Иҷлосияи ХIХ Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати чаҳорум)

Дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Иҷлосияи ХIХ Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони шўъбаю раёсат ва сохторҳои вилоятӣ, дигар масъулоне, ки ба масъалаҳои муҳокимашаванда дахл доранд, ширкат доштанд.

 Иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуд. Баъди садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котиботи иҷлосия вакилон рўзномаи иҷлосияро иборат аз ҳашт банд тасдиқ намуданд.

Аз рўи масъалаи якуми рўзнома – рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №439 «Дар бораи таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов маърўза кард. Гуфта шуд, ки дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилоят ҳам ба имзо расидааст. Ва меҳнаткашони вилоят баҳри таъмини иҷрои қарорҳо ва сазовор истиқбол кардани ин ҷашни таърихӣ корҳои зиёдро анҷом доданд. Сафари кории Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи августи соли равон ба вилояти Суғд ҷараён дошт ва дастуру супоришҳои он кас, ҳамчунин баргузории ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай ба пешрафти кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сохторҳои он такон бахшид. Сипас, Ҷумъабой Раҳматович дар хусуси рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ бахшида ба ҷашни Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар муфассал маълумот дод.

Дар вилоят бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва ҳадафҳои асосии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм вусъат гирифта, соли равон аллакай самараашро дода истодааст. Дар қаламрави вилоят ба кор андохтани корхонаҳои саноати сабук ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҷараён дорад. Бо иштироки Сардори давлат ба кор даромадани Маркази таълимии «Шероз» дар заминаи коргоҳи «Зиннат» ва бо омўзиши ҳунарҳои қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, атласбофию адрасбофӣ машғул шудани садҳо нафар занону духтарони бешуғл аз дастовардҳои мушаххаси мардуми вилоят ба муносибати ҷашни Сарқонун мебошад. Маърўзачӣ дар бораи рафти иҷрои барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» муфассал сухан ронда, ҳамчунин дар хусуси тақсимоти участкаҳои наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон, ободонии дашти Сомғор, бунёди шаҳракҳои нав дар минтақаҳои Моҳпарии шаҳри Исфара, Сомониёни ноҳияи Мастчоҳ, Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Fафуров таваққуф намуд.

Ҷумъабой Сангинов, ҳамчунин оид ба комёбиҳои кишоварзони вилоят, вазъи корҳо дар соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ҳарф зад. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода» ба фаъолият шурўъ карда, ҳайкали устоди шашмақомхонҳо Содирхони Ҳофиз қомат афрохт. Ҳамчунин маърўзачӣ дар бораи омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқўъ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, баргузории рўзҳои ягонаи ахбор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа ҳарф зад.

Вакилон маърўзаи иловагии раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакил аз ҳав-заи интихоботии «Табошар», № 30 Зуфар Исмоилзодаро шунида, ба маълумот гирифтанд. Аз рўи маърўза вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Қайроққум», № 15 Раҷаббой Аҳмадзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Деҳмой», ноҳияи Ҷаббор Расулов, № 58 Башорат Рўзиева, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳав-заи интихоботии «Кўҳистони Мастчоҳ», № 53 Сўҳроб Охунзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Пошкент»-и шаҳри Истаравшан, № 38 Хосият Фозилова, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов»-и шаҳри Хуҷанд, № 6 Носирҷон Салимов дар музокира иштирок карданд.

Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Чоркўҳ», № 10 Ваҳҳоб Набиев дар бораи фаъолияти комиссия ҳисобот дод. Вакилон, ҳамчунин ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Чилгазӣ», 14, муовини Раиси шаҳри Исфара Мавзуна Шарофиддиноваро дар бораи ваколатҳои вакилиаш шунида, ба маълумот гирифтанд.

Аз рўи масъалаи дигари рўзномаи иҷлосия «Дар бораи рафти корбарӣ бо муроҷиати шаҳрвандон» муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ маърўза кард. Вай оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки дар қаламрави вилоят бо мақсади иҷро кардани талабу хоҳиши бошандагон дар тўли ҳашт моҳи соли равон аз маблағҳои буҷети вилоят бештар аз 11,1 миллион сомонӣ масраф карда шуд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ин маврид раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохториро вазифадор кард, ки ҳар ҳафта рўзи шанбе бошандагонро бевосита қабул ва баҳри иҷрои талабу хоҳиши онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Вакилон масъалаҳои «Қабули буҷети иловагӣ барои соли 2014-ум» ва «Дар бораи ворид кардани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 19 ноябри соли 2013, № 408»-ро баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карданд. Ҳамчунин қарорҳои Раиси вилоят дар бораи кадрҳо ва ҷудо кардани маблағҳо тасдиқ карда шуданд. Бо ҳамин иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум бо садо додани Суруди миллӣ анҷом пазируфт.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh