Маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- Published on Friday, 04 April 2025 15:56
4 апрели соли 2025 дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши бошукӯҳу тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси вилоят изҳор дошт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ду марҳила гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзи фарзандӣ, балки мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҳар ҷавонмарди баору номус мебошад.
Раиси вилоят зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат арзёбӣ намуда, ҷавононро нерӯи пешбаранда ва такягоҳи боэътимоди давлату миллат мешуморанд.
Дар шароити имрӯза бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати мудофиа барои сарбозон шароити мусоиди хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Ин тадбирҳо ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар марҳилаи байнидаъватӣ боис гардид, ки дар даъвати баҳорӣ беш аз 2180 нафар ҷавонмардони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёран худро барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис намоянд.
Имрӯз бошад, дар аввалин навбати гусел 1700 ҷавони сарбаланд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристода мешаванд. Чеҳраҳои хандон, рафтори намунавӣ ва рӯҳияи масъулиятшиносии ҳар як даъватшаванда далели он аст, ки онҳо хизмати Модар-Ватанро ифтихори бузург медонанд.
Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва як қатор ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳо бо сарбаландӣ нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Раиси вилоят ба даъватшавандагон – фарзандони содиқу сарбаланди миллат роҳи сафеду хизмати пуршараф орзу намуда, барояшон комёбиҳои беназир таманно кард.
Дар идомаи чорабинӣ маросими "Нонгазон" баргузор гардида, аҳли фарҳанги вилоят бо намоиши барномаи рангини консертӣ табъи ҷавонон болида намуданд.
Пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ даъватшавандагон бо рӯҳияи ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд, то рисолати фарзандӣ ва мардонагии худро бо ифтихор иҷро намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд