Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон

Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Муқаррароти мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гаштааст. Ҳанўз соли 1929 вазъи ҳуқуқии вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҳайати Ҷумҳурии мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар моддаҳои 58-65, боби 8, фасли 4 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии мухтор муайян шуда буд. Баъдан, солҳои 1931, 1937 ва 1978 дар конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон фаслу бобҳои мустақил ба танзими вазъи ҳуқуқии ВМКБ бахшида шуда буданд. Имрўз ҳам ин таҷрибаи сохтмони давлатӣ идома дорад.

 

Соли 1994 дар Конститутсияи давраи истиқлолият боби ҳафтум «вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон» номида шудааст. Дар муайян намудани вазъи ҳуқуқии ВМКБ ҳаминро ба эътибор гирифтан зарур аст, ки он давлат намебошад. Вазъи ҳуқуқии он ба вилояти маъмурӣ наздик аст, вале ба он як нест.

Ҳамзамон тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон» низ таъкид шудааст, ки вилояти мазкур қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад. Дар ин меъёр хусусияти миллии вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон сабт нашудааст. Зеро ҳайати этникии ВМКБ гарчи гуногунранг бошад ҳам, сокинони он асосан тоҷикон маҳсуб меёбанд.

Муҳити махсуси ҷойгиршавии ҷуғрофии сокинони ин минтақа ба тарзи ҳаёти онҳо таъсир гузошта, боиси пайдоиши арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ гаштааст. Бунёди давлатдории миллии тоҷик гуногунрангии ин арзишҳоро боз ҳам сайқал медиҳад ва ба пешравии самтҳои тамоми ҳайати вилоят мусоидат мекунад. Бино ба талаботи қисми дуюми моддаи 81 Конститутсия, ҳудуди вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад. Ҳар як ҳодисаи тағйир додани ҳудуди ВМКБ қаблан дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ гардида, қарори дахлдор қабул карда мешавад. Тағйири ҳудуди вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон дар асоси ҳамин қарор сурат мегирад.

Ҳудуди вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон аҳамияти дохилӣ ва хориҷӣ дорад. Имрўз дар ҳайати он ҳафт ноҳияи маъмурӣ мавҷуд аст. Ташкил ва барҳам додани онҳо танҳо бо ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон сурат мегирад. Ҷиҳати махсуси вилояти мазкур аз он ибрат аст, ки он бо чанд давлати хориҷӣ ҳаммарз аст. Сарҳади берунии ВМКБ дар як вақт сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб аст. Ин вилоят дар шимол бо Ҷумҳурии Қирғизис-тон, дар шарқ бо Ҷумҳурии мардумии Чин ва дар ҷанубу ғарб бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст, ки он дар як вақт сарҳади давлатии Тоҷикистон мебошад. Бо ин сабаб пеш аз он ки Тоҷикистон бо ин давлатҳо оид ба тағйири ҳудуди сарҳад созишномае ба имзо расонад, пешакӣ ризоияти Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ-ро мегирад.

Тибқи муқаррароти моддаи 82-юми Конститутсия, маҷлиси вакилони халқи вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Бидуни ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ маҷлиси вакилони халқи вилояти мухтор, тибқи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВМКБ боз чандин ҳуқуқҳо дорад, ки амалӣ намудани онҳо бо вазъи мухтории вилоят алоқаманд мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ва бештар вақт ин ҳуқуқи худро бо роҳи пешниҳоди таклифҳои қонунгузорӣ амалӣ менамояд.

Қонун ба вилояти мухтор дар фарқият аз дигар субъектҳои маъмурии ҷумҳурӣ чанд бартарӣ пешниҳод намудааст. Минҷумла, ин вилоят сарфи назар аз шумораи аҳолӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо дигар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар дорад. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони ин вилоят аст. Яке аз ҳафт судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ин вилоят маҳсуб аст.

Сарқонун танзими салоҳияти вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро ба қонуни конститутсионӣ додааст.

Мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон” амволи мақомоти ҳокимият ва идораи он, сарватҳои фарҳангӣ ва таърихии аҳолӣ, маблағҳои буҷети вилоят, фонди манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои кишоварзӣ, савдо, хизмати маишӣ, нақлиёт, дигар корхона ва маҷмааҳои саноатию бинокорӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар амволе, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят заруранд, моликияти вилояти мухтор маҳсуб меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки заминаи ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар қонунҳои конститутсионии мазкур муқаррар шудааст. Вилояти мухтор метавонад, ба ташкили корхонаҳои муштарак мусоидат намояд; барои ҷалби маблағгузории хориҷӣ шароити мувофиқ фароҳам орад; тибқи тартиботи муқарраршуда тиҷорати наздисарҳадӣ ба роҳ монад. Дар ВМКБ ин салоҳиятҳои қонунгузор пешниҳоднамуда дар амал татбиқ мешавад. Зеро аллакай савдои наздисарҳадии аҳолии вилоят бо аҳолии минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба роҳ монда шуда, дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд.

Шоҳроҳи Қулма-Хоруғ–Душанбе манфиатҳои зиёди иқтисодӣ дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар соли 2013 пардохти гумрукии гузаргоҳи Қулма 43 миллион сомониро ба ҳисоби буҷет ворид намуд. Ҳаҷми боркашӣ низ афзудааст. Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 45 миллион доллари амрикоӣ амвол дохил гардид, ки нисбат ба соли пеш хеле зиёд аст. Лозим ба таъкид аст, ки аз гузаргоҳи мазкур бо мақсади интиқоли молу мавод Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ бамаврид истифода бурда метавонанд. Ҳамин тавр бо ба истифода дода шудани шоҳроҳи мазкур, сохтмони пулу гузаргоҳҳо бо Чину Афғонистон робитаҳои иқтисодӣ ва бахусус савдои наздимарзӣ рушд ёфт, ки дар маҷмўъ ба сатҳи иҷтимоии аҳолии вилоят низ таъсири мусбат дорад. Зиёда аз ин дар ноҳияи Ишкошим минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфтааст, ки ба дурнамои рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад намуд.

Манбаъҳои молиявии вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон дар шакли маблағҳои буҷети маҳаллӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, кўмакҳои молиявӣ аз буҷети болоӣ, маблағҳои хариди коғазҳои қиматнок, бурднок, музоядаҳои маҳаллӣ, сармоягузории хориҷӣ ва дигар манбаъҳо мутобиқ ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон” танзим шудаанд. Қонуни мазкур ҳамчунин асосҳои фаъолияти иҷтимоию фарҳангии ВМКБ-ро дар соҳаи маориф, фарҳанг ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муқаррар кардааст. Ваколатҳои ВМКБ дар ин соҳаҳо нисбат ба ваколати вилоятҳои маъмурӣ васеътар мебошад.

Сиёсати давлатро дар соҳаи маориф амалӣ намуда, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти мухтори Кўҳис-тони Бадахшон барномаҳои минтақавии инкишофи соҳаи маорифро бо назардошти хусусияти миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра таҳия ва татбиқ менамояд.

ВМКБ дар соҳаи амалӣ намудани сиёсати фарҳанг ва маънавиёт ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандро ҳимоя менамояд. Дар ин соҳа бо назардошти ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ, анъанаҳои таърихии вилоят барномаҳои давлатӣ таҳия ва татбиқ менамояд. Дар ҳудуди вилоят ва берун аз он марказҳои фарҳангӣ ва таълимии омўзиши касбу ҳунарҳои бадеии халқӣ ташкил мекунад. Ҳамзамон, барои иштироки шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти фарҳангӣ, такмили ҳамаҷонибаи эҷодиёти бадеӣ, илмӣ ва техникӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят шароит муҳайё месозад. Инчунин, масъалаи ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро ҳал мекунад ва ба инкишофи шабакаҳои муассисаҳои фарҳангӣ, телевизион ва радио мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки Қонуни конститутсионии зикршуда салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ-ро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ васеъ танзим намудааст. Ҳамин тавр, бо истифода аз ваколатҳои қайдгардида мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ метавонад, барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми бевосита дошта бошад.

Ҷамшед Маъруфов,
ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд, мушовири дараҷаи II адлия

Add comment


Security code
Refresh