҳимро баррасӣ менамояд ва бо ин восита риоя ва иҷроиши Қонуни асосиро назорат ва таъмин менамояд, таъсис дода шуда, бомуваффақият фаъолият бурда истодааст. Судҳои арбитражӣ ба судҳои иқтисодӣ, ки баҳсҳои иқтисодиро бо иштироки ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ баррасӣ менамоянд, табдил дода шудаанд.

Дар маҷмўъ, низоми ягонаи судӣ, ки аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои умумии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, судҳои ҳарбӣ ва судҳои иқтисодӣ иборат аст, бунёд карда шудааст.

Беэҳтиромӣ нисбат ба суд, таҳдид ё зўроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, иҷро накардани ҳукми суд, ҳалномаи суд ё санади дигари судӣ, гувоҳии бардурўғ ва дигар кирдорҳои ҳаммонанд мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф шудаанд ва содир намудани чунин кирдорҳо бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ гардидааст.

Қабул ва татбиқи ду Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои давраҳои солҳои 2007-2010 ва солҳои 2011-2013 ба иҷрои талаботҳои Қонуни асосӣ равона гардида, дар рафти онҳо корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд: Аз ҷумла, дар доираи ин барномаҳо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти судҳоро ба танзим медароранд, дар таҳрири нав ва мутобиқ ба Конститутсия ва санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабул карда шудаанд.

Аз ҷумла, баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асосу заминаи он Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гражданӣ, Кодексҳои оила, манзил, замин ва ғайра, ки муносибатҳои ҷамъиятии ба ҳар шаҳрванд дахлдоштаро танзим менамоянд, дар таҳрири нав ва мутобиқ ба шароити имрўза қабул карда шудаанд.

Ҳамаи қонунҳои мурофиавӣ ба Конститутсия мутобиқ гардонида шуда, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда шудаанд.

Дар раванди татбиқи қонунҳои мазкур ва аз рўи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ баррасии парвандаҳои гурўҳҳои алоҳида махсус гардонида шудаанд. Аз ҷумла, баррасии парвандаҳои оилавӣ, ки қисми зиёди баҳсҳои баррасишавандаро ташкил медиҳанд, ба намуди алоҳидаи мурофиа ҷудо шуда, бо ин восита, сифати баррасии чунин баҳсҳо беҳтар шудааст.

Дар Суди Олӣ ва судҳои вилоятӣ коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ таъсис дода шудаанд. Низоми хоста гирифтан ва таъин намудан ба вазифаи судягӣ ба таври куллӣ тағйир дода шуда, вазифаи коромўз-судя ҷорӣ карда шудааст ва бо мақсади ба оғози фаъолият омода намудани судяҳои ҷавон дар назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази таълимии судяҳо таъсис дода шудааст.

Танҳо соли гузашта, зиёда аз 50 нафар довталабон тариқи озмуни кушоду шаффоф ба вазифаи коромўз-судя қабул гардида, дар маркази таълимии судяҳо таҳсил ва дар як вақт, дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба меомўзанд. Судяҳои амалкунанда ҳамасола ба Маркази таълимӣ ҷалб карда шуда, курсҳои махсуси такмили ихтисос мегузаранд.

Соли 2009 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, аз 1-уми апрели соли 2010 мавриди амал қарор дода шудааст, ки мувофиқи он анҷоми амалҳои мурофиавӣ, ки ба ҳуқуқҳои Конститутсионии шахс дахл доранд, танҳо бо иҷозати суд роҳ дода мешавад.

Соли 2008 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва соли 2013 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд, ки мувофиқи онҳо баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо таъини ҷазоҳои ҳабс, маҳрум намудан аз ҳуқуқи махсус, берун намудан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра вобаста буда, ҳуқуқи татбиқи чунин ҷазоҳо танҳо ба зиммаи судҳо вогузор карда шудааст.

Бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи роҳбари давлат барои фаъолияти Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави замонавӣ бунёд карда шуда, биноҳои мавҷуда аз таъмирҳои хушсифат бароварда мешаванд.

Таъминоти моддию-техникии судҳо рўз ба рўз беҳтар гардида, онҳо бо техника ва таҷҳизотҳои муосир таъмин карда мешаванд. Музди меҳнати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо давра ба давра зиёд карда шуда, таъминоти иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.

Танҳо дар давоми ду соли охир зиёда аз 100 воҳидҳои нави кории судягӣ ва кормандони дастгоҳи судӣ таъсис дода шудааст, ки ин ҳам барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ мусоидат намудааст. Шаффофияти фаъолияти мақомоти судӣ таъмин гардида, дар ҳамаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сомонаҳои расмии судҳо таъсис дода шудаанд.

Соли ҷорӣ бо Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таҳрири нав қабул намуд.

Дар Паёми имсола Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро таҳти таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, чунин қайд намуданд: «Барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрўз корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд» Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо Барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст.

Чораҳои то имрўз андешидашуда низ, боиси боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ гардид, чунончӣ, соли 2013 суди шаҳри Конибодом ҳамагӣ 3419 парванда ва маводҳоро баррасӣ намуд. Дар нимаи аввали соли 2014-ум 52 парвандаи ҷиноятӣ, 174 парвандаи гражданӣ, 649 парвандаи оилавӣ, 602 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 39 пешниҳоди муассисаҳои иҷрои ҷазо, 24 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва дар маҷмўъ 1565 парванда ва маводу дархостҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Суди шаҳри Конибодом дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси мақомоти судӣ низ саҳми назаррас гузоштааст. Муовини раиси суди вилояти Суғд М. Латифзода, судяҳои суди вилояти Суғд С. Ваҳҳобов ва Н. Ёдгорова, раиси суди шаҳри Исфара А. Абдуллозода, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ғ. Сангинов, судяи суди шаҳри Истаравшан Қ. Аҳмадзода, муовини раиси суди шаҳри Панҷакент Т. Ҳафизов, раисони пешина ва судяҳо Т. Сангинов, Қ. Мазбутов Қ, Т. Бобоев, К. Қурбонов, К. Бобокалонов, Р. Ҳайдарова ва даҳҳо нафари дигар аз доираи шахсоне мебошанд, ки дар суди шаҳри Конибодом фаъолият бурда, дар ба амал баровардани адолати судӣ ва ташаккули суди шаҳр саҳми калон гузоштаанд.

Пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки халқи тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардидааст, барои минбаъд инкишоф ёфтан ва ба сатҳи умумиҷаҳонӣ баровардани мақомоти судӣ мусоидат хоҳад кард. Боварӣ дорам, таҳти роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судии дар воқеъ мустақил, ки ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як шаҳрвандро сари вақт ва бо сифат ҳифз менамояд, бунёд мегардад.

Исо ТАВАККАЛЗОДА,
раиси Суди шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh