Мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб
- Details
- Published on Thursday, 10 April 2025 08:51
Имрӯз падидаҳои экстремизм ва терроризм ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Ин вабои аср кишварҳои зиёдро фаро гирифта, суботу амнияти ҷомеаҳои муосирро зери хатар қарор додааст. Давлатҳои ҷаҳон талош доранд бо ин зуҳуроти хатарзо муборизаи ҷиддии сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт бетараф набуда, ифротгароӣ ва терроризмро аз масъалаҳои доғи рӯз медонад. Ҳукумати кишвар пайваста шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки аз амалҳои номатлуби зиддибашарӣ канора гиранд ва ба роҳи донишандӯзиву худогоҳӣ қадам гузоранд. Зеро сабаби асосии шомилшавии афрод ба ҳаракатҳои ифротӣ, маҳз набудани дониши кофии динию дунявист.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиҳати пешгирии чунин равандҳои хавфнок бояд корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ пайваста ва ҳамаҷониба сурат гиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари татбиқи тадбирҳои мушаххаси зидди экстремизм ва терроризм, ҷомеаи байналмилалиро низ ба муттаҳидшавӣ дар ин самт даъват мекунад.
Бо вуҷуди ин, дар бархе кишварҳо терроризм ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад, ки хеле хатарнок аст. Аз ин рӯ, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, бояд аз тамоми захираҳо ва имкониятҳо истифода бурда шавад.
Мутаассифона, баъзе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба минтақаҳои ҷангзада рафтаанд. Аксари онҳо ҷавононеанд, ки аз маърифати динии дуруст бархурдор нестанд. Барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо, зарур аст, ки ҳама сохторҳои ҷамъиятӣ, таълимӣ ва оилавӣ якҷо амал намоянд ва тарбияи насли навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва донишу маърифат ба роҳ монанд.
Имрӯз роҳу воситаҳои таъсиррасонии гурӯҳҳои террористӣ ба шуури ҷавонон бисёр гуногунанд — тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои ғайрирасмӣ ва дигар васоити таблиғотӣ. Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷик бояд дар ҳар куҷо бошанд, ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор кунанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд дар шароити ҷаҳонишавӣ бо эҳсоси баланди масъулият дастовардҳои Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намуда, дар ҳамаи самтҳо аз таълиму тарбия то рушди иҷтимоиву иқтисодӣ — саҳмгузор бошем. Хусусан, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои мост.
Наргис КАРИМОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
№6-и ноҳияи Айнӣ