Зуҳуроти нанговар
- Details
- Published on Thursday, 10 April 2025 08:46
Имрӯз яке аз мушкилиҳое, ки ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарафзо мебошад.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна зуҳуроти номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди зуҳуроти нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он метавонад ба ифротгароӣ сабзида расад.
Дар марҳалаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёлӣфирефтаи таълимоти гӯё «динӣ» онҳоро бар зидди Ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонида, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Бештари ҷавонон аз сабаби саводи кофӣ надоштан ва сатҳи пасти маърифатнокӣ даст ба хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат мезананд, ки ин боиси нигаронии аҳли башар аст.
Имрӯз давлати мо соҳибихтиёру дунявӣ ва соҳиби Конститутсия, муқаддасоти миллӣ буда, сулҳу салоҳ дар ин Ватани аҷдодӣ ҳукмфармост. Аз ин хотир, мо бояд шукргузори ин давлату миллат бошем ва барои дар рӯҳияи меҳанпарастиву худшиносии миллӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми босазо гузорем.
Абдураҳмонзода Парвиз Абдуфаттоҳ,
иҷрочии Хадамоти иҷро дар
Суди иқтисодии вилояти Суғд