Хусусиятҳои хоси Сарқонун

Ҳанўз 20 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварамон дигаргунии куллиро ба вуҷуд овард.

 

Бояд тазаккур дод, ки пеш аз ин ҳам дар Тоҷикистон чор маротиба Конститутсия қабул шуда буд, аммо Конститутсияи соли 1994 конститутсияи навини кишвари соҳибистиқлоламон буда, он дар натиҷаи таҳлилу омўзиши инкишофи конститутсионии давлатҳои хориҷӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои умумиэътирофгардидаи байналмилалӣ таълиф ва аз тарафи халқи Тоҷикистон тавассути райъпурсии умумихалқӣ озодона қабул гардидааст.

Қабули Конститутсияи ҶТ соли 1994 на танҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногуни демок-ратии дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод.

Яке аз навовардҳои Конститутсияи соли 1994 ин эҷоди падидаи нави ҳуқуқи конститутсионӣ – «Асосҳои сохтори конститутсионӣ" мебошад, ки аввалин маротиба дар сатҳи қонуни асосии кишварамон мустаҳкам гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар таҷрибаи инкишофи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам намудани "Асосҳои сохтори конститутсионӣ" дар боби аввали Конститутсия қадами нахустин мебошад. Чунин падидаро аз давлатҳои собиқи шўравӣ, ки ҳоло аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақиланд, танҳо конститутсияҳои Арманистон, Белорус, Русия ва Туркманистон низ пешбинӣ менамоянд. Дар конститутсияҳои Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон бошад, фақат баъзе унсурҳои падидаҳои сохтори конститутсионӣ дар фасл ва бобҳое, ки "қоидаҳои умумӣ", "усулҳои умумӣ" ё "усулҳои асосӣ" ном доранд, мустаҳкам карда шудаанд.

Тавре ки қайд намудем, "Асосҳои сохтори конститутсионӣ" дар боби аввали Конститутсияи соли 1994 (моддаҳои 1-13) пешбинӣ шудаанд. Дар ин боби Конститутсия мазмуни асосҳои сохтори конститутсионӣ маънидод ва унсурҳои он аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудаанд. Дар меъёрҳои моддаи 1 Конститутсия он хусусиятҳои ҳуқуқӣ - конститутсионие, ки ба Тоҷикистон чун давлати мустақил хосанд, мустаҳкам гардидаанд. Мувофиқи ин моддаи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки баъзе аз ин хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии худро ҳанўз дар "Эъломия дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон" аз 24 августи соли 1990 ва Конститутсияи соли 1978 (баъди тағйиру иловаҳои соли 1991) дарёфта буданд. Аммо бори дигар дар сатҳи Қонуни асосии кишварамон аз нигоҳи ҳуқуқӣ мустаҳкам гардидани хусусиятҳои конститутсионии Тоҷикистон аз дараҷаи муҳимияти онҳо шаҳодат дод, кафолати онҳоро муқаррар менамояд.

Давлати соҳибихтиёр эълон гардидани Тоҷикистон маънои волоияти ҳокимияти давлатиро дар тамоми қаламрави кишварамон дошта, аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол сиёсати дохилӣ ва берунаи худро бидуни дахолати кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мустақилона, дар асоси меъёрҳои маъмули байналмилалӣ ба амал мебаровард.

Баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон аксарияти давлатҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил пазируфта, ба он робитаҳои дипломатӣ муқаррар ва дар он ҷо консулгариҳои худро бунёд намуданд. Дар баробари ин, Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ сафоратхонаҳо ва консулгарии худро барпо намуда, ҳамкории хешро бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси қарордодҳои дутарафа ва бисёртарафа ба роҳ монд. Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар Созмони Милали Муттаҳид аз соҳибистиқлолии кишварамон шаҳодат медиҳад.

Мувофиқи низоми (режими) сиёсиаш Тоҷикистон ба силсилаи давлатҳои демократӣ тааллуқ дорад, бинобар ин Конститутсияи соли 1994 "Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ эълон менамояд. Зеро ҳангоми баамалбарории ҳокимияти давлатӣ усулҳо ва падидаҳои демократӣ татбиқ ва эътироф гардида, низоми мақомоти ҳокимияти намояндагӣ пазируфта шуда, намояндаҳо танҳо дар асоси интихоботи озоду демократӣ интихоб карда мешаванд. Дар сатҳи қонуни асосӣ муайян гардидани интихоботи мустақими Президент ва дар баробари ин таъмини фаъолияти озодонаи тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, аҳзоби сиёсӣ низ далели демократӣ будани низоми сиёсии Тоҷикистон мебошад.

Дар Конститутсияи соли 1994 давлати ҳуқуқбунёд эълон намудани Тоҷикистон тантанаи қонун ва волоияти онро дар низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Хусусиятҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд, ки аз Конститутсия бармеояд, пеш аз ҳама, дар таъмини волоияти қонун дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсии давлат мебошанд, ки дар натиҷаи он қатъияти қонуният ба пуррагӣ таъмин гардида, масъулияти тарафайн, яъне масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат муқаррар мегардад, усулҳои таҷзияи ҳокимият ва мустақилияти онҳо таъмин карда мешаванд.

Дар баробари ин, дар Конститутсияи соли 1994 муқаррар гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Давлати дунявӣ будани Тоҷикистон маънои онро дорад, ки инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ ба роҳ монда шуда, давлат дар айни замон ба ягон равияи сиёсӣ ва мафкуравӣ афзалият намедиҳад ва ҳатмӣ будани онҳоро низ муқаррар намекунад. Кафолати хусусияти дунявӣ доштани Тоҷикистонро меъёрҳои моддаи 8 Конститутсия муқаррар намуда, кафолати онро низ нишон додааст; тибқи қисми 11 ҳамин модда мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад, ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф шавад; тибқи қисми III моддаи мазкур Конститутсия иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутия ва қонунҳо таъсис ёфта амал мекунанд ва тибқи қисми IV моддаи номбаршуда бошад, ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд.

Мувофиқи шакли сохтори марзӣ-давлатӣ давлати Тоҷикистон ягона мебошад. Бинобар ин, Конститутсияи соли 1994 аввалин бор шакли сохтори марзӣ - давлатии Тоҷикистонро муқаррар карда, онро давлати ягона эълон мекунад. Одатан давлати ягона гуфта, давлати оддиеро мегўянд, ки аз воҳидҳои марзию маъмурӣ иборат аст.

Мувофиқи меъёри банди 2-и моддаи 7 Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона аз Вилояти Мухтори Кўҳис-тони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат мебошад.

Маъмулан, ягонагии давлат дар мавҷудияти Конститутсияи ягона, шаҳрвандии ягона, мақомоти олии ягонаи қонунбарор, иҷроия ва судӣ, марзи давлатии ягона, ки аз воҳидҳои марзию маъмурӣ иборат аст ва ғайра ифода меёбад.

Меъёри банди 2 моддаи 1 Конститутсияи соли 1994 Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон намуда, дар баробари ин ду унсури асосии давлати иҷтимоӣ, яъне барои ҳар як фард фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муқаррар менамояд. Бинобар ин, дар давлати иҷтимоӣ мақсади давлат барои ғамхорӣ, барои таъмини некўаҳволии ҳаёти инсон, адолати иҷтимоӣ, зиндагии муносиб ва ғайра нигаронида шудааст.

Дар меъёрҳои боби 1 Конститутсияи соли 1994, инчунин дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ, забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо, кафолати аз забони модариашон озодона истифода кардани ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо, рамзҳои давлатии Тоҷикистон, ба монанди Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, пойтахти Тоҷикистон эътироф шудани шаҳри Душанбе мустаҳкам карда шудаанд.

Яке аз дастовардҳои асосие, ки аввалин бор дар сатҳи қонуни асосӣ пешбинӣ шудааст, ин муқаррароти меъёри моддаи 5 Конститутсия мебошад, ки тибқи он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки ин нишондоди меъёри Конститутсия моҳияти давлати демократӣ будани Тоҷикистонро ифода мекунад. Дар баробари ин муқаррар шудааст, ки ҳаёт, қадр, номус ва дигар хусусиятҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Дар моддаи 6 Конститутсия халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда мешавад, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин моддаи Конститутсия мафҳуми конститутсионии халқ баён карда шудааст, яъне халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Инчунин, тибқи он райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ дониста мешавад. Ғасби ҳокимияти давлатӣ ва тасарруфи салоҳияти онро Конститутсия манъ мекунад.

Инчунин дар меъёри моддаи 6 Конститутсия таъкид карда шудааст, ки аз номи халқи Тоҷикистон фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Бояд қайд кард, ки моддаи 9 Конститутсияи соли 1994 аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро ба тариқи ҳуқуқӣ мустаҳкам намуд, ба се рукни асосӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудани онро муқаррар намуд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои ҷиддӣ мебошад, ки он қобили тазаккур аст.

Дар моддаи 10 Конститутсия волоияти қонуни асосӣ мустаҳкам карда шудааст, ки тибқи он «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Бинобар ин, Конститутсия барои тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манбаи ҳуқуқӣ мебошад ва ҳамаи онҳо бояд дар асоси меъёрҳои Конститутсия қабул карда шаванд. Дар ҳолати ба Конститутсия мухолифат кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ онҳо эътибори ҳуқуқии худро гум мекунад.

Дар баробари ин дар банди II, моддаи 10 Конститутсия муқаррар карда шудааст, ки "Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя, иҷро ва ҳифз намоянд".

Мувофиқи банди III моддаи 10 Конститутсия санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ дониста мешаванд ва ин ҳам яке аз навовариҳои дигари Конститутсияи соли 1994 мебошад. Баробари ин дар меъёри банди III, моддаи 10 Конститутсия таъкид шудааст, ки агар қонунҳои миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, он гоҳ меъёрҳои caнaдҳои ҳуқуқи байнамиллалӣ амал мекунанд.

Эътироф кардани бартарии санадҳои ҳуқуқи байнамилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули дастовардҳои ҳуқуқии давлатҳои муосир шароит фароҳам меоварад. Қобили тазаккур аст, ки дар ин ҳолат волоияти қонуни асосӣ нигоҳ дошта мешавад.

Инчунин яке аз хусусиятҳои муҳими нишондоди банди охирини моддаи 10 Конститутсия ин мебошад, ки тибқи он қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Дар моддаи 11 Конститутсия бошад, сиёсати сулҳҷўёнаи кишварамон мустаҳкам карда шудааст, ки Тоҷикистон муносибати хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо давлатҳои дигар ба роҳ монда, дар баробари ин соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти онҳоро эҳтиром мекунад.

Сиёсати сулҳҷўёнаи Тоҷикистон инчунин дар он ифода меёбад, ки мувофиқи меъёри моддаи 11 Конститутсия ташвиқоти ҷанг манъ аст ва давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад. Моддаи 12 Конститутсия ба асоси иқтисодиёти Тоҷикистон бахшида шудааст, ки тибқи он шаклҳои гуногуни моликият метавонанд, асоси иқтисодиёти давлатро ташкил диҳанд. Бояд зикр кард, ки ин ҳам яке аз хусусиятҳои хоси Конститутсия мебошад ва Конститутсия бори нахуст шаклҳои гуногуни моликиятро эътироф карда, ягон хел маҳдудиятро барои ин ё он шакли моликият муқаррар намекунад. Дар баробари ин фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Меъёри моддаи 13-и Конститутсия бошад, он объектҳоеро, ки танҳо моликияти истисноии давлат мебошанд, аз ҷумла замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табииро муқаррар карда, танҳо истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Бинобар ин, ҳеҷ кас ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва азонихудкунии онро надорад. Соҳибмулк танҳо давлат ҳисоб шуда, арзишҳои дар моддаи 13 нишондодашуда моликияти истисноии давлат мебошанд.

Хисрав ИМОМОВ,
мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh