Шукр гўям зиндагиро…

Оғоз

Зиндагӣ беназиртарин неъмати Парвардигор аст, ки барои бандааш арзонӣ дошта, имкон додааст, то ин ки аз неъматҳои рўи замин фаровон истифода барад. Баҳри босамар гузаштани умр ҳар шахс бо ақлу заковати худ қадам мениҳад. Касе намедонад, ки дар пайроҳаи зиндагӣ ўро чӣ интизор аст.

 Инсон аз тифлӣ дасту по мезанад, қадам мегузорад, фикр меронад, ба қавле, гоҳ ба қуллаи кўҳ мебарояду гоҳе ба қаъри уқёнус ғўта мезанад. Ҳамаи ин ташвишҳо гувороянд ва ба он нигаронида шудаанд, ки инсон ҳаёт ба сар бараду аз худ нақше гузорад. Зиндагӣ мактабест, ки ҳар рўз ба инсон дарси нав меомўзад, саҳифаҳои ҳаёташро бо рангу мазмуни тоза оро медиҳад ва ўро ба анҷоми корҳои нек ҳидоят мекунад.

Наздик ним аср дар хизмати халқ будан аз кас бурдбориву матонат ва ҷасоратро талаб мекунад. Қимати умри ҳар шахс аз кори неку манфиатбахше, ки ба ҷамъият, Ватан ва диёраш расондааст, арзёбӣ мегардад. Омўзиш, ҷаҳду талош барои инсон ҳидоятгарест, роҳнамоест ба роҳи дурусту неки зиндагӣ.

Инсонеро, ки дар борааш ҳарф заданием, мардест қавиирода, устувор, хоксор, фурўтан ва фидоии Ватану миллати хеш. Ин кас Сироҷиддин Ҳасанов ном дошта, хурду бузурги на фақат ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳу Мастчоҳ, балки саросари вилояту ҷумҳурӣ чун «раис-бобо» мешиносанду ҳурматашро ба ҷой меоранд. Ба чунин хулоса омаданамон низ бесабаб нест. Ба шаҳраки Бўстон омада, аз роҳгузари миёнсол ўро пурсон шудем.

-- Ҳа, ба Шумо манзили раис-бобо даркор, ҳозир таъин мекунам,- гуфту роҳашро дигар кард ва суроғаи ўро нишон дод. Ҳамин як сўҳбати кўтоҳ бо марди бегона водорамон сохт, ба хулоса оем, ки қаҳрамони очерки моро хурду бузурги ноҳия медонанду эҳтиромаш мекунанд.

Саҳифаҳои зиндагиномаи ў гоҳе чун офтоб асту гоҳе шаби торро мемонад, дар ҳама лаҳзаҳо ҳамроҳи халқ буду то ҳол чунин аст. Пас аз шиносоӣ нахуст бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлоли кишвари биҳиштосо, аз азму талошҳои Сардори давлат баҳри оромию осоиштагии кишвар, аз мардуми меҳнатқарину мушкилнописанди тоҷик ҳарф зад…

Матонат

Сироҷиддин Ҳасанов зодаи деҳаи Пастиғави ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расондааст. Ҳанўз айёми мактабхонӣ дар қатори беҳтарин толибилмон буд, дар таҳсилу корҳои ҷамъиятӣ фаъол, дар иҷрои супоришҳои устодон, ба қавле, «пионер» буд. Шаҳодатномаи хатми мактаби миёнаро гирифту Сироҷиддин аз пайи иҷрои орзуяш шуд. Вай аз нақлҳои падари бузургвораш Мулло Ҳасан медонист, ки соҳибкасбу соҳибҳунар дар ягон давру замон хор намешавад.

Ба курсии донишҷўӣ нишастан азму матонати ҷавони доништалабро раҳнамун ба орзуҳои нек гардонд. Сироҷиддин дар омўзишгоҳи касбҳои техникии шаҳри Конибодом ҳунар омўхт. Рондани тракторро азбар кард ва дере нагузашта, вақте баъди ба итмом расонидани ҳунаристон ба ноҳияи навтаъсис роҳхат доданд, эҳсос кард, ки дар интихоби касб хато накардааст.

Заминҳои ташналаби дашти нопайдоканори Дилварзин он замон барои Сироҷиддин барин ҷавонҳои бебок эҳтиёҷ дошт. Бо умеди сарсабз ва обод гардондани ин сарзамин ҷавон бурдбориро пеша кард. Ба Дилварзин омад ва муддате пас плуги трактор, ки Сироҷиддин меронд, заминҳои дашти синабирёнро чаппагардон карда, пеш мерафту ҷавон аз фаро расидани шом бехабар мемонд. Ғайрати дучанди ронандаи тракторро дида, атрофиён офаринаш мехонданд.

Боре ба бошишгоҳ котиби якуми онвақтаи кумитаи партиявии ноҳияи Мастчоҳ Солиҷон Боиров омад ва аз рафти корҳои саҳро пурсон шуд. Сардори бригада дар омади гап гуфт, ки агар Сироҷиддин барин ҷавонон ду-се нафар бошанд, ҳама корҳо пешрав хоҳад шуд, зеро ў, ба қавле, «доди корро медиҳад». Котиби райком бо корубори тракторчӣ шинос шуд, дар ботини вай ояндаи некро дарк кард ва ба мўлҷар гирифт, ки тарбияи ин кадри ҷавонро шахсан зери назорат мегирад. Бо андешаи фардо ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши Сироҷиддин ўро тавсия дод, ки дар Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон хонданашро давом диҳад. Ва ин пешниҳоди котиби райком барои Сироҷиддини ташнаи илм айни муддао шуд. Солҳои таҳсил дар донишкада ҳам фикру зикри Сироҷиддин бо заминҳои ҳосилхез ва навкорами ноҳияи навбунёд банд буд.

Бо маълумоти олӣ Сироҷиддин Ҳасановро ба колхози «Правда»и ноҳияи Мастчоҳ роҳхат доданд. Фаъолияташро дар устохонаи таъмири техникаи кишоварзии хоҷагӣ идома дод ва дар муддати ду сол бо меҳнати сидқидилонааш дар байни коргарони колхоз ном баровард, чун устои моҳир шинохта шуд. Ҳамин хислатҳои чашмикордониву меҳнатдўстиаш пайроҳае гардид, баҳри ба зинаҳои баланди вазифа расидан. Вақти зиёд нагузашта, ўро сармуҳандиси колхози ба номи Калинини ноҳияи Мастчоҳ таъин намуданд.

Колхози қашшоқ

Соли 1972 Сироҷиддин Ҳасанов раисии колхози ба номи Калининро қабул кард. Ин аз Сироҷиддин масъулияти баландро талаб мекард, зеро он замон хоҷагӣ яке аз қафомондатаринҳо буд ва на ҳар кас ин масъулиятро бар дўш мегирифт. Вай медонист, ки колхози номбурда қашшоқ аст. Вале тавсияи райкомро қабул накардан ҳам мумкин набуд. Супориш чунин буд: - Сироҷиддин Ҳасанов бояд колхозро ба қатори пешқадамҳо барорад, мактабу боғча, фермаву беморхона, парки тракторӣ ва дигар иншоотҳои заруриро созонад, зиндагии мўътадили колхозчиён ва аҳли деҳаро таъмин кунад. Раисиро қабул кард. Вай дигар илоҷ ҳам надошт.

Лекин барои ҳалли масъалаҳои беҳдошти ҳаёти колхозчиён ва мардуми деҳа зарур омад, остонаи даҳҳо идораву ташкилотҳоро, ба қавле, «охурча» кунад. Такудави зиёд, бедорхобиву асабвайронкуниҳо, хушбахтона, самар оварданд. Вай ба мақсади аввалинаш расид. Раиси вақти кумиҷроияи Шўрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод (алҳол вилояти Суғд) Усмон Қосимов Сироҷиддин Ҳасановро дар утоқи кориаш қабул кард, дурудароз сўҳбат орост ва ахиран розӣ шуд, ки барои сохтмони бинои мактаби деҳа маблағ ҷудо карда шавад. Сироҷиддин аз маркази вилоят шод баргашт. Ин иқдоми нахустин буд ва бо мурури замон колхоз ҳам пешқадам, деҳа ҳам обод гардид, колхозчиён ҳам ризқу рўзиашонро дарёфтанд, фарзандони онҳо мисли дигар деҳотиён дар дабистону кўдакистонҳои зебову ороста таҳсил карданду тарбият гирифтанд.

Сироҷиддин Ҳасанов фаъолияташро бо сохтмони мактаб қатъ накард, рушду нумўи ҷабҳаҳои дигари хоҷагии қишлоқро зери назорат гирифт. Барои шодоб гардондани заминҳои ташналаб, пеш аз ҳама, об лозим буд. Боз равуою такудавҳо ба шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрўза), ба пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе идома ёфтанд.

-- Офаридгор, илоҳо Усмон Қосимовичро аз ҷаннаташ ҷой дода бошад, - баъди андаке сукут ақидаҳояшро ҷамъ карда гуфт Сироҷиддин Ҳасанов, - дар ҳақиқат роҳбари ғамхор ва инсони покдил буданд.

Маҳз бо дастгирии раиси кумиҷроияи вилоят Усмон Қосимов, саъю кўшиш ва талошҳои раиси хоҷагӣ Сироҷиддин Ҳасанов дар ҳудуди колхози ба номи Калинини ноҳияи Мастчоҳ 7 чоҳ кофтанд, ки барои обёрии 1070 гектар замин хизмат мекард. Обро бо навбат ба минтақаҳо тақсим мекарданд. Вазъият тақозо дошт, заминҳои корамро бештар шабона об диҳанд. Аввалан, қоидаҳои агротехникӣ ҳаминро тақозо мекард, дуюмин, бинобар камбудии об онро самаранок истифода бурдан талаби замон буд.

Фасли тобистон. Авҷи мавсими обёрӣ. Раиси колхоз Сироҷиддин Ҳасанов хобро қариб фаромўш карда, ба назди ҷигарбандонаш ҳам ҳафтае як маротиба ва ба соати башумор меомад. Ҳамроҳи колхозчиён тамоми тадбирҳои фаровонҳосилиро меандешид, то бештару беҳтар «тиллои сафед» рўёнида шавад ва аз дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ ҳам ҳосили баланд ба даст оранд. Зеро замон ҳаминро талаб мекард, роҳбарони вилояту ноҳия ҳаминро тақозо доштанд. Дар ин ҷо як нуктаро таъкид кардан мехоҳем.

Воқеан, солҳое, ки Сироҷиддин Ҳасанов дар зинаҳои мухталиф фаъолият дошт, кори рўзгор, ҷунбуҷўли оила, тарбияи фарзандон дар зиммаи ҳамсараш Холбегим вогузор буд. Боиси зикр аст, ки холаи Холбегим баробари корҳои рўзгордорӣ ба тарбияи фарзандон низ ҷиддӣ машғул шуд. Имрўз боиси ифтихори волидон аст, ки фарзандон соҳиби хонаву дар буда, дар соҳаҳои мухталиф фаъолият мебаранд.

Сари вақт пардохтани маоши колхозчиён ва дигар роҳҳои ҳавасмандкунии онҳоро меёфт ва ба омади кор муваффақ ҳам мешуд. Раис бошишгоҳҳои саҳроиро сари чанд вақт таъмир мекард, барои таъминоти коргарон дар масоҳати 1-1,5 гектар харбузаву тарбуз ва дигар маҳсулоти полезӣ кишта, ҳар рўз дар бошишгоҳ хўроки гарми нисфирўзӣ мепухтанд.

Бо мусоид гаштани шароити кор дар колхоз ҳосилнокӣ аз ҳар гектар замин аз 16-18 сентнер то 37 сентнерӣ зиёд шуд. Акнун мардум бо дасту дили гарм ва ҷўшу хурўш дар саҳро меҳнат мекард, зеро подоши корашро мегирифт.

«Чашмбандӣ»

Сироҷиддинро аз айёми ҷавонӣ одате буд: ҳар субҳ бо дуои модар аз дарвоза мебаромад ва ба коргоҳаш роҳ мепаймуд.

-- Модар фарзандро бо чашми дил назар мекардааст, - андешамандона гуфт Сироҷиддин Ҳасанов.

Модари биҳиштосои вай Саидпочо баробари даст ба дуо боз намудан гоҳе ҷониби Сироҷиддин дуру дароз назар меандохт. Вай эҳсос мекард, ки ҷигарбандаш лоғар шудаасту рангаш низ парида. Истодагарӣ намуд, ки ба муоинаи табиб равад.

- Оҳ, дили модари биҳиштиам, - дар чашмони Сироҷиддин номаълум ашк пайдо шуд.- «Дили оча ба бача, дили бача ба кўча» - ин некгуфтаи мардум беҳуда набудааст. Сироҷиддин оби дидагонашро номаълум пок кард ва нақлашро идома дод.

- Худам ҳам дарк мекардам, ки сиҳатиам чандон хуб нест, лекин кор бисёр буду чунин андеша маро ором намегузошт, агар ман набошам, гўё корҳои хоҷагиро касе басанда намекунад. Падарам ҳам чанд бор маҷбур карданд, ки аз пайи саломатиам шавам. Ва ҳамин боис гардид, ки андаке аз корҳои саҳро дур бошам.

Котиби якуми ҳамонвақтаи кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Рифъат Ҳоҷиев барои барқарор намудани саломатии раиси колхоз мусоидат намуд. Имконият дод, ки муддати муайян дар шифохонаву табобатгоҳҳо муолиҷа гирад. Сипас хоҳиши Сироҷиддинро дар бораи ба дигар кор гузарондани вай котиби обком қабул кард ва ў муддате сарварии идораи «Селхозтехника»-ро ба зимма гирифт.

Баъдтар ўро ба омўзишгоҳи касбҳои техникии ноҳия директор таъин карданд. Омўзишгоҳ ҳамагӣ 280 нафар талаба дошт. Сироҷиддин Ҳасанов дар ин ҷо низ ташаббускориро ба даст гирифта, аз пайи таъмиру азнавсозии биноҳо ва ободии гирду атрофи омўзишгоҳ шуд. Дар муддати кўтоҳ барои донишҷўён бинои хуштарҳи замонавӣ - хобгоҳро бунёд сохт, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекард. Омўзишгоҳ бо тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва шароити хуби хонишу истироҳат маъруфият пайдо кард. Парчами сайёр ҳамчун ғолиби мусобиқаи умумииттифоқ ҳамасола дар бинои омўзишгоҳ партавафшонӣ менамуд.

Шумораи хонандагони омўзишгоҳ аллакай ба 1080 нафар расида, 196 нафар устоҳою кормандони дигар дар ин макони маърифат соҳиби ҷойи кор буданд. Давоми фаъолияти кориаш дар омўзишгоҳи касбҳои техникӣ Сироҷиддин Ҳасанов ба муваффақиятҳои беназир соҳиб шуд. Унвони баланди одамигарӣ ва меҳнатдўстии ў дар ин макон барояш дода шуданд. Ў аз саҳифаҳои рангини умраш воқеаеро ёдовар гашт:

-- Боре гурўҳи корӣ дар ҳайати беш аз даҳ нафар бо сарварии муовини Вазири маорифи СССР ба омўзишгоҳ омад ва усули баргузории соатҳои таълимӣ, таъминот бо ашёҳои хониш, ободонии бинои таълимиву хобгоҳро аз назар гузаронд. Роҳбари гурўҳи корӣ баъди чанд рўзи санҷишу тафтиш якбора ба қаҳр омад ва гуфт, ки шумоён ба мо омўзишгоҳи касбҳои техникии ноҳияро не, балки чашмбандӣ карда, дигар муассисаи таълимиро нишон дода истодаед. Яъне ҳайати корӣ бовар намекард, ки ин таълимгоҳ бо ин қадар шароити намунавӣ дар як ноҳияи навташкил фаъолият мебарад.

Баъди саволу ҷавобҳои зиёд, пешниҳоди лоиҳаи бинои хобгоҳ ва нақшаҳои кориву дигар лавозимот ҳайати корӣ ноилоҷ монд ва бовар кард, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо аз ҳаракату ҷаҳду талошҳои ҷомеаи меҳнатӣ бо сарварии Сироҷиддин Ҳасанов ба даст омадаанд. Дере нагузашта бо қарори Вазорати маорифи умумииттифоқ ба омўзишгоҳи ноҳияи Мастчоҳ нишони «Беҳтарин омўзишгоҳи касбҳои техникии деҳоти СССР» дода шуд.

Тўҳфаи ғайричашмдошт

-Рўзе саҳарии барвақт дар утоқи корӣ андармони азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо будам, - ба хотир овард Сироҷиддин Ҳасанов, - нохост тариқи телефон чунин хабар доданд: «Ба зудӣ бояд ба Душанбе равед!» Саволи «чаро?» бароям бегона буд. Озими роҳ шудам. Ба ростӣ, то ба суроғаи даъватшуда омадан дар майнаам ҳазор фикру хаёл гирд гашт. Чаро, бо кадом сабаб маро ба пойтахт хонданд, дар корубор ё зиндагиам чӣ камбудие ёфта бошанд, агар чунин бошад, чаро ин хабар бо хушҳолӣ расонда шуд?...

Солҳои шўравӣ харидани мошини са-букравро бисёриҳо орзу мекарданд ва аксарият ба нияташон намерасиданд. Тибқи қоидаву қонунҳои ҷорӣ, он давр барои гирифтани мошин коргарон солҳо дар навбат меистоданд ва онро чун мукофот соҳиб мешуданд. Аксар дар як коргоҳ солҳои тўлонӣ меҳнат мекард ва бо сабукрав тақдиронида мешуд. Аниқтараш, кас мошини навро аз мағозаи таъиншуда бо нархи давлатӣ, ки нисбат ба арзиши бозор хеле арзон буд, мехарид.

Яъне мошинро не, навбатро чун мукофот медоданд. Сироҷиддин Ҳасановро ҳам ба Душанбе бо ҳамин мақсад даъват карда будаанд. Ўро армуғони ғайричашмдошт - сабукрави нав мунтазир буд. Фаъолияти бисёрсолаю бенуқсони ўро ба инобат гирифта, ба Сироҷиддин Ҳасанов автомошини тамғаи «НИВА» тақдим карданд.

Утоқи корӣ –дохили нақлиёт

Соли 1996 хизматҳои бенуқсон, собиқаи зиёди корӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, хислатҳои ҳамида ва ғайратмандиву пок-виҷдониашро ба назар гирифта, ўро раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ таъин карданд.

-- Сардори давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз имзо кардани фармони таъинот бо банда сўҳбати тўлонӣ доштанд, - воқеаҳои қариб бист сол қаблиро ба хотир овард Сироҷиддин Ҳасанов,- гуфтанд, ки ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳро эҳё кардем, бираву обод намо! Мо аз ҳама ҷиҳат туро дастгирӣ мекунем…

Сироҷиддин Ҳасанов, аз он ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ба вай бовар карду чунин вазифаи пурмасъулиятро ба ўҳдааш гузошт, шод буд, аммо чун қадам ба манзили авлодӣ расид, ба ростӣ дилаш таҳ кашид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳанўз бино надошт, дар аксари ҷамоатҳои деҳот муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ набуданд. Аз чӣ бошад воқеаи ба колхози қашшоқ раис таъин шуданашро ба хотир овард. Он вақт ҳам хоҷагии қариб футуррафтаро ба вай бовар карданд ва, худоро шукр, боварии роҳбариятро сазовор гашт. Яъне тақдир чунин будааст, бори дигар Сироҷиддин бояд аз имтиҳон мегузашт.

Ва ҳамон лаҳза насиҳати падари бузургвораш, омўзгори собиқадор, ки солҳои сол сарварии дабиристонро бар ўҳда дошт - Мулло Ҳасан ба ёдаш расид: «Ободгар бош, писарам, ободкор бош. Диёрамонро мо обод накунем, пас кӣ мекунад?» Ба хулосаи амиқ омад: фақат меҳнат бояд кард, ранҷ бояд кашид.

Чанд муддат, бинобар набудани шароит утоқи кориаш дар дохили мошини хизматиаш буд. Тоқат кард, барои ҳалли муаммову мушкилиҳо роҳи ҳал ҷуст. Роҳбарияти ҷумҳуриву вилоят дар ҳақиқат ҳамеша мададгораш буданд. Барои рушду нумўи ноҳияи навтаъсис ҳамасола ҳазорҳо сомонӣ маблағ ҷудо карда мешуд. Чанд соле дар ҳамин вазифа фаъолият дошт, маркази ноҳия - шаҳраки Меҳргон, гуфтан мумкин, дар ҷойи холӣ бунёд шуд, иқтисодиёту иҷтимоёти ноҳия ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон, Роғ ва деҳаи Сабағ биноҳои мактабу кўдакистон ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ бунёд карда шуданд. Ҳамаи ин худ аз худ муяссар намешуд, барои иҷрои ҳар кор майна об кардан, ба вазорату хадамот ва сохторҳои вилоятӣ рафтану ба қавле, гап фаҳмонидан даркор буд.

- Яке аз муаммоҳои ноҳия норасоии кадр дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус, мактабу муассисаҳои тиббӣ ба шумор мерафт, - гузаштаи на чандон дурро ба хотир овард, яке аз дўстону пайвандони Сироҷиддин – собиқадори нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ Саидшо Акрамов. - Аксар омўзгорон тарки дабистон карда буданд. Раиси ноҳия Сироҷиддин Ҳасанов, бе муболиға, ба дари ҳар муаллим ангушт зад ва ба мактаб даъват кард. Ҳар як омўзгоре, ки дубора ба мактаб бармегашт, ҳавасманд гардонд, бо замини иҷоравӣ, бо чорво таъмин кард.

Дар масъалаи мутахассисони соҳаи тиб бошад, гарчанде бо душворӣ даст дод, аз ноҳияҳои ҳамсоя мутахассисонро даъват намуд, баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолии ноҳия кўшиш ба харҷ дод. Дар муддати фаъолияти бис-ёрсолааш дар ин вазифаи пурмасъулият тавонист, дар қалби аҳолии беш аз 13 - ҳазорнафараи ин сарзамин маҳбубият пайдо кунад, соҳибобрўй гардад. Хизматҳояш дар ободию тозакориҳо, сохтмони иншоотҳои гуногун, роҳу кўпрукҳои ноҳия чашмрасанд.

Солҳои хеле душвор буданд. Масъалаи иқтисодиёт низ аз гиребон мегирифт. Марди шуҷоъ аз ин муаммоҳо роҳи халосӣ ҷуста, имрўз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, пагоҳ ба вазоратҳои мухталиф давид, рўзи дигар аз имкониятҳои соҳибкор ва ёру ҷўраҳо низ истифода бурд. Чунин ҳам шуд, ки баъзе роҳбарони сохторҳои вилоятӣ баробари бо раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ рў ба рў шудан роҳи гурезро меҷустанд ва ё ўро нодида мегирифтанд. Зеро хуб медонистанд, ки ин марди фидоӣ барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии ноҳияи баландкўҳ кўмак мепурсад. Дар он замон ин масъалаи доғи рўз маҳсуб мешуд.

Гиряи мард

Солҳои аввали ба истиқлолият расидани кишвар, дар ҳақиқат, барои тоҷикис-тониён гарониҳо овард. Сироҷиддин Ҳасанов воқеаеро ба хотир овард ва гуфт, ки «мардуми мо ба зиндагии имрўзааш бояд ҳазорҳо бор шукргузор бошад…»

Танқисии маводи озуқа, сари вақт нагирифтани маош, ночиз будани музди меҳнат, ҳатто, нафароне, ки соҳиби мансабу вазифаҳои баланд буданд, бо тақозои замон маҷбур шуданд, аз кунҷи бозор барои худ ҷой дарёбанду пас аз соати корӣ худро ба бозор зананд. Бозор ягона маконе буд, ки ҳамагонро ҳам мепўшонду ҳам мехўронд. Ва ҳамон солҳо мардум барои як буридаи нон аз субҳ то шом ва гоҳе то саҳар омадани нақлиёти нонкашонро дар назди мағозаҳои дарбаста интизорӣ мекашиданд.

Як субҳ Сироҷиддин Ҳасанов ҷониби коргоҳаш равон буд, ки нохост овози ҷонкоҳеро шунид. Ба гирду атроф нигарист, ба ҷуз он издиҳоми мардум, ки барои гирифтани нони бўлка дар навбат меистод, касеро надид. Ба ҳар ҷониб нигарист, соҳиби овозро дарнаёфт. Аз мошинаш фаромада, зери пойи мардум духтаракеро дид, ки овози гўшхарош мебаровард, аммо гўё касе ўро намешунид, ҷабрдида бошад, роҳи халосӣ мекофт.

Бо кўмаки ронандааш мардумро ба инсоф даъват кард, бо мушкилӣ бошад ҳам, духтараки тақрибан даҳ - дувоздаҳсоларо аз зери пойи одамон озод кард. Сару рўйи духтарак хуншор буд. Духтарча маҷоли сухан гуфтан надошт. Танҳо бо нигоҳи меҳрбораш ба наҷотгараш сипос гуфт. Сироҷиддин чун донист, ки барои нонгирӣ вай аз хоҷагии ҳамсоя омадааст, дилаш боз озурдатар шуд. Ашки чашмони марди покизаниҳод ғайриихтиёр рўи гунаҳои офтобхўрдааш чакид. Буханкаи нони худашро, ки дар мошинаш меистод, ба ҷабрдида дод ва ба ронанда фармуд, ки ўро то ҳавлиаш бурда монад…

Имрўз чун мебинад, ки буридаи ноне зери по асту бархе нонро ба сахту мулоим ҷудо мекунанд, он давраҳо ба ёдаш меоянд. Ҳамин лаҳзаи ҳузнангез дар хотири ў нақши абадӣ гузоштааст ва ҳоло шукри даврони истиқлол менамояд, ки чунин лаҳзаҳои ғамбор паси сар монданд...

Анҷомсухан

Саҳифаҳои рўзгори ин марди хирадманд хеле рангину ибратомўзанд. Сироҷиддин Ҳасанов аз кўдакӣ хусусияти хосе дошт. Ҳар саҳар бо дуои модар ҷониби дабиристон мерафт, бо дуои модараш аз зодгоҳаш бурун шуда, барои таҳсил ба омўзишгоҳу мактаби олӣ роҳ паймуд ва бо дуои модар ва насиҳату васияти ҳамешагии қиблагоҳиаш ба Дилварзину Кўҳистони Мастчоҳ роҳ пеш гирифт, ба арсаи меҳнат, барои хизмати халқ камар баст. Вай имрўз чунин андеша мекунад, ки дуои падару модарро гирифту Офаридгор омади корашро дод, дар аксар корҳо муваффақ ҳам шуд, соҳиби қатор-қатор мукофотҳои давлатӣ гашт.

Синну соли Сироҷиддин Ҳасанов имрўз аз 74 гузаштааст. Вай давлати пирӣ меронад. Яздони покро садҳо маротиба шукр мекунад, ки хешу пайвандону фарзандонаш Амруддин, Ҳуснуддин, Зайнуддин, Муқаддас ва Зўҳро, набераву абераҳо, додарзодааш Фазлиддин Ҳасанов аз пайи ўянд.

Имрўз ҳам ҳамон дасти сўи Парвардигор кушодаи модари шодравонашро гўиё мебинад ва эҳсос менамояд, ки ҳама соҳибшудааш ба шарофати дуои модар аст. Ва шукргузор аз истиқлолият, аз замонаи пуру пемон, аз оромиву ваҳдат, аз пешрафти зиндагии мардуми диёраш мекунад…

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Шоира САЛИМОВА,
хабарнигорони махсуси «Ҳақиқати Суғд» Хуҷанд – Бўстон - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh