Таҳкими дўстӣ ва некўҳамсоягӣ

“Ман ба Шумо сулҳ меоварам!” ин аввалин Паёми Пешвои муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат ба мардуми Тоҷикистон буд ва воқеан ҳам, дар фурсати кӯтоҳтарин танини шодии оштиву созиш, сулҳу  ваҳдати миллӣ навиди бозгашт ба асолати зиндагӣ гашт. Баъди расидан ба сулҳу субот дар кишвар, тарҳи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун намунаи барҷастаи фарҳанги сулҳофаринӣ дар саросари ҷаҳон эътироф шуд.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳпарваронаи хешро идома бахшида, хостори таҳкими сулҳ дар арсаи ҷаҳон  аст. Ин аст, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди  қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» садо дод. Воқеан, ин ташаббуси Сарвари давлат паёми зиндагисоз ва фардоофарин аст. Ҳифзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар маркази сиёсати давлат ва ҷомеа қарор гирифтааст ва мусаллам аст, ки ин омил Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта ва муосир табдил хоҳад дод.

Таҳкими сулҳ бо ҳамсоякишварҳо ва барқарор намудани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар собит месозад, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон талошҳои ҷиддиро роҳандозӣ мекунанд.

Сулҳу субот талаботи муҳими рушди устувор ва беҳбудии минтақа мебошад. Боз шудани гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеияти муҳимест, ки ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва некӯҳамсоягӣ ва равобити иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири мусбат мерасонад. Ин рухдод имкон медиҳад, ки мардум ба осонӣ аз як кишвар ба кишвари дигар равуо кунанд, тиҷорат ва мубодилаи молҳо осонтар шавад ва ҳамкориҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ рушд кунанд.

Албатта, бозкушоӣ шудани  хатсайрҳои ҳавоӣ  ва гузаргоҳҳои заминӣ  фазои созанда ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмии мардуми ду кишварро равнақ хоҳад дод. Бахусус, сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ аз ин падидаи фараҳафзо бештар хушҳолӣ доранд.

Санаи 13-уми марти соли 2025 дар саҳифаи таърихи сулҳоваринии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро  дар ин рӯз Президентони ду кишвар дар маросими маҷозии кушодашавии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон  ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Он рӯз гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон –Қизил-Бел” ва “Маданият- Кайрағоч”  фазои идона дошт ва мардуми тоҷику қирғиз ҳамдигарро бо пирӯзии дӯстиву  пойдории анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ таҳният мегуфтанд. 

-То ин дам ҳавои сарҳад сарду абрнок буд. Кушода шудани осмонаш, рухи офтобаш, бӯи баҳораш умедҳои фардоро дар дили мардум зинда гардонид. Интизории мардуми ҳарду ҷониб, ашки шодии онҳо гаронтар аз зару тиллост. Имрӯз халқи тоҷику қирғиз аз шаҳди меваи саодати сулҳ чашида, аз гулҳои тозашукуфтааш нашъа бардошта, мамнунанд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда аз номи мардуми Ворухзамин, ба сарвари кишварамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён менамоям, -мегӯяд Бахтовари Усмон сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара.

Воқеан, боз шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон имкониятҳои нав ва умедвории навро ба вуҷуд овард. Ин дастовард барои таҳкими сулҳ ва ҳамкориҳо дар минтақа муҳим аст. Махсусан, имрӯз, дар марҳалаи мушкили ҷаҳонишавӣ дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни миллатҳо арзишмандтарин неъмат аст. Ин раванд метавонад намунаи хубе барои дигар кишварҳои минтақа бошад, ки мехоҳанд муносибатҳои худро таҳким бахшанд.

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh