Назаре ба таърихи суди Истаравшан

Имрўзҳо мо-мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бепоён 20-солагии ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Сарқонуни мамлакатамонро бо руҳияи баландӣ ватандорию ифтихор аз баракати Истиқлолият пешвоз мегирем. Конститутсияи замони истиқлолият орзуву ниятҳои чандинасраи моро дар роҳи худшиносию худогоҳии миллӣ таҷассум намуда, меъёрҳои он ифодакунандаи арзишҳои олии эътирофшудаи умумибашарианд.

 

Сарқонун сарчашмаи доимоамали ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, эътирофи арзишҳои олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ ва салоҳиятҳои онҳо мушаххасу равшан муайян карда шудаанд.

Конститутсия муқаррар намудааст, ки риоя ва таъмину кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсади асосии давлат ва Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳифзи онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ амалӣ мешавад.

Дар моддаи 84-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Мақомоти судӣ ин вазифаҳои муҳиму мураккаб, масъулиятнок ва пуршарафро, ки Сарқонуни кишвар муқаррар намудааст, бо роҳи баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ амалӣ менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ фақат ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ мансуб мебошад. Чуноне ки Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

«Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем.» Аз ин лиҳоз, омўзиши таърихи сохтори судии то замони Истиқлолияти кишвар ва муқоисаи он бо ҳокимияти судии имрўза барои ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон, алалхусус судяҳо зарур мебошад. Дар замони салтанати асосгузори давлати бузурги Сомониён Исмоил Ибн Аҳмад, Истаравшан ба ҳайати давлати Сомониён шомил шуда буд.

Академик Бобоҷон Fафуров дар китоби безаволи худ «Тоҷикон» навиштааст, ки «дар сохти давлатӣ ва ташкили дастгоҳи идораи давлати Сомониён баробари дигар девонҳо девони мулкҳои давлатӣ, девони қозӣ мавҷуд буд». Пас аз таъсисёбии нахустин давлати мустақили тоҷикон - Сомониён то инқилоби Октябри соли 1917 ва ҳатто то солҳои 1920 дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Истаравшан сохтори судии қозиёт амал мекард. Шаҳрҳои асосан тоҷикнишин Хуҷанд 24 майи соли 1866 ва Истаравшан (собиқ Ўротеппа) 2 октябри соли 1866 ба ҳайати Россияи буржуазӣ ҳамроҳ карда шуданд.

Ҳукумати подшоҳии Россия ҷиҳати мустаҳкамшавии мавқеи худ дар Осиёи Миёна мақсад гузошт, ки Осиёи Миёна, аз ҷумла Истаравшанро ба манбаи ашёи хом ва бозори фурўши амволи саноатӣ табдил диҳад, зеро ин шаҳр дар Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор дошт. Чун муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ пайдо шуданд, шаҳрвандони Россияи подшоҳӣ барои кору истиқомат ба Истаравшан омадаанд.

Дар бойгонии шаҳри Истаравшан ду парвандаи граждании аз тарафи Суди оштидиҳанда (Мировая судя) баррасӣ шуда, яке соли 1917 ва дигаре соли 1918 маҳфузанд. Барои мисол, Суди оштидиҳандаи қитъаи 3-юми шаҳри Ўротеппа аз 19 сентябр то 22 ноябри соли 1917 парвандаи гражданиро дар бораи ба қайд гирифтани мероси корманди тиббии вафоткарда Осетсимская баррасӣ кардааст.

Аз омўзиши маводҳои мавҷуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Суди оштидиҳанда ҳамчун суди гражданӣ то инқилоби Октябр, ҳанўз дар замони Россияи подшоҳӣ низ дар Истаравшан фаъолият дошта, муносибатҳои ҳуқуқи граждании халқҳои рус ва русзабони муқими Истаравшанро баррасӣ мекардааст. Баъди Инқилоби Октябр низ Суди оштидиҳанда муддате фаъолият доштааст.

Таърихнигор Нозим Ҳакимов низ дар китоби худ навиштааст, ки «моҳи декабри соли 1917 Суди оштидиҳандаи шаҳри Истаравшан ҳам барҳам ва ба ҷои он суди халқӣ таъсис ёфта, машваратчиёни судӣ интихоб шуданд. Вале аксарияти судҳои кўҳна боқӣ монда буданд». Фаъолияти суди халқӣ дар Истаравшан асосан аз соли 1919 оғоз шудааст.

Аввалин ҳукми суди халқи Ўротеппа аз 28 авгус-ти соли 1919 буда, он аз номи Республикаи Советии Сотсиалистии Федеративии Россия дар ҳайати судяи халқӣ Владимиров ва машваратчиёни халқӣ Теодорчик ва Ножкин нисбати айбдории духтур Рене Ланси де Ре мебошад, ки ў барои таҳқири шифоҳии мудири дорухонаи шаҳри Ўротеппа Залкина гунаҳкор дониста, нисбати ў ҷазо дар намуди ҳабс ба мўҳлати 2 ҳафта, вале берун аз вақти корӣ, бе ҷалб кардани ў ба корҳои маҷбурӣ таъин шудааст.

Қобили қайд аст, ки ҷиҳати иҷроиши ҳамин ҳукми судӣ халқии Ўротеппа санаи 25 октябри соли 1919 санади алоҳидаи судӣ дар ҳайати судяи халқӣ Владимиров ва машваратчиёни халқӣ Бобо Содиқов ва Ножкин қабул ва таҳия шудааст. Ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки соли 1919 дар Истаравшан дар баробари судяҳои халқӣ машваратчиёни халқӣ низ интихоб шудаанд.

Агар яке аз аввалин машваратчиёни халқии суди уезди Ўротеппа тоҷикписари 26-сола Бобо Содиқов интихоб шуда бошад, пас фарзанди халқи тоҷик Мирзо Толибовро аввалин судяи халқии суди Ўротеппа эътироф намоем, иштибоҳ нахоҳем кард.

Зеро то имрўз мавҷуд будани ҳукми суди халқии уезди Ўротеппа аз санаи 20 майи соли 1922 дар ҳайати раисикунанда, судяи халқӣ Мирзо Толибов ва машваратчиёни халқӣ Бобохонов ва Шарифов нисбат ба судшавандагон - мудири шўъбаи тандурустии шаҳр Маюров, мудири беморхона Ковалевский ва мудири хоҷагии беморхона Гаврилов дар ҷинояти мансабӣ (исрофкорӣ ё азонихудкунӣ - ҳамин тавр дар қарор навишта шудааст) исботи гуфтаҳои болоянд.

Бо ҳукми зикршуда Маюров, Ковалевский ва Гаврилов дар ҷинояти мансабӣ гунаҳкор до-ниста, ба Маюров ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мўҳлати 1 сол, ба Ковалевский 6 моҳ ва ба Гаврилов 3 моҳ таъин ва ҷазоҳои таъиншуда шартан ҳисобида шудааст.

Ҳамчунин дар ҳукм қайд карда шудааст, ки нисбати он ба суди халқии вилояти Самарқанд дар мўҳлати 2 ҳафта шикоят овардан мумкин аст. То соли 1924 шаҳри Ўротеппа ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил мешуд. Ҳарчанд дар қарори зикршуда ягон меъёри моддӣ ё мурофиавӣ дастрас нашудааст, шахс аз омўзиши парвандаи ҷиноятӣ ба хулоса меояд, ки адолати судӣ ва иҷтимоӣ аз тарафи суди халқӣ таъмин шудааст.

Шоистаи таҳсин аст, ки ҳайати суд аксарият тоҷикон буда, ҳукмро бо забони русӣ таҳия ва бо ҳамин принсипҳои қонунгузории забони мурофиаи суди ҷиноятӣ, баробарӣ дар назди қонун ва суд, мустақилияти судяҳо, адолат ва ҳуқуқи шикоят намудан аз қарорҳоро риоя намудаанд. Дар мурофиа прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ иштирок на-доштааст ва масъалаи эътироз ишора нашудааст. Аз омўзиши дигар парвандаҳои ҷиноятию граждании дар бойгонӣ мавҷудбуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки судяҳои халқӣ адолати судиро амалӣ намудаанд.

Интишори ҳукмҳои сафед низ истисно набудааст. Масалан, Мулло Раҷабов, ки дар куштори Рисолат Почокалонова аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ айбдор дониста шудааст, бо ҳукми суди халқии Ўротеппа оид ба корҳои махсусан вазнин аз 20 декабри соли 1919 бинобар нисбаташ мавҷуд набудани далели бевосита сафед карда шудааст.

Ё ин ки Қўшоқ Раҷабов, ки аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ўротеппа бо моддаи 3 Фармони Президиуми Шўрои Олии СССР аз 4 июли соли 1947 «Дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ» айбдор донистанд, бо ҳукми суди халқии қитъаи 2 шаҳри Ўротеппа таҳти раисикунанда Эгамбердиев аз 19 марти соли 1951 бинобар исбот нашудани гуноҳаш сафед ва аз ҳабс озод карда шудааст.

Омўзиши санадҳои судии солҳои 20 то 50 асри гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он солҳо дар Истаравшан 2 қитъаи суди халқӣ фаъолият доштааст. Ин судҳои халқӣ дар баъзе санадҳои бойгонӣ бо номи суди халқии қитъаи Хоҷа Фахриддини Ўротеппа ва суди халқии қитъаи Охунон низ сабт шудаанд.

Дар ҳарду қитъаҳои Суди халқии Ўротеппа ба ғайр аз Мирзо Толибов, солҳои 1925-1952 судяҳои халқӣ Азимов, Зокиров, Раҷабов, Маҳмудов, Исоев, Ҷўраев, Эгамбердиев, Носирова ва Додоев кору фаъолият дошта, таҳти раисии онҳо парвандаҳои ҷиноятию гражданӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Мутаассифона, дар санадҳои судӣ танҳо насаби (фамилияи) онҳо сабт шудаасту халос.

Қобили қайд аст, ки Ҷамол Иноятов аз соли 1955 то соли 1980 дар вазифаҳои судяи халқӣ ва раиси суди Ўротеппа фаъолият бурда, ба унвони фахрии Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Тоҷикистон сазовор шудааст. Санадҳои судӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва бо ҳуруфотҳои арабӣ, лотинӣ ва кирилӣ навишта шудаанд. То солҳои 1940 дар хусуси мавҷудияти адабиётҳои ҳуқуқӣ, қонунҳои соҳавӣ ё кодексҳои мурофиавӣ сухан намеравад. Омўзиши бархе аз парвандаҳо нишон медиҳад, ки шароити кори судяҳои халқӣ ва кормандони онҳо дар дараҷаи хеле ташвишовар қарор дошт. Оддитарин ашёи кор коғаз, хеле нокифоя буда, судяҳои халқӣ ва котибони маҷлиси судӣ дар баъзе ҳолатҳо аз саҳифаҳои холии коғази чойи хушк ё рўзномаҳо истифода мекардаанд. Санадҳои судӣ ва протоколҳои маҷлисҳои судӣ асосан дастӣ навишта, аз мавҷудияти воситаҳои чопӣ, телефон, нақлиёти хизматӣ ё барқ маълумоте мавҷуд нест.

Дар Истаравшан то солҳои 1960 умуман бинои алоҳидаи суди халқӣ мавҷуд набуда, судяҳо ва кормандони суд дар ҳуҷраҳои алоҳидаи дигар ташкилоту корхонаҳо фаъолият мебурдаанд. Новобаста дар сатҳи нокифоя қарор доштани шароити корӣ, судяҳо ва кормандони суд кўшиш ба харҷ додаанд, ки адолати судиро таъмин намоянд ва парвандаҳои ҷиноятию гражданиро сари вақт баррасӣ кунанд.

Агар шароити кори судҳои то солҳои 60-уми асри ХХ-ро бо шароитҳои кори мақомоти судии даврони Истиқлолият муқоиса намоем, чи аз ҷиҳати таъминот бо адабиётҳои ҳуқуқии соҳавӣ ва чи аз тарафи шароитҳои корӣ тафовути куллиро мушоҳида менамоем. Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикис-тон, ваҳдати миллӣ ва дастгирию ғамхориҳои доимии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои роҳбарияти Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз судяҳо бо адабиётҳои ҳуқуқии соҳавӣ, кодексҳо, кодексҳои мурофиавӣ, тафсирҳои кодексҳо пурра таъмин карда шудаанд.

Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Пленумҳои Суди Олӣ бо корҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ сари вақт қабул карда шуда, ба ҳамаи судҳо дастрас карда мешавад.

Суди шаҳри Истаравшан рисолати конститутсионии худро бобати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини адолати судиро бо масъулият дарк намуда, фаъолияташро пеш мебарад.

Усмоналӣ ҶУМЪАЗОДА,
раиси Суди шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh